Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Палатаи савдо ва саноат ба муҳоҷирони тоҷик кӯмак мерасонад

11 январ 2013, 07:38

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои муаррифии Тоҷикистон ба 200 давлати дунё ва 700 минтақаҳои гуногуни ҷаҳон муроҷиатнома ирсол намудааст.

Шариф Саид, раиси ин палата дар шарҳи ин хабар зимни як нишаст таъкид кард, ки дар муроҷиати худ ба дигар кишварҳо хоҳиш мекунад, ки иттилоъ дар бораи фазои сармоягузорӣ, маълумот  дар мавриди бойгариҳои табиии Тоҷикистонро дар сомонаҳои интернетии худ ҷой диҳанд.

Ба қавли номбурда чунин муроҷиат ба кишварҳои хориҷа ба он хотир аст, ки хориҷиён дар бораи Тоҷикистон бештар иттиллоъ пайдо намоянд.

Раиси Палатаи савдо ва саноат ишора намуд, ки дар муроҷиати худ ба дигар кишварҳо масъалаи ба ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро низ ёдрас менамояд: «Акнун палата бевосита муҳоҷирони меҳнатиро ба кор таъмин карда наметавонад, вале тариқи ширкатҳое, ки аъзои ин палата ҳастанд дастгирӣ, кӯмак ва масъалаи ба кор таъмин намудани муҳоҷирон имкон дорад. Онҳо низ ҳамватан, хешутабори мо ҳастанд ва бояд кӯмаку дастгирӣ намоем».

Бояд зикр намуд беш аз 500 ташкилоту корхонаҳои гуногун аъзои Палатаи савдо ва саноат буда, ҳоло раиси ин палата мехоҳад тариқи аъзоёни палатаи мазкур ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ расидагӣ намояд.  








Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!