Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Анҷумани тоҷирони Покистон бо Тоҷикистон ҳамкориашро тақвият медиҳад

22 июн 2011, 04:37

Дар Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони Покистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.


Дар ин бора зимни мулоқоти сафири ҷумҳурии мо дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо ҳайати тоҷирони покистонӣ таҳти сарварии Найим Раҳмон, райиси Ассосатсияи соҳибкорони Покистон дар ҶТ иброз гардид.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷа зимни нишасти мазкур  ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар ва фаъолияти соҳибкорони покистонӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Найим Раҳмон иброз дошт, ки   Тоҷикистон дорои имкониятҳои хуби истеҳсолӣ ва ашёи хоми арзон аст, ки ин омилҳо барои фаъолияти соҳибкорони покистонӣ ниҳоят мувофиқ мебошанд.  Дар навбати худ сафир Зубайдов гуфт, баъди баргузории бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду кишвар густариш ёфта, фаъолияти соҳибкорону тоҷирон такони тоза касб кард. Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони покистоние, ки имкониятҳои воқеӣ доранд ва мақсадашон дар Тоҷикистон бунёд намудани корхонаҳо, сармоягузорӣ ё ворид намудани молу маҳсулот аст, ҳаматарафа мусоидат мекунад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!