Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Зарифӣ: Назаррас набудани фаъолияти мақомот маънии бад будани муносибатҳоро надорад

18 январ 2013, 08:33

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сатҳи муносибатҳоро бо давлати Афғонистон мусбат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки бо кушодашавии роҳҳои нав ба ин кишвар, муносибатҳои иқтисодии ҷонибҳо хубтар хоҳанд шуд.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ имрӯз, 18-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи президентӣ дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар, ки ҳарду соли 2014 ба амал меоянд, тағйиротҳе ин кишварро интизор аст.

Аммо номбурда иброз дошт, ки имрӯз касе сад дар сад гуфта наметавонад, ки тағйиртҳо дар Афғонистон дар чи шакл ба миён меоянд.

Ба қавли Ҳамрохон Зарифӣ дар соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ ва араб низ хуб буданд.

Вазири корҳои хориҷӣ мегӯяд, беҳтар намудани муносибатҳои Тоҷикистон Ӯзбакистон яке аз масъалаҳои муҳим буда, назаррас набудани натиҷаи фаъолияти мақомоти сиёсии Тоҷикистон маънии онро надорад, ки муносибатҳои мардуми ин ду кишвар бад аст.

Зарифӣ дар ҷараёни ин нишасти матбуотӣ илова намуд, ки ҳар гуна таҳримҳо алайҳи давлати Эрон ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон бетаъсир намемонад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Ҳамрохон Зарифӣ қайд намуд, ки таҳримҳо аллайҳи Эрон дар муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла интиқоли маблағ таъсири манфӣ гузоштааст.







Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!