Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Суғуртаи давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон баррасӣ шуд

4 феврал 2013, 12:14

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Евгений Аметов, директори Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои суғуртавӣ ва нафақавӣ мулоқот кард.

Тавре аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили марбут ба баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Таҷрибаи ҷаҳонии ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ» баррасӣ гардид: «Ин конфронс моҳи майи соли равон бо дастгирии райисҷумҳур дар Душанбе баргузор мешавад».

Ёдрас менамоем, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳанўз аз соли 1992 узви Ассотсиатсияи мазкур мебошад ва дар миёни дигар давлатҳои аъзои ИДМ аввалин шуда, механизми пардохти маблағҳои нафақавии шахсони суғурташударо ба роҳ мондааст. Ҳоло ин масъала дар кишварҳои дигар ҳамчун таҷриба мавриди омўзиш қарор дода шудааст.

Гуфтанист, ташаббуси масъулини бахши ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистонро ба назар гирифта, Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои суғуртавӣ ва нафақавӣ тасмим дорад, конфронси навбатиро дар Душанбе баргузор кунад.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!