Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:39

Додситонии кулл марги Ҳамза Икромзодаро таҳқиқ мекунад

9 январ 2013, 08:15

Вобаста ба ҳодисаи марги маҳбус-Ҳамза Икромзода аз ҷониби прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати се нафар ҳамчун гумонбар  бо 2 модда парвандаӣ ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли кишвар, имрӯз, 9-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ду моддаи номбаршуда, ки нисбати гумонбарон кушода шудааст, якеаш баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва дуюм ин хунукназарӣ нисбати шаҳрвандон мебошанд.

Номбурда илова кард, ки  феълан санҷишу таҳқиқ идома дорад ва шахси гунаҳгор дар марги Ҳамза Икромзода ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ёдрас менамоем, Ҳамза Икромзода, сокини 27- солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор рӯзи 20-уми сентябри соли гузашта дар маҳбаси №1-и пойтахт ба ҳалокат расид.
Пайвандони ӯ борҳо бо изҳори нигаронӣ гуфтаанд, ки дар бадани Ҳамза Икромзода из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон  мушоҳида мешавад.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!