Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Паёми Абдулқодирзода ба шайх Равил Гайнуддин

23 январ 2013, 08:35

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи мавлуди Паёмбари ислом (с), ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба мусалмонони Русия паёми худро ирсол кард.

Абдулқодирзода мавлуди Паёмбари ислом (с), ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро ба шайх Равил Гайнуддин, муфтии аъзам ва раиси Шӯрои муфтиёти Русия табрик гуфт.

Ба навиштаи Хабаргузории байналмилалии “Қуръон” дар матни паём чунин омадааст: “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳ барои Шумо самимона орзуи саломатӣ мекунам ва барои талоши ҷаноби олӣ ба нафъи ислом ва рифоҳи муслимини Русия муваффақият ва бурдборӣ мехоҳам. Ситоиш махсуси Худои сарчашмаи хубиҳост, ки ваҳдатро барои инсонҳо муқаррар фармудааст”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ин паём ҳамчунин роҷеъ ба  тақвияти дӯстӣ ва ҳамкориҳои мусалмонони Тоҷикистону Русия ибрози умедворӣ кардааст.

Мавриди зикр аст, чанд рӯз қабл Шӯрои уламои  Маркази исломии Тоҷикистон мӯҳлати баргузории «Мавлуди Паёмбари ислом»(с)-ро, ки ҳамасола дар тамоми масоҷиди кишвар аз он таҷлил карда мешавад, ду моҳ муқаррар кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!