Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:53

Нақши "МОСАД", "Блек блок" ва раиси полиси Дубай дар нооромиҳои Миср

4 феврал 2013, 11:15

Мудири маркази мутолиоти Фалстин дар Қоҳира гуфт: гурӯҳи ба номи "Блек Блок", "МОСАД" ва низ тими Зоҳи Хулфон, раиси полиси Дубай дар эҷоди ҳарҷу марҷ ва нооромӣ дар Қоҳира, нақши муассире доранд.

Иброҳим Алдаровӣ,  мудири маркази мутолиоти Фаластин дар Қоҳира дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории "Форс" дар Қоҳира бо ишора ба ин ки ҷарёни "Блек Блок" омили иҷрокунандаи нақшаи байналмилаллӣ барои вайронкунии Миср ва эҷоди ҳарҷу марҷ дар он аст, изҳор дошт: ожонси байналмилалии амният дар ростои тахриби муассисоти миллӣ ва давлатии Миср,  дар таъмини молӣ ва омузишии ҷавонони ҷарёни "Блек Блок" даст дорад.

Оқои Алдаровӣ дар Қоҳира бо ишора ба ҳамкории байналмилалӣ байни "Блек Блок" ва бозмондагони ҳизби миллии ҳоким ва дар садри онон Аҳмад Шафиқ, номзади бозандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт: Шафиқ, Муҳаммад Мурсӣ ва Ихвонулмуслиминро таҳдид кард, ки бо рӯзҳои сиёҳе рубару хоҳанд шуд ва ҳатто аз ин ҳам фаротар рафта ва таъкид кард, ки миллати Миср аз инқилоб пушаймон хоҳанд шуд.

Вай таъкид кард: тими Зоҳи Халфон, раиси полиси Дубай дар ҳимоят аз нақшаҳое, ки барои эҷоди ҳарҷу марҷ ва нооромӣ дар Қоҳира тарроҳӣ шудааст, нақши муассире дорад.

Алдаровӣ ниҳодҳои амниятии Мисро ба зарурати ҳушёрӣ дар баробари чунин дасисаҳое фарохонда ва гуфт: ин дасисаҳо, авзоъи амниятӣ вҷа суботи кишварро сахт таҳти фишор қарор хоҳанд дод..




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!