Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:56

Р.Баҳронов: Таваррум дар 5 моҳи сипаришуда ба 6,9 % баробар шудааст

22 июн 2011, 06:53

Масоили рушди иқтисоди миллӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.


Дар робита ба ин дирӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи  вазорат оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар 5-моҳи соли равон сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин вазоратхона иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, намояндагони масъул аз дастгоҳи иҷроияи президент ва мақомоти мухталифи ҳукумат ширкат доштанд.  
Зимни ин ҳамоиш натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ, сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ гардид. Раҳмон Баҳронов, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, суръати рушди ММД дар ин давра 6,4% ва сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ 6,9%-ро ташкил медиҳад.
Анвар  Ёқубов, роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд гуфт, ки дар ин давра  9 субъекти хоҷагидорӣ дар минтақа ба қайд гирифта шудааст ва айни замон миқдори умумии онҳо ба 14 адад расидааст. Ҳоло лоиҳаҳои инвеститсонии 6 ширкати дигар ҷиҳати бақайдгирӣ пешниҳод шуда, мавриди омӯзиш қарор доранд, афзудааст Ёқубов.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!