Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Тоҷикистон дар масҷидсозӣ дар ҷои аввал аст. Дар Осиёи марказӣ

9 январ 2013, 10:22

Расонаҳои хабарӣ бо такия ба омори расмӣ гузориш медиҳанд, ки шумораи масҷидҳо дар Қазоқистон ба 2228, Ӯзбакистон 2050, Қирғизистон 2200 ва дар Туркманистон ба 400 адад расидаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи оид ба корҳои динии назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, миёни кишварҳои номбаршуда шумораи масҷидҳо аз ҳама зиёд дар Тоҷикистон ба назар мерасад.

Ба қавли Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи мазкур дар Тоҷикистон шумораи масҷидҳо ба 3 ҳазору 938 расидааст.

Номбурда зимни як нишаст, ки аз фаъолияти 6 моҳаи худ иттилоъ медод, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 104 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуда, маводи таъсисии 87 адади дигар мавриди омўзиш қарор дорад: “Аз онҳо 11 тояш масҷиди ҷомеъа, 89 ададаш масҷиди панҷвақта ва 1 Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи исмоилия мебошанд”.

Гуфта мешавад, айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 1 Маркази исломӣ, 44 масҷиди ҷомеи марказӣ, 357 масҷиди ҷомеъ, 3453 масҷиди панҷвақта, 3 ҷамоатхона (2 исмоилия, 1 ғайриисломи), 6 мадрасаи мутавассита ва 74 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ дар маҷмўъ 3938 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва онҳо фаъолият карда истодаанд.

Раиси Кумитаи оид ба корҳои динӣ таъкид кард, ки бо мақсади осон кардани кори намозгузорон дар рўзҳои ҷумъа ба 28 масҷиди панҷвақта дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозати хондани намози ҷумъа дода шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • намозхон

  • 30 ноябр 2013 08:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин раисони кумитахои дин хар чо ки як одама намозхониша бинан - даррав масчидуш менависан.......ино агар хато карда рост бган мумкин......

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!