Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:05

Ҳушдори Бағдод ба Анқара: ҳақи дахолат дар умури Ироқро надоред

23 январ 2013, 06:03

Мушовири иттилоърасонии нахуствазири Ироқ бо ишора ба ин ки ҳеч чиз наметавонад далели мудохилаи як кишвар дар умури кишвари дигаре бошад, таъкид кард: сиёсатҳои кунунии давлати Туркия омили аслии нооромии минтақа аст.

Алӣ Алмусавӣ изҳор дошт, ки сиёстҳои нодурусти давлати Урдуғон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар,  омили аслии нооромӣ дар минтақа аст. Вай афзуд: Урдуғон бо чароғи сабзии бархе кишварҳои бузург,  дахолатҳои беҷо ва бедалел, худро дар умури кишварҳои минтақа ва ба вижа Ироқ ва Сурия, моҳҳо аст  оғоз карда ва ҳамин амр метавонад, боиси эҷоди нооромӣ дар минтақа шавад.

Алмусавӣ  сиёсати кунунии вазорати умури хориҷаи Туркияро хориҷ аз урфи дипломатӣ донист ва гуфт: сиёсате, ки акнун онҳо дар пеш гирифтаанд, хориҷ аз урфи дипломатӣ аст ва аз сӯи Созмони милал маҳкум аст.

Вай бо ишора ба  инки ҳеч чизе наметавонад мабнои дахолати як кишвар  хориҷӣ дар умури дохилии  кишваре дигаре бошад, таъкид кард: ҳеч чиз наметавонад баҳонаи Туркия барои дахолат дар умури дохилии кишарҳои дигар бошад, ин сиёсат минтақаро ноором мекунад, ҳамчунон ки ҳамакнун шоҳиди нооромии минтақа ҳастем.

Аҳмад Довуд Уғлу, вазири хориҷаи Туркия дирӯз дар идомаи сиёсатҳои мудохила- ҷуёнаи ин кишвар иддао кард: сиёсати  ҳадаф қарор додани шахсиятҳои миллӣ дар Ироқ, ки аз суи Нури Моликӣ, нахуствазир дунбол мешавад, муҷиби бурузи буҳрон то дараҷаи даргириҳои мусаллаҳона шудааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!