Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:15

U-21: Тоҷикистон бо Литва рақобат мекунад

23 январ 2013, 07:07

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) имрӯз, 23-уми январ дар Санкт-Петербург дар даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 бо ҳамсолони литвагиашон вориди сабқат мешаванд.

Ин чорумин дидори мунтахаби Тоҷикистон дар доираи “Ҷоми Иттиҳод-2013” мебошад. Қабл аз ин футболбозони то 21-солаи тоҷик тими ҷавонони Эстонияро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Дар дидори дуюм онҳо мунтахаби Латвияро бо ҳамин ҳисоб мағлуб карданд. Аммо дар вохӯрии сеюм аз рақибони беларусашон бо ҳисоби 5:2 шикаст хурданд.

Гуфта мешавад, агар мунтахаби Тоҷикистон дар дар даври чорякниҳоӣ пирӯзӣ ба даст биёрад, дар даври нимниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Украина – Молдова қувваозмоӣ хоҳад кард. Ба ғайр аз дастаҳои Тоҷикистону  Литва дар даври чорякниҳоӣ тимҳои Украина бо Молдова, Беларус у Қазоқистон ва Русия  бо Ӯзбакистон миёни ҳам рақобат мекунанд. Дастаҳои Латвия, Қирғизистон, Туркманистон ва Эстония барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд. Рӯзи 24-уми январ Эстония - Туркманистон ва Қирғизистон - Латвия бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз гурӯҳи “А” тимҳои Беларус ва Тоҷикистон ба чорякфинал баромаданд. Ҳамчунин, ду дастаи беҳтарини ҷойҳои сеюм - Қазоқистон ва Молдова ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Аз гурӯҳи  “В” дастаҳои мунтахаби Русия ва Ӯзбакистон, ки бо 5-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор гирифтанд, ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар гурӯҳ “С”  бошад, Украина бо 9 имтиёз мақоми аввал ва Литва бо 4 имтиёз мақоми дуюмро касб карда, ба чорякфинал роҳ ёфтанд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!