Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 12:15

Мансабдорони Тоҷикистонро ҷарима карданд

15 январ 2013, 05:43

Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи саноат 52 нафар шахсони мансабдори  корхонаҳои мухталифи Тоҷикистон ба ҷавобагарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Алиям Исроил, муовини Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 15-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки чунин шахсони мансабдор бо камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд ва мутобиқ ба  кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд.

Номбуода гуфт, маблағи умумии ҷарима 25 ҳазору 545 сомониро ташкил медиҳад: “ Аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва дастури вазифавӣ, аз ҷумла устои калони   ҶСШК «Роғунэсстрой» Шоҳбадал Сафаров бо маблағи 1 ҳазору 400 сомонӣ,  Мунаваров, як масъули ҶСК «Тоҷикнақбсоз» бо маблағи 1 ҳазору 435 сомонӣ ҷарима шудаанд”.  

Алиям Исроил таъкид намуд, ки бо сабаби иҷро накардани дастурамалҳои вазифавӣ, суст кардани назорат ҳангоми иҷроиши корҳои техникӣ бошад сардори қитъаи №1-и ҶСК «Тоҷикнақбсоз»  Сулаймон Ҳакимов 350 сомонӣ, сардори қитъаи   ҶДММ «Самт-2»  600 сомонӣ, барои дағалона  вайрон кардани меъёр ва дастурамалҳо, сармуҳандиси ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Самадов» Неъматов М. 1400 сомонӣ, сардори ТБ ҶСК  «ГОК Адрасмон»  Тоҷиев К. 800 сомонӣ ва дигарон ҷарима карда шуданд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!