Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Президенти Афғонистон бо Обама ба тавофуқ нарасиданд

15 январ 2013, 09:58

Ҳомид Карзай аз эҳтимоли дода шудани дахолатнопазирии дипломатӣ ба нерӯҳои амрикоии мустақар дар кишвараш хабар дод.

Бино ба гузориши расонаи хабарии «ал-Арабия», раисҷумҷури Афғонистон рӯзи 14-январ, пас аз бозгашти худ аз Вашингтон ба Кобул гуфтааст: «Баррасии пешниҳоди додани ҳаққи масуният ба нерӯҳои амрикоӣ пас аз соли 2014 мумкин аст, 8 ё 9 моҳ идома ёбад ва бояд гуфт, дар ин бора худи Луйи ҷирга тасмим хоҳад гирифт».

Ин дар ҳолест, ки Борак Обама, раисҷумҷури Амрико чанде қабл иброз намуда буд, ки агар ба шаҳрвандони кишвараш дахолатнопазирии дипломатӣ  дар Афғонистон дода нашавад, ҳеч нерӯе дар ин кишвар боқӣ нахоҳад монд. Аз сӯйи дигар ҷаноби Карзай мегӯяд, амрикоиҳо дар сурате масуниятро ба даст хоҳанд овард, ки ба ҳокимияти Афғонистон эҳтиром гузошта, тамоми боздоштшудагони афғонро ба кишварашон интиқол бидиҳанд.

Ёдрас менамоем, ки тайи чанд моҳи ахир, мақомоти афғон бо ҳамтоёни амрикоии худ масъалаи буду боши нерӯҳои ИМА пас аз соли 2014 дар ин кишварро баррасӣ менамоянд Вале ба гуфтаи оқои Карзай ӯ то ҳол бо Борака Обама дар ин бора ба тавофуқе нарасидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!