Саҳми ширкати «Тоҷик эйр» дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистон поин рафтааст.
Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати мазкур имрӯз, 21-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки соли гузашта ҳиссаи «Тоҷик Эйр» дар бозори мусофиркашонии ҳавопаймоӣ 20,6%-ро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбати соли 2011 ҳудуди 7,7% кам шудааст.
Ба қавли номбурда, аз хизматрасониҳои ин ширкат соли сипаришуда беш аз 400 ҳазор нафар истифода бурданд, ки ин рақам дар муқоиса ба як сол қабл кам аст.
Ҳамзамон, Фирӯз Ҳамроев мегӯяд, 90% мусофироне, ки аз хизматрасониҳои «Тоҷик Эйр» истифода мебаранд, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.
Бино ба иттилои масъулини ин ширкат, «Тоҷик Эйр» давоми соли гузашта 2 ҳазору 549 парвоз анҷом додаст, ки дар қиёс ба соли 2011 6,1% камтар аст.
Мӯҳр