Донистани хатти ниёгон барои мо бисёр муфид ва хеле зарур аст.
Ба хусус барои он нафаре, ки мехоҳад, аз ин ганҷинаҳои фарҳанги миллии мо бархӯрдор шавад.Ин нуктаҳоро Бибиосия Ғуломова, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузаштаи 28-уми январ зимни нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуд.Ба назари хонум Ғуломова, барои омӯзиши ин хат имрӯз он қадар мушкилот мавҷуд набуда, ҳар нафаре, ки мехоҳад биомӯзад, дастурҳои таълимӣ зиёд ҳастанд ва дар муассисаҳои таълимӣ ҳам шароит фароҳам оварда шудааст.
Номбурда дар мавриди маҳдуд гардидани соатҳои дарсӣ аз хатти ниёгон мегӯяд, албатта имрӯз шароити хеле зиёд аст, барои омӯхтани ин хат ва дар ин бора ҳам оила метавонад саҳм гузорад.
Ин дар ҳолест, ки соатҳои дарсӣ аз фанни хатти ниёгон дар макотиби кишвар дар як ҳафта як маротиба гузошта шуда, ба иддаи коршиносон ин нишондод, барои омӯхтани як забон ё хат, ки он ҳам бошад, ҷузъе аз фарҳанги милии мо маҳсуб меёбад, хеле кам аст.
Мӯҳр