Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:24

Кумитаи эътилоф лоиҳаи «интихоби президент»-ро муҳокима менамояд

11 январ 2013, 11:41

Фардо, 12-уми январ нишасти Кумитаи эътилофи интихоботи президенти Тоҷикистон доир мешавад.

Тибқи иттилоъи мубтакирони ин барнома, нишасти мазкур дар меҳмонхонаи “Гранд ҳотел”, воқеъ дар кӯчаи Бухорои пойтахт доир мешавад. Иштирок дар он озод буда, барои ширкат дар ҳамойиш беш аз 130 нафар, аз ҷумла, роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими кишвар, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи хабарнигорон даъват шудаанд.

Ин кумита моҳи сентябри соли 2012 аз ҳисоби аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтааст. Ба он ҳизбҳои сиёсии ба назар фаъоли мухолифи ҳукумат, монанди Ҳизби сотсиал-демократӣ, наҳзати исломӣ, демократӣ ва ҳатто ҳизби сабтиномнашудаи “Ваҳдат” шомил шудаанд.

-Мавзӯъе, ки дар нишаст баррасӣ мешавад, тарҳи лоиҳаи пешниҳоди Кумитаи эътилофи интихоботи президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон мебошад,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АЛБАТА ИМРУЗ БИСЁРЕ АЗ ШАХРВАНДОНИ ТОЧИК МУКОБИЛИ ЧАНОБИ ОЛЙ СУХАН МЕГУЯНД. МАГАР ИН ШАРМ НЕСТ ХОЙ МАРДУМ АЗ ХОБ БАРХЕЗЕД ДИРУЗ ДАР КАДОМ ХОЛАТ БУДЕМУ ИМРУЗ ДАР КАДОМ ХАСТЕМ. МАН ШАХСАН КУДАКИ ЯТИМ ХАСТАМ ВА ХОНАИ КУДАКОНИ ШАХРИ ТУРСУНЗОДА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ГИРИФТААМ. ОЁ КУДАК МЕТАВОНАД ПАДАРИ ХУДРО ИВАЗ КУНАД, АЛБАТА НАМЕТАВОНАД. МАН БА ПАДАРИ АЗИЗАМОН МУХТАРАМ ЭМОМАЛИ РАХМОН МЕХОХАМ МИЛЛИОНХО МАРОТИБА ОВОЗИ ХУДРО ДИХАМ. МУХТАРАМ ЧАНОБИ ОЛИ МО БО ШУМО ХАСТЕМ. ЧАВОНОН БО ШУМО ХАСТАНД, ВА ФАРДОИ ИН МИЛЛАТУ ДАВЛАТ БО МО МЕБОШАД. ТАШАККУРИ ЗИЁД ПАДАРЯОН.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!