Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:05

М.Асрорӣ: 70-солагии Ҷурабек Муродов бо пешниҳоди худаш дар Филармония баргузор шуд

30 январ 2013, 05:02

Ҷавобҳои Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои хонандагони хабаргузории «Озодагон»

(Аз идора: Қаблан, аз хонандагони арҷманд барои каме таъхир дар нашри посухҳои вазир маъзарат мехоҳем. Сониян, ба таваҷҷӯҳатон мерасонем, ки имло ва тарзи пешниҳоди суолу ҷавобҳо тағйир дода нашудааст)

Суолдиҳанда: Диловар Ашуров 16.11.2012 17:26#
Ҳоло дар мо (мардуми шимол) ҳама мухлисони сериалҳои ӯзбакӣ в туркӣ мебошанд (это меня раздражает)..
Оё шумо барои бартараф кардани ин тенденсия ягон кӯшишҳо ва планҳо доред..??..

М.Асрорӣ: Бале, тавассути фаъол намудани ҳамаи муассисаву ташкилотҳои фарҳангӣ, беҳтар ба роҳ мондани тарзи хизматрасонии фарҳангӣ, бештар ба тадбирҳои фарҳангӣ ҷалб намудани аҳли ҷомеа мо метавонем ба ин вазъ таъсир расонем.
Бунёди муассисаҳои нави фарҳангӣ, таъмиру тармими китобхонаҳо, клубу боғҳои фарҳанг, зиёд намудани нашр ва ба мардум расонидани китоб ва воситаҳои ахбори умум, ташкили мунтазами сафарҳои ҳунарии театрҳо, муассисаҳои консертиву ҳунарӣ аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки аз ҷониби кормандони соҳа пешбинӣ гардидаанд.

Суолдиҳанда: Мавлавӣ Муҳиддин 16.11.2012 19:26#
Салом хидмати оқои Вазири фарҳанг мӯҳтарам, Мирзошоҳрух Асрорӣ. Ба шумо чунин савол доштам ҷаноби Вазир:
1) Фарҳанг дар кишвари мо танҳо ба рақсу бозӣ онро мефаҳманд, зеро вазорати шумо танҳо дар чунин чорабиниҳо фаъолият дорад ва   дар дигар маворид чорабиниҳои чун илмӣ- пажӯҳишӣ -тадқиқотӣ корҳои назаррасе накардааст ва ё агар бошад ҳам он чунон нисбати рақсу бозӣ кам ҳастанд, ки қариб ки дида намешаванд, чаро ?
2) Фарҳанги миллати тоҷикро кай нахуст ба миллат ва сипас ба ҷаҳониён нишон медиҳед, ки мо ана чунин миллати бофарҳангем лутфан боз рақс ва мусиқиро нагӯед ба ман. Зеро кишвари мо дар раксу мусиқӣ қариб ки дар ҷаҳон ҷойи аввал меистад.

М.Асрорӣ: Боиси афсӯс аст,ки бисёриҳо мисли Шумо ба фаъолияти фарҳанг фақат аз рӯи баргузории чорабиниҳои идона (ба қавли шумо рақсу бозӣ) баҳо медиҳанд. Дар асл, ин фаъолият танҳо як самти кори мост. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи мо 12 барнома вобаста ба рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди арзишҳои фарҳангии ғайримоддӣ, рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, рушди китобдориву фарҳангшиносӣ, тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг, ҳунар ва табъу нашр дар хориҷи кишвар, таъмини муассисаҳои нашриявӣ ва китобхонаҳо бо таҷҳизоти компютерӣ ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Роҷеъ ба фаъолияти илмӣ–пажуҳишӣ бошад, дар соҳа мо аз зарфиятҳои муассисаҳои олии таълимӣ–Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи давлатии санъат, ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотӣ  истифода намуда, ҳар сол теъдоди зиёди китобҳои илмӣ, рисолаву осори тадқиқотиро таҳия ва чоп намуда, онро дастраси аҳли соҳа менамоем.

Суолдиҳанда: Гунги Роҳдур, муҳоҷир, Россия. 17.11.2012 01:18#
Мехоҳам, ки аз ҷаноби Вазир бипурсам: Кай дар Тоҷикистон ҳамон инкубатори ҳофизбарориро мебандед? Ҳофизу ҳофизахои навбаромад аз қабили "ситораҳои эстрада"-и тоҷик ба ростӣ дар ҷони ҳама зад. Наход, ки ягон мунаққиди соҳаи санъат, Шабнамро эрод нагирад,ки бас аст, охир бас аст оҳангдуздиву суруддуздӣ. Дар манзилгоҳ ва ҷои кории муҳочирон ҳамеша дискҳои Шабнам дар садоанд. Муҳоҷирони ҷавон аз куҷо медонанд, ки Шабнам бештар сурудҳои ҳунармандони пешинаи Шарқ ва Тоҷикистонро мехонад. Аз худ ягон суруде надорад. Бисёрии ин ҳофизаҳо "ситора" шуданд. Оё магар Нуқра- апа Раҳматова, худораҳматии Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Хосият Ортиқова, худорахматиҳо Раъно Ғолибова, Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова, Муслима-апа Боқиева ва дигар хонумҳои саҳнаву санъати Тоҷикистон магар ситора набуданд? Худораҳматии Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, акаи Ҷурабек Муродов, акаи Ҷурабек Набиев, олими шарқшинос Ҷурабек Назриев, Файзалӣ- ака Ҳасанов ва даҳҳои дигар мардони ҳунарманди санъати Тоҷикистон, киҳо ҳисоб мешуданд? Пас, онҳо магар, ки саёраҳои осмонӣ буданд?  Шумо дар ҳақиқат шахси бофарҳанг хастед. Вазириву вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо шумо омезиш дорад.Тани сиҳату хушбошии оилаи шуморо аз Худо мехоҳам, пирӯз бошед, ҷаноби Вазир.

М.Асрорӣ: Барои таманниёти некатон изҳори сипос менамоям. Ман ҷонибдори ҳар чӣ бештар ба ҳунар рӯй овардани ҷавонон ҳастам. Вақт довари воқеӣ аст. Мурури замон нишон медиҳад, ки кӣ дар ҷодаи мушкилписанди ҳунар мақоми худро меёбад. Ба ростӣ, ман зидди ситоратарошии овозхонон ҳастам.

Суолдиҳанда: Ҷамшед 17.11.2012 09:49#
Мӯхтарам вазири фарҳанг, лутфан мегуфтед, ки чаро имрӯз ҷавонон хоҳиши ба театр рафтан надоранд? Шумо ҳамчун фарҳангии № 1-и Тоҷикистон фарҳанги муоширати имрӯзаи ҷавонони кишварамонро чӣ гуна баҳо медихед???

М.Асрорӣ: Мутассифона, фарҳанги муоширати имрӯзаи ҷавонони кишварамон мувофиқи матлаб нест. Албатта, ин вазъ омилҳои мухталиф дорад. Таъсири муҳит, заъфияти сатҳи маънавии ҷомеа, ки аз маҷмӯи асосҳои тарбияи хонаводагӣ, таълим дар мактаб, таъсири таҳоҷуми фарҳангиву равонӣ ва ғайра аз ҷумлаи он омилҳоанд.
Ба театр нарафтани ҷавонон низ якчанд сабаб дорад. Нахуст, аз ҳама зиёд гардидани васоити иттилоотӣ–теъдоди зиёди барномаҳои телевизионӣ, дастрасӣ ба интернет ва филму намоишномаҳо. Дар ин амр низ мо бояд ба тарғиби театр бештар машғул шавем. Меҳр бастан ба театр якбора пайдо намегардад ва он бояд ба ҷавонони ҳанӯз аз овони кӯдакӣ талқин шавад.

Суолдиҳанда: Zulol 21.11.2012 11:18#
Мебинам, ки ҳама ба саҳнаи рақсу суруд табдил додани соҳаи фарҳанг эрод мегиранд. Хуб ҳам мекунанд. Масалан, Шумо ҷаноби вазир бигӯед, ки дар бахши чопи адабиёти бачагона ва тарғиби он чӣ корҳое анҷом додед? Бо боварӣ метавонед бигӯед, ки ин насл китобдӯсторанду оянда китобхон мешаванд? Кадом адиби ҷавони адабиёти кӯдаконаро ном бурда метавонед?

М.Асрорӣ: Дилпурона мегӯям, ки дар амри нашри адабиёти бачагона ва тарғиби он корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаем. Ҳар сол дар кишвар тадбири «Ҳафтаи китоб» барои кӯдакону наврасон доир мешавад, ки дар он дар он ноширону нависандагон бо наврасону ҷавонон мулоқотҳо менамоянд. Дар давоми солҳои охир барои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ҳазорон нусха адабиёти бадеӣ ва омӯзишӣ нашр мешавад. Алҳол зиёда аз 30 номгӯи 50- ҷилдаи силсилаи «Китобхонаи мактаб» ба табъ расидааст. Кори таҳияи донишномаи (энсиклопедияи) кӯдакону наврасон идома дорад.


Суолдиҳанда: Ардашер 22.11.2012 17:00#
Ҷаноби оғои вазири фарҳанги Точикистон, фарҳангии №1-и Тоҷикистон, лутфан мегуфтед, ки дар вақти бемор будани Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи точик (ин марди хирадро мошин зер карда буду ба сарашу  чашмонаш зарбаи сахт расида буд), Шумо боре аз аҳволи у хабар гирифтед ва ё бо ӯ хамсӯҳбат шудед, ё на???

М.Асрорӣ: Бале, ҳама вақт дар ҷараёни вазъи Барзу Абдураззоқов қарор доштем.

Суолдиҳанда: Фитрат 04.12.2012 07:39#
Салом Мирзошоҳрух Асрори. Ман 1 саволча дорам, марҳамат карда аз ҷавоби он нагурезед. Шумо бо камоли масъулият гуфта метавонед, ки аз ӯхдаи кори вазирӣ баромада истодаед? Раҳмат…

М.Асрорӣ: Бародари азиз, ифтихормандам, ки масъулияти баланди вазири фарҳанг будан насибам гаштааст. Барои сазовор будан ба вазифа ҳамаи донишу малакаамро сарф намудаам. Баҳои фаъолияти манро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи кишвари азизам медиҳад.

Суолдиҳанда: Раҳимбердии Облоқул 04.12.2012 07:41#
Мӯхтарам ҷаноби Вазири фарҳанг! Оё ба назари Шумо дар Тоҷикистон фаъолияти китобхона, клубу театрҳо дуруст ба роҳ монда шудааст, ё баръакс?

М.Асрорӣ: Дар маҷмӯъ, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба ташаккули олами маънавӣ бахшида шудааст. Аммо камбудиҳо дар кори пешбурди ин фаъолият низ ҳастанд. Мо ҳоло муваффақ нашудаем, ки ҳамаи ин муассисаҳо бо мутахассисони касбӣ таъмин бошанд, пурра таъмиру тармим бошанд ва бо таҷҳизоти муосир таъмин бошанд. Дар баробарии вусъати иқтидори иқтисодии мамлакат ин норасоиҳо ҳалли худро меёбанд.

Суолдиҳанда: Раҳматулло 04.12.2012 07:43#
Дар 1 соли ахир чанд нафар корманди вазоратхонаи фарҳанг бо ҷурми қаллоби, ришваситонӣ ва ё ягон амали коррупсионӣ боздошт гардидааст?

М.Асрорӣ: Раҳматулло, бо ҷурми қаллобӣ, ришваситонӣ ва ё ягон амали коррупсионӣ ягон нафар аз кормандони вазорат боздошт нашудааст.

Суолдиҳанда: Заррина 04.12.2012 07:45#
Муҳтарам вазири фарҳанг, бигӯед, ки дар чанд ҷой дар Душанбе хона доред? Фақат нагӯед, ки дар як ҷо. Зеро, ман корманди вазорати фарханг мебошам ва медонам, ки як хонаатон дар маҳаллаи 105-ум ҳаст ва яктои дигаратон дар маркази шаҳр. Боз дар куҷо манзили зист доред?

М.Асрорӣ: Зарринабону, агар воқеан дар вазорат кор мекардед, медонистед, ки ман  дар Душанбе фақат як хона дорам ва як хона дар зодгоҳам.

Суолдиҳанда: Нури Донишҷуй 04.12.2012 07:46#
Оё зарурати дар Донишгоҳи санъат мавҷуд будани факултаи журналистика ҳаст? Шумо боре ҳам аз ин даргоҳи ба ном таълимӣ хабар гирифтаед? Аҳволи ин институтро медонед?

М.Асрорӣ: Бале, бешубҳа зарурати дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода фаъолият доштани факултаи журналистика, ки барои таъмини муассисаҳои телевизион ва радио дар навбати аввал ихтисос дорад, ҳаст. Аз аҳволи донишкада огоҳам ва аз он хабар мегирам.

Суолдиҳанда: Фараҳманд 05.12.2012 18:46#
Мӯҳтарам, вазир! Вазъи матбааи ноҳияи Мастчоҳ, ки ноҳияи сарҳадист, хеле нигаронкунанда аст. Фазои иттилоотӣ холист. Дастгоҳҳои кӯҳна ва корношоями он аз замони шӯравӣ боқӣ монда истифода намешаванд. Магар барои таҷдиди техникии ин матбаа Вазорат нақшаҳое дорад?

М.Асрорӣ:Таъмини соҳаи полиграфии мамлакат бо таҷҳизоти замонавии табъу нашр ба дарёфти инвеститсия вобастагӣ дорад.  Вазорат оид ба беҳтар гардонидани вазъи матбааҳо, аз ҷумла матбааи ноҳияи Мастчоҳ якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ пешниҳод намудааст.

Суолдиҳанда: Бахтиёр 12.12.2012 15:20#
Ҷаноби вазир мегӯянд, унвони "Шоири халқии Тоҷикистон"-ро шумо медиҳед, рост аст?
Ҳамчун вазир нақшаву ниятҳои Шумо дар оянда чист?  

М.Асрорӣ: Ба унвонҳои ифтихорӣ сазовор гардидан дар Тоҷикистон тавассути қонунгузориҳои мамлакат амалӣ мешавад.

Суолдиҳанда: Насим 12.12.2012 16:56#
Салом ба вазири муҳтарам! Мехостам бидонам, ки Вазорати фарҳанг чӣ барнома ва ё чорабиниҳои мухими фарҳанги барои соли оянда дар назар гирифтааст? Саволи дуввумам, ин аст, ки чӣ мушкилоте дар соҳаи фарҳанг  вуҷуд дорад ва роҳҳои рушди фарҳангро дар чӣ мебинед?

М.Асрорӣ: Дар  соли  2013 вазорат татбиқи барномаҳои соҳавиро ба роҳ монда, ҳамзамон, баргузории ҷашнвора, озмун, конференсия ва дигар тадбирҳои байналхалқиву ҷумҳуриявиро пешбинӣ намудааст. Итминон дорам, ки имсол низ муҳити фарҳангии кишвар гуногунрангу пурмазмун хоҳад буд.
Оид ба мушкилоти соҳа дар ҷавобҳои зикршуда посух  гирифтаед.

Суолдиҳанда Rustam12.12.2012 16:57#
Дуруд, дар боло дар хусуси пешгирии раванди мухлисӣ аз филмҳои хориҷӣ гуфтанд. Дар баробари он, чанд суол доштам:
1. Оё дар хақиқат лозим аст пеши ин раванд гирифта шавад? Яъне, дар ҳақиқат бояд филму дигар чизи фарҳангӣ аз хориҷи кишвар ба он ворид нашавад?  Ба тавре, "пардаи оҳанин" барои фазои фарҳангӣ дошта бошем?
2. Дар баробари филмҳои хориҷӣ, ба усус, силсилафилмҳо, фарҳангиёни тоҷик чиро гузошта метавонанд?
3. Ва умуман, дар соҳаи филм ва синамо, чӣ дастовардҳои воқеъӣ ҳастанд? Хоҳишмандам, аз чанд филми забонзадаю дастакшуда, мисли "Падари маҳтобӣ", "Қиёми рӯз" ва ғайра нагуед. Ғайри онҳо боз чӣ дорем?
4. Чаро ҳамон филмҳои ғолиби чорабиниҳои байналмиллалӣ миёни мардум маъмул нестанд?
5. Умуман, барои таблиғи кинои тоҷик, чӣ корҳо карда мешавад?  

М.Асрорӣ: Рустам, бародари азиз, аввалан ҳеч як мақом ё соҳибмақом нияти эҷоди «пардаи оҳанин»-ро надорад, агар дошта бошад ҳам, ин амалро бо назардошти вусъати воситаҳои иттилоотӣ амалӣ кардана метавонад. Набояд фаромӯш созем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Оид ба соҳаи кинематография назари махсуси худро дорам, вале бо сабаби ба вазифаи мансабиам тааллуқ надоштан, аз ибрози назар худдорӣ менамоям.


Суолдиҳанда: Сокини шаҳр Абдусамад12.12.2012 17:05#
Муҳтарам ҷаноби вазир, ташаккур, ки як боғи хуби истироҳату фароғат дар шаҳр пайдо шуд. Барои ин ташаккур, вале ҳафтаи гузашта мо рафтем манзараи аҷибро мушоҳида кардем. Дар беруни дар нархномаҳо дигару дар дохил аксаран дигар. Ҳатто бо дахолати мо зуд меканданду аслашро мечаспониданд. Вакте мо ба як чархофалаки ба гуфтаи онҳо 5 сомона савор шудем, дидем, ки дар чиптаҳо 10 сом. навишта шудааст. Чун мо аз аввал хурдагирӣ карда будем, фаҳмонданд, ки ба ду кас як билет медиҳем. Аммо агар одам танҳо бошад чӣ? Фикр мекунам, он ҷо хеле ҳаннотӣ дар авҷ аст. Номаълумакак санҷед, шояд мо иштибоҳ накарда бошем, боз ин дар ҳоле, ки худамон шоҳиди исботи ҳаннотӣ будем.

М.Асрорӣ: Дар оғози фаъолияти ҳар як муассисаи нав камбудиҳо мешаванд. Камбудиҳои зикрнамудаи шумо ислоҳпазиранд.

Суолдиҳанда: Rustam13.12.2012 10:31#
Рӯз ба хайр ҷаноби вазир ва кормандони Озодагон.
Имрӯз ба фикр рафтам... ба китобхона 2000 китоби нав тӯҳфа кардаанд..., як савол доштам: барои ҳамин китобхонаи нав аз мардум маҷбурӣ китоб ҷамъ карданд, ҳатто барои китоб насупоридан одамонро аз кор таҳдиди пеш кардан доштанд (ба хусус кормандони давлатӣ, мисли муаллиму духтур - шахсан шоҳидам)... чӣ фоида дод? Одамон "ради галочки" ҳарчи пайдо карданд доданд, китоби куҳнаву нав, лозимию нолозимӣ... ҳамин китобхонаи нав бо китобҳои кӯҳна ба фоидаи кист? Ва чаро то ҳол китобхонаи электронӣ дар базаи он дуруст кор намекунад? Ва дар асоси чӣ китобҳоро аз китобхонаҳои хурди маҳаллӣ дар пойтахт ҷамъ кардед? Мо дар ноҳияҳо чӣ хонем?
Якбора саволи дигар ҳам медиҳ,ам: одамони маъюб чӣ гуна ба китобхона раванд? Даромадгоҳ ва лифтҳо барои аробачаи маъюбӣ хуб аст; аммо як нафар маъюб чӣ гуна ба ҳочатхона дарояд? Ё як нафар бо биноии заиф, чӣ гуна бояд навиштаҷоти роҳнамои онро хонаду ҷои мерафтаашро пайдо кунад? Ва умуман, ягон адабиёт бо алибфои барҷаста дар он хаст?

М.Асрорӣ: Бародари азиз, аввал ин ки китоб ҳеч гоҳ кӯҳна ва нолозима намешавад. Дуввум, дар Китобхонаи миллӣ маҳфуз доштани китоб танҳо ба фоидаи миллат аст. Китобхонаи миллӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, китобхонаи электронӣ фаъол аст.
Рустамҷон, аз саволҳоятон бармеояд, ки Шумо аз имкониятҳои бинои нави Китобхонаи миллӣ, аз ҷумла шароите, ки барои одамони қобилияташон маҳдуд буда, яъне маъюбон фароҳам шудааст, иттилоъ надоред.

Суолдиҳанда: Сарвиноз 21.12.2012 23:21#
Салом ҷаноби вазир! Ман як суол дорам. Лутфан бигӯед, ки Осорхонаҳои кишвар аз рӯи кадом оиннома фаъолият доранд? Оё Вазорати фарҳанги кишвар ягон хуҷҷате дорад, ки фаъолияти Осорхонаҳоро дар кишвар танзим мекунад? Агар ҳа, пас чӣ гуна оиннома аст, хоҳиш мекунам, каме маълумот дихед... Оё намунаи чунин оинномаҳо дар дасти мудирони Осорхонаҳои кишвар мавҷуд ҳаст? Барои посух қаблан ташаккур.......

М.Асрорӣ: Фаъолияти ҳуқуқии осорхонаҳои кишвар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» ва оинномаи ҳар кадом аз осорхонаҳо танзим мешавад.  Аз тарафи кормандони вазорат оинномаи намунавии осорхонаҳо таҳия гардидааст,  ки онро метавонед аз вазорат дастрас намоед.

Суолдиҳанда: Хуршед 26.12.2012 11:07#
Мӯҳтарам Вазир! Оё арзанда набуд, ки чашни 70 -солагии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар Кохи Борбад таҷлил гардад?

М.Асрорӣ: Ҷашни мубораки 70-солагии Ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷурабек Муродовро аҳли ҷомеаи пойтахт ва вилояти Суғд сазовор таҷлил намуданд. Дар бинои Филармонияи Давлатии Тоҷикистон баргузор сохтани ҷашн танҳо дар асоси пешниҳоди мӯҳтарам Ҷӯрабек Муродов, ки бештар аз 30 соли фаъолияташон маҳз дар ҳамин даргоҳи ҳунар ҷараён доштааст, амалӣ гардид.

Муаррифӣ: Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 августи соли 1953 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба УДТ ба номи Ленин шомил мешавад. Соли 1975 ин донишгоҳро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ба итмом расонидааст. Соли 1989 бошад, Пажӯҳишгоҳи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканди Ӯзбакистонро бо дипломи аъло бо ихтисоси сиёсатшинос хатм намудааст. Забонҳои русӣ, форсӣ ва инглисиро медонад.
Фаъолияти меҳнатиашро аз мактаби миёнаи рақами 44-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси омӯзгори фанни забони модарӣ оғоз намуда, солҳои 1975-1979 ба сифати тарҷумони форсӣ дар гурӯҳҳои мутахассисони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон кор кардааст. Пас аз бозгашт дар нашриёти «Ирфон» ба кор пардохта, соли 1980 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмат даъват мешавад.

Солҳои 1982-1986 дар вазифаи нозири Кумитаи Марказии ИЛМҶТ Тоҷикистон, 1986-1992, директори барномаҳои Радиои Тоҷикистон, 1992-1993, Мудири шӯъбаи ташкилии Комитети Марказии Иттифоқи касабаи коркунони соҳаи тандурустӣ кор кардааст. Пас аз ин дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи илм, маданият ва иҷтимоиёти Мудирияти корҳои Совети Вазирони Тоҷикистон фаъолият намуда, солҳои 1993-1995 раисии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 1995-1997 ба симмати сардори раёсати Радио ва телевизиони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Соли 1997 роҳбари Дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2003 дар ин мансаб кор кард. Солҳои 2003-2006 сардори идораи фарҳанги Ҳукумати шаҳри Душанбе буд.
1-уми декабри соли 2006 ба мансаби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, тайи ҳафт соли ахир дар ин симмат ифои вазифа дорад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!