Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:35

А.К.Бабар бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад

11 январ 2013, 08:37

Муовини вазири хориҷаи Покистон ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шудааст.

Дар ин бора ба Озодагон аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд.Гуфта мешавад, ҷаноби Бабар имрӯз бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон мулоқот карда, сӯҳбати гуфтугӯи ӯ бо масъулини дигари ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст: «Интизор меравад, дар ҷараёни дидори 3 рӯзаи худ аз Тоҷикистон оқои Бабар  бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дидор дошта бошад».

Маврид ба ёдоварист, имрӯз, Зубайдулло Зубайдов, сафири қаблии Тоҷикистон дар Покистон, ки ваколати ӯ дар ҳафтаи гузашта дар ин кишвар анҷом ёфт, бо вазири хориҷаи Покистон дидори худоҳофизӣ дошт.Зубайдов, ки тайи чаҳор соли ахир роҳбарии сафорати Тоҷикистон дар Покистонро бар ӯҳда дошт, сафири Тоҷикистон дар Кувайт таъйин шуд. Бо фармони президенти кишвар, алъон Шералӣ Ҷононов сафири Тоҷикистон дар Покистон таъин гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!