Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:21

70 сол пеш дар ҳамин рӯз ҷанги хонумонсӯз оғоз гардида буд

22 июн 2011, 03:29

«70 сол қабл аз ин, рӯзи 22 июни соли 1941 Германияи натсистӣ ва шарикони он ба Иттиҳоди Шӯравӣ аҳдшиканона ҳамла карданд».


Чунин оғоз мешавад, муроҷиатномаи сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳафтодумин солгарди шурӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Зимнан, дар ин санад навиштаанд, ки ин ҷанг – санҷиши мушкилтарин дар таърихи халқҳои давлати шӯравии сермиллат оғоз ёфт. Мардуми мо дар мубориза алайҳи душманони маккор ва бетараҳҳум дар ҷабҳаҳои аз Баҳри Баренс то Баҳри Сиёҳ ба мубориза ҳамроҳ шуданд ва ба ҷаҳониён намунаҳои бузургтарини қаҳрамонӣ, матонат ва ватандӯстиро чӣ дар майдонҳои ҷанг ва чӣ дар ақибгоҳ нишон доданд. Тамоми азобу уқубатро онҳо баробар паси сар мекарданд, ба ҳаққонияти муборизаи худ боварии устувор доштанд, якҷоя бар душман ғалаба карданд.Рӯзи аввали ҷанг, махсусан барои онҳое, ки аз қӯшунҳои фашистӣ зарба хӯрданд, қадами аввалин дар роҳи тӯлонӣ ба Ғалаба гардид.

Сарони кишварҳои иштирокчӣ афзудаанд, мо бо сипосгузорӣ аз саҳми кишварҳои иттифоқи зиддигитлерӣ ва муборизони зиддифашистии дигар давлатҳо ёдовар шуда, ҳеч гоҳ қурбониёнеро, ки онҳо ба Ғалабаи умумӣ оварданд, фаромӯш нахоҳем кард. Солгарди 70-уми оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки чунин фоҷиа ҳеҷ гоҳ набояд такрор шавад ва ба ҳар таҷовузкор ногузир ҷазои мунсифона дода мешавад. Мо, сарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳо дар самти сохтмону таҳкими сулҳ бидуни ҷанг, муноқиша ва зулм дар асоси ҳадафу принсипҳои наҷибонаи Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид баҳри некӯаҳволӣ ва ободонии ҳамаи халқҳо ва давлатҳо даъват ба амал меорем.

Ёдрас менамоем, маҳз 70 сол муқаддам дар ҳамин рӯз Адолф Ҳитлер, сарвари Олмони фашистӣ ба артиши натсистиаш аҳдшиканона ба СССР ҳуҷум кард.Ин ҷанги хонумонсӯз риштаи ҷони беш аз 27 миллион нафар шаҳрвандони советиро канда, 9-майи соли 1945 пас аз 1418 шабонарӯз бо пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом пазируфт.Маврид ба тазаккур аст, ки дар набардҳои ин ҷабҳа 300 ҳазор фиристодагон аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд, ки аз нисф зиёди онҳо ба таври абадӣ дар корзор монданд. 55 нафар фарзандони шарифи миллат унвонии олии Қаҳрамони Иттифоқи Советиро шарафёб гардида, 70 ҳазори дигар бо нишону медал ва ифтихорномаҳои роҳбарияти вақти шӯравӣ сарфароз шуданд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!