Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

БДА: Садамаҳои нақлиётӣ мунҷар ба марги 20 нафар гардиданд

28 январ 2013, 07:05

Дар давоми як моҳи ахир садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҷони 20 нафарро гирифтаанд.

Бино ба иттилои РБДА, шоми 27-уми январ, тахминан соати 18.20, сарнишини воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Астра”, Содиқов Зокирҷони 20-сола ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Турсунзода, аз самти ҷамоати Гарав ба сӯйи ҷамоати “1-уми май” дар ҳудуди деҳаи Регар бехатарии ҳаракати роҳро риоя карда натавониста, пиёдагард Тураев Абдусатор, соли таваллудаш 1974-ро зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мешавад.

 

Манбаъ илова намуд, ки аз аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 69 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 20 нафар ба ҳалокат расида, 83 тани дигар ҷароҳтҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ва дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!