Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:21

Ҷилавгирӣ аз фасоду ришваситонӣ дар тасвиру расмҳо

22 июн 2011, 05:35

Озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз коррупсия дар ҷумҳурӣ эълон гардид.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд. Бино ба қавли сарчашма агентӣ ва Созмони Ҷамъиятии Байналхалқии «Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ» муштаракан ин чорабиниро роҳандозӣ кардаанд. Дар озмун талабагони синфҳои болоӣ, донишҷӯён,  ҳамчунин ширкатҳо, ташкилотҳо, студияҳо, дизайнерон, коргардонҳо, рассомон ва шахсони дигар низ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Плакат барои  расми беҳтарин бояд аз ҳаҷми А1 зиёд набошад. Расмҳое, ки барои тасвир меоранд, дар мавзӯъи  пешгирии коррупсия ва мусоидат ба ташаккули як навъи рафтори зиддикоррупсионӣ, барҳам додани зуҳуроти коррупсия ва қайд  намудани нақши ҳар як шаҳрванд дар пешгирии коррупсия бошад. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Қабули расмҳои беҳтарин ба озмун то 29 июли соли равон идома меёбад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!