Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:49

Боздошти ду ҷавон бо долларҳои қалбакӣ

14 январ 2013, 06:35

Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон  зимни амалиёташон дар назди бозори «Сомон»-и ин минтақа  ду ҷавонро бо иттиҳоми табдили долларҳои қалбакӣ боздошт кардаанд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, боздоштшудгон  Хуршед Ҷураеви 35 сола,  сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Тавакалҷон Файзиеви 33 сола, сокини ноҳияи Истаравшан мебошанд.

Гуфта мешавад, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш АК 59-70 02 РТ, ки ба шаҳрванд Тавакалҷон Файзиев тааллуқ дорад, аз байни курсии пеш ба миқдори 80 адад купюраҳои 100 доллараи амрикоӣ, ки бе риояи талаботи технологӣ тайёр карда шуда буд, дарёфт ва мусодира гардид.

Манбаъ мегӯяд, феълан  аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 281 қисми 2 банди «а» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!