Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 19:05

Чор медали тиллои наврасони тоҷик аз Ӯзбакистон

9 январ 2013, 09:22

Аз 4-ум то 6-уми январи соли равон дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини намуди ҷудо (дзюдо) миёни паҳлавонони синни 16-17 сола барпо гардид.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои ҳамсоя ширкат варзиданд. Тоҷикистонро бошад бо пешбарии Федератсияи ҷудои кишвар, паҳлавонони наврас дар қатори зиёда аз 100 иштирокчӣ, муаррифӣ намуданд. Баъди қувваозмоиҳои 2 рӯза намояндагони Тоҷикистон- Эраҷ Абдуллоев дар вазни 55 кило, Умед Абдураҳмонов дар вазни 60 кило, Расул Саидов дар вазни 73 кило, Суҳроб Давлатзода дар вазни +90 кило барандагони медалҳои тилло гардиданд.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки инчунин Юсуф Каримов дар вазни 73 кило зинаи дуюм ва Сироншо Меҳрубоншоев дар вазни 60 кило бо ҳамроҳии Суруш Каримов дар вазни 73 кило мақоми саввумро ишғол намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!