Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

ИЖТ озмун барои дарёфти ҷоизаҳои Лоҳутӣ ва Асрориро эълом мекунад

21 январ 2013, 09:16

Дар ин бора ба Озодагон аз котиботи иттифоқи журналистон иттилоъ доданд.

Бино ба қавли манбаъ, Комиссияи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба хотири рушду такомул ва пешрафти соҳаи журналистикаи тоҷик озмуни навбатии матлабҳои журналистиро барои дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2012 эълон менамояд: «Довталабон дар чор номинатсия- дар бахши матбуот, дар бахши телевизион, дар бахши радио ва дар бахши тадқиқоти илмию таълимии журналистӣ сабқат мекунанд. Барои ҳар як номинатсия як ҷоиза муқаррар шудааст. Дар озмун танҳо рӯзноманигорони узви ИЖТ иштирок карда метавонанд. Матолиби журналистӣ бо қарори созмонҳои аввалияи журналистон ва ё раёсати идораҳои эҷодӣ бояд дар ҳаҷми 7(ҳафт) нусха то 1 марти соли 2013 ба Комиссияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оид ба Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ пешбарӣ гарданд».   

Гуфта мешавад, ғолибони озмун дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик- 11-уми март эълон ва қадрдонӣ мегарданд.  

Ҳамзамон, ИЖТ дар ҳамкорӣ бо факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи махсуси ИЖТ ба номи профессор Воҳид Асрорӣ барои маводҳои беҳтарини журналистии донишҷӯёни шӯъба ва факултетҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ озмун эълон менамояд. Асарҳои ба Ҷоиза пешбаришаванда бояд дар қолаби жанрҳои журналистӣ эҷод гардида, инъикоси мавзӯъҳои актуалӣ, таҳлилу тадқиқи проблемаҳои муҳими рӯз, тасвири ҷолиби симои қаҳрамонони муосирро дарбар гирифта бошанд. Ба озмун асарҳои аз 1 марти с.2012 то 20 феврали с.2013 дар матбуот, радио ва телевизион нашру пахшгардида қабул карда мешаванд.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!