Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Таэквандочиёни тоҷик ба ИМА мераванд. Ба Денвер

4 январ 2013, 06:38

Варзишгарони Тоҷикистон дар риштаи таэквондо (WTF) маҳорати худро дар Амрико сайқал медиҳанд.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин бора ба Озодагон иттилоъ дода афзуд: «10-уми январ ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон - Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, ҳамчунин Хисрав Ғиёсов, ки дар Бозиҳои Осиёӣ-2010 мақоми панҷумро касб карда буд барои омодагӣ ба мусобиқаҳои оянда ба ИМА сафар хоҳанд кард»

Тамриноти таълимии таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Денвери иёлати  Колорадо таҳти раҳбарии мураббии таэквандо- Комил Латифов баргузор мешавад. Маврид ба тазаккур аст, ки Латифови тоҷикистонӣ аз соли 2005-ум дар ИМА ба сар мебарад ва чандин маротиба ғолиби мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо (WTF)  гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!