Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

Сайдалиев: Данғара сероб мегардад. То соли 2013

28 январ 2013, 09:51

Обёрии заминҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ноҳияи Данғара вусъати тоза мегирад.

Барои обёрии заминҳои беоби ноҳия соли гузашта Вазорати хоҷагии оби ҷумҳурӣ бо як ташкилоти туркӣ шартнома ба имзо расонида буд. Аммо баъд маълум гардид, ки як чунин ширкати сохтмонии туркӣ вуҷуд надоштааст ва шартнома қатъ гардида буд.Нимаи дуюми соли гузашта Вазорати хоҷагии об барои обёрии ноҳияи Данғара дар марҳилаи дуюм тендер эълон кард.Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳия, дар ин тендер як ширкати тоҷикӣ ва низ як ширкати дигари мелиоративии Қазоқистон ғолиб омада, ба корҳои сохтмонӣ оғоз кардаанд.Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби сохтмончиён 20 километр канали нав бунёд ёфта, зиёда аз 7 ҳазор аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.   

Дар нақша аст, рӯзҳои наздик марҳилаи сеюми обёрии ноҳия оғоз мегардад.Ба иттилои оқои Сайдалиев, ба ин мақсад намояндагони бонк омада, дар ин маврид санҷиш ба анҷом расондаанд ва эҳтимол меравад, нимаи аввали соли 2013 қисмати дигари заминҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо об ҳалли мусбати худро пайдо кунад.

-Дар нақша аст дар ин маврид аз қубурҳои калонҳаҷми полиэтилении диаметри беш аз 1,5 метра истифода бурда шавад. Ин намуди қубур  барои таъмини об барои аҳоливу  заминҳо мусоид аст, аз ҷониби дигар он  барои истифода хуб мебошад,-афзуд Сайдалиев.  









Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!