Бахшҳо

Сафоратҳои Иттиҳоди Аврупо аз хабарнигори боздоштшуда ҳимоят мекунанд

Сафоратҳои Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе аз боздошти хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.Дар изҳороти ахиран пахшнамудаи ин мақомоти дипломатӣ аз ҷумла омадааст: «Ҷиҳати гузоришҳои оиди 13 июни соли ҷорӣ дастгир шудани хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ва муносибати дурушти маъмурони кафолати амният дар шаҳри Хуҷанд нигаронем.Чӣ тавре хабардор шудем, баъдан ӯро ба узвият дар гурӯҳи Ҳизб-ут-Таҳрир айбдор мекунанд. Муроҷиат ба Ҳукумати Тоҷикистон дорем, то аз рӯи даъвои муносибати дурушт бо ҷаноби Усмонов ба пуррагӣ тафтиш намоянд. Мо инчунин  ҷиҳати риоя нашудани тартиби дурусти судӣ аз вақти боздошт шудани ҷаноби Усмонов нигаронӣ изҳор дорем» Тайи ин нома, ки ба хабаргузории «Озодагон» низ расидааст, ҳамчунин омада: «Иттиҳоди Аврупо давоман таъкиди муҳимияти озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистонро мекунад; бо эътирофи ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистон дар таъминоти пойдорӣ ва амнияти кишвар, боз ҳам дархост ва муроҷиат ба мақомоти ваколатдори Тоҷикистон оиди риояи меъёрҳои шаффофи байналмилалии раванди судӣ дорем». Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Аз соли 1992 инҷониб ин Иттиҳод ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 млн. евро кӯмак фароҳам намуд. Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Бӣ- Бӣ-Сӣ» (BBC) дар вилояти Суғд  Усмонов  Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф  аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.Тафтишоти қазияи мазкур аз сӯи мақомоти интизомӣ феълан идома дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)