Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:38

Президент маҳбусини сиёсиро бори дуюм авф кард

21 июн 2011, 12:41

Президени Сурия имрӯз дар бораи авфи умумии маҳбусони сиёсӣ фармонро ба тасвиб расонидааст.


Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, ин дуввумин авфи Башор Асад аст, ки дар як моҳи ахир дар қиболи зиндониён татбиқ мегардад.
Гуфтанист, як рӯзи қабл  дар Сурия даҳҳо эътирозгарон – донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Алеппо боздошт шуда буданд.Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, донишҷӯён паёми навбатии Башор Асадро танқид карданд, ки дар он раисиҷумҳур ба мардум ваъдаи гуфтушунид бо мухолифин ва ба роҳ мондани ислоҳотро додааст. Ба гуфтаи онҳо, ин ваъдаҳо кофӣ нестанд ва раисиҷумҳур бояд ба истеъфо равад.Ҷонибдорони Башор Асад бошанд, дар навбати худ, имрӯз дар Димишқ, Алеппо ва дигар шаҳрҳои Сурия намоишҳои густурдаи пуштибонӣ аз сарвари кишварро доир намуданд.Тазоҳуроти оммавӣ дар баъзе аз маноти ин давлат ҳанӯз ҳам идома доранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!