Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:11

Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия ба Тоҷикистон меояд

26 январ 2013, 04:47

Дар ҳузури Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар ва бо ширкати масъулини ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба масоили омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар масъалаи ҳамкории иқтисодӣ машварати корӣ баргузор шуд.

Тавре таъкид гардид, тибқи нақша ҷаласаи мазкур даҳаи дуюми моҳи феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он ҳайати ҳукумати Федератсияи Русия бо роҳбарии муовини аввали нахуствазири он кишвар Игор Шувалов иштирок хоҳанд кард.

Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки ҷиҳати таҳияи рўзномаи кории ҷаласа ва омўзишу таҳлили масъалаҳои дар он баррасишаванда тадбирҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия шароит фароҳам оваранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!