Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:52

13 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аъзои ҲХДТ шуданд

7 январ 2013, 04:34

Аъзо шудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.

Малоҳат Назирова, сармутахассиси шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ишора ба гуфтаҳои Усмон Солеҳ, мудири Шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ намуда, ба Озодагон иттилоъ дод, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ воқеан ҳам ба як мавзӯи муҳим табдил ёфтааст ва бо мақсади ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо ҲХДТ барномаи алоҳидае дорад.

Гуфта мешавад, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад ва қаблан зиёда аз даҳ гурӯҳи кории ташкилотҳои ҲХДТ ба шаҳрҳои мухталифи Русия рафта, бо муҳоҷирон вохӯрию мулоқотҳо гузаронда, мушкилоту проблемаҳои онҳоро омӯхтанд ва баъди бозгашт ба раиси ҳизб, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гузориш манзур кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар соли 2013 ҲХДТ ба нақша гирифтааст, ки гурӯҳҳои бештари кориро ба назди муҳоҷирон равона карда, дар ин самт робитаҳоро боз ҳам тақвият бахшанд.

Масъулини ҲХДТ иброз медоранд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо проблемаи Тоҷикистон нест, балки ҳар кишваре ба ин соҳа сарукордошта мушкилоте дорад.

Ба қавли мудири Шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демокартии Тоҷикистон айни замон аъзои ҲХДТ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ба беш аз 13 ҳазор нафар расидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин беномусхо....чаро...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!