Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:05

ММТ: Минбаъд бо роҳи пӯшида низ ҷарроҳӣ мекунем

16 январ 2013, 04:25

Дар Маркази миллии тиббӣ (ММТ) шӯъбаи нави эндоурологӣ ба кор шурӯъ кард

Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аз ин ба баъд дар шӯъбаи мазкур гирифторони бемориҳои аденомаи ғадуди простата, сангҳои найчадон, омосҳои роҳҳои пешобгузар ва дигар бемориҳои сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб дар кӯтоҳтарин муддат ҷарроҳӣ карда хоҳанд шуд.

Дар ин шӯъба бо таҷҳизати наву замонавии  Олмон бо роҳи пӯшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик  роҳандозӣ мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, агар то имрӯз гирифторони чунин бемориҳо бо роҳи кушода ҷарроҳӣ карда шуда, то 15 рӯз бистарӣ мешуданд, минбаъд бо роҳи пӯшида, яъне эндовидеоҷарроҳӣ дар муддати кӯтоҳ, 2-3 рӯз бистарӣ гардида, табобат меёбанд: “ Барои дастрасии таҷҳизоти пешқадами муосир  ва таъмири ҳуҷраи ҷарроҳӣ маблағи беш аз 720 ҳазор сомонӣ сарф шудааст”.

Лозим ба ёдоврст, дар шӯъбаи қабули Маркази миллии тиббӣ толори ҷарроҳӣ низ ба кор шурӯъ кардааст, ки ин толор бо масрафи 165 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!