Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:59

Аз думи хар то риши падар

26 сентябр 2011, 09:19

Вазъи нохуби иқтисодӣ ва иҷтимоии аксар хонаводаҳои Тоҷикистон бойис ба он гардидааст, ки кӯдакони онҳо аз таълиму тарбия дур монанд ва рӯ ба бозору фурӯшгоҳҳо оранд. Дар хиёбону кӯчаҳои шаҳр бошад рӯз аз рӯз сафи бачаҳои мошиншӯву салафанфурӯш зиёд мешавад. Бархеҳо ин мушкилоти ҷомеъаро ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузашта рабт медиҳанд, дигарон омилро аз дигар ҷо меҷӯянд. Ба ҳар сурат проблема вуҷуд дорад ва роҳи ҳалаш номаълум…

Фаридун Абдуллоеви 11- сола, аз субҳи содиқ то зӯҳри рӯз дар бозори «Варзоб»-и пойтахт бори харидоронро ба берун кашонда, дар ивази меҳнаташ 1 сомонӣ ҳаққи хизмат мегирад.Табиист, ки дар ин вақт Фаридун бояд машғули омода намудани дарсҳояш бошаду аз илму адаб баҳравар гардад. Аммо тақдир ӯро ба бозор андохтааст. Фаридун мегӯяд, падару бародарам ҷои кори доимӣ надоранд, чизе ки аз меҳнати кироя ба даст меоранд, сарфи хӯрокворӣ мегардад. Барои ҳамин ман ҳам бозоракӣ шудам, то мабалағ  ба даст оварда, барои эҳтиёҷоти шахсиам истифода кунам.

-Дарс ҳам меравам, мо баъди «обед» мехонем, мегӯяд ҳамсӯҳбати ман. «Ҳамеша ба дарсҳоям иштирок мекунам, ба сабаби ин кор дарсгурезиву танбалиро ҳеч вақт ба худ роҳ намедиҳам, ҳама вақт ба соат нигоҳ мекунам, ҳамин ки ба 12 наздик шуд корро тарк карда, ба сўи мактаб шитоб мекунам. Ман дўст медорам, ки шароитам таъмин бошад, мегўяд Фаридун. «То вақтҳои холиямро ба хондан сарф кунам, аммо мутаасифона чунин нест.Аз ин сабаб шабҳо барои худ вақт ҷудо карда, ба дарсҳоям тайёр мешавам ва дар оянда орзуҳои бисёр дорам». Ба гуфташ дар мактаби рақами 34-и пойтахт таҳсил мекунад. Барои таҳсили солона-150 сомонӣ, барои таъмири мактаб  -20 сомонӣ ва пули яксолаи фаррош -9 сомонӣ аст, дар маҷмўъ 179 сомонӣ аз мо мегиранд. Ман қисми зиёди ин пулҳоро худам пардохт мекунам ва боз дар баробари ин барои пӯшоку лавозимоти мактаб пул лозим мешавад, аз ин рӯ маҷбур шудам, ки кор кунам. Оилаи онҳо чанд муддат дар муҳоҷират дар ҷумҳурии Қазоқистон низ будааст. «Ман дар  он ҷо ҳам мактаб хондам, аммо муаллимони қазоқ аз мо пул намегирифтанд, фақат барои театр рафтан пул медодему бас, он ҳам ихтиёрӣ, на маҷбурӣ»,-мегӯяд Фаридун. «Аз ин хотир ман аз масъулини вазорати маорифи Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки ин мушкилотро нодида нагиранд, барои мо кӯдакон сабукӣ биёранд»…

Маврид ба ёдоварист, баъзе наврасон аз манотиқи мухталифи кишвар барои пайдо кардани «рўзгори беҳтар» ба Душанбе меоянд ва бо ҳамин ба зодгоҳашон бар намегарданд, таҳсилро дар мактаб низ ба таъхир мегузоранд. Шаҳриёр Қосимови 12 сола, муҳассили мактаби миёнаи рақами 2-и ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст. Номаш дар журнали синф қайд шудааст, аммо мутаасифона таҳсил намекунад. Шаҳриёр ба хонаи амакаш ба пойтахт меҳмонӣ омада, дар бозор машғули кор шудааст. Зимни сўҳбат бо мо гуфт, ки шароити хонаамон вазнин аст аз ин рў дар бозор кор мекунам»...

Ҳамеша суолоте зеҳнамро ба андешидан водор месозад . Оё ҷомеае, ки бо чунин ҳол  рў ба рў аст, метавонад ба орзуҳояш ноил бигардад? Ояндаи кишварамон ба чи ҳол меомада бошад?  Магар ояндаи ҷомеа ҳамин  наврасон нестанд? Кўдаконе, ки ба ин ҳол гирифторанд, ҷавобашонро ки бояд бигўяд, падару модар ва ё каси дигар? Ё ин ки ҳечкас мавриди пурсиш қарор намегирад? Чаро ва чӣ омил бойис гаштааст, ки кўдакони имрўза аз таҳсил дур мемонанд? Роҳи ҳалли ин муаммо дар куҷост? Ин ва чанд саволи дигар моро пайи дарёфти ҷавоб ба пойи сўҳбати коршиносон ва устодон бурд. Фатҳулло Латифов,   омўзгори гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар ин назар аст, ки ҳукумати ҶТ зери консепсияи миллии ҳуқуки кўдак имзо гузоштааст ва бинобар тақозои он бояд ҳуқуқи кўдакон аз тарафи ҳукумати ҶТ ҳимоя карда шавад ва масъулин вазифадоранд, ки кўдаконро то 18 солагӣ ба омўзиши илму фарҳанг  ҷалб намоянд. Мутаасифона, аз сабаби паст будани вазъи  иқтисодӣ дар ҶТ кўдакон ба ҳар гуна корҳо машғуланд, аз қабили боркашонӣ, салафанфурушӣ, мошиншўӣ ва ҳатто кўдаконе ба мушоҳида мерасанд, ки ба талбандагӣ машғуланд. Метавон гуфт, ки ояндаи амали ин кўдакон ду ҷанба дорад, ҷанбаи мусбӣ ва ҷанбаи манфӣ. Ҷанбаи мусбӣ ин аст, ки кўдак дар ҳаёти ҳаррўза баъзе норасоиҳои худ ё хонаро бартараф мекунад. Аммо ҷанбае, ки ба ояндаи кўдак таъсири  манфӣ мегузорад,  аз илму фарҳанг ва одобу ахлоқи ҳамида маҳрум мондани ўст, ки инро метавон хисороти ҷиддӣ муаррифи кард , зеро ҷавони саргарм дар меҳнат рўзе ҳуш ба сараш медарояд, ки аллакай нисфи умраш сипарӣ шудааст, акнун дар ў дигар  на илм ва на истеъдод аст, маҷбур мешавад то боқии умрашро ба мардикориву ба аробакашӣ гузаронад. Инчунин он муҳите, ки кўдакон дар он тарбия меёбанд, ки кўчаву бозор аст дар оянда ба ҳар кор даст заданашон имкон дорад. Мутаассифона, баъзе падарону модарон ояндаи фарзандонашонро андеша намекунанд ва ба хотири он пули ночизи фарзанд чашмашонро парда фаро мегираду худро ба карӣ меандозанд. Ба андешаи Фатҳулло Латифов, яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот баланд бардоштани маоши шаҳрвандон мебошад, зеро ҳадди ақали маош дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ мерасад, ки ин маблағи ночиз ҳатто барои роҳкиро кифоя нест. Агар маоши шаҳрвандон то андозае баланд бардошта мешуд, ки падару модар вазъи иқтисодии оиларо беҳтар мекарданд, кўдакон низ ба ин кор рў намеоварданд. Бояд гўфт, ки на ҳама кўдакон аз рўи камбудии оила рў ба меҳнат овардаанд, балки қисми аз онҳо ба хотири мақсадҳои шахсии худ ин корро мекунанд. Масалан, кўдакон хоҳиши чизҳои зиёд доранд, ки дар зиндагӣ муҳим нест барои ба даст овардани он аз падару  модар пул мепурсанд онҳо, ки имкони пардохт карданро пайдо намекунанд фарзанд рў ба меҳнат меорад, ё барои бозии компютерӣ, ки имрўз ҳама ҷоро фаро гирифтааст пул лозим меояд дар натиҷа кўдак ба ин амал даст мезанад. Латифов мегўяд, мақомоти дахлдор ўҳдадоранд, ки чунин маконҳоро аз қабили компютерхонаҳо, дискотекаҳо ва ғайра зери назорати шадид қарор бидиҳанд. Аз он ки ҷойҳои амн ва бехатарро назорат бикунанд, беҳтар мешуд, чунин ҷойҳоро назорат мекарданд. Ҳамсўҳбатамон афзуд, вазорати маориф вазифадор нест, ки  кўдаконро аз кўчаву бозор ҷамъ карда пеши роҳи онҳоро бигирад, масъулияти вазорати маориф танҳо таълиму тарбияи дурустро ба роҳ мондан аст, чӣ дар боғчаву макотиби миёна ва чӣ донишгоҳҳои олӣ. Мутаассифона, мегўяд Латифов, вазорати маориф ин вазифаи асосии худро иҷро накарда истодааст, баръакс таълими баъзе аз фанҳои заруриро аз қабили маърифати исломӣ барҳам дод. Ҳатто ҷаноби вазир дастури қатъӣ дод, ки дар ҳар мактабе, ки тадриси фанни маърифати исломӣ ба роҳ монда шудааст, масъулони он ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Абдуллоҳи Оқилзода, устоди Донишкадаи Исломии ҶТ роҳи ҳалли масъаларо дар умқтар фаро гирифтани таълими ислом мебинад. Номбурда чанд пешниҳоди мушаххасе дорад, ки ба назараш истифодаи он аз манфиат холӣ нест ва роҳи ҳалли муаммои мавҷуда аст. Омилҳо ва проблемаро шарҳ дода, мегўяд, кўдаконе, ки дар кўчаву бозор барои боркашӣ, мошиншўӣ ва ғайра машғул ҳастанд, ҳаргиз аз рўи дилхушӣ ба ин ҳама заҳматҳои сангин даст намезананд, балки онҳоро вазъи бади иқтисодӣ ба ин кор маҷбур кардааст. Оқилзода илова мекунад, ки чунин кўдакон бояд зери сарпарастии махсуси волидайн қарор гиранд. Дар сурате, ки аз волидайн маҳрум бошанд мувофиқ ба таълимоти динӣ хешу ақрабо масъули таълиму тарбияи онҳо мебошанд. Яъне, барои ҳалли чунин як мушкили иҷтимоӣ Ислом пайравони худро ба ҳамкорӣ даъват мекунад. Инчунин ҳукумат ҳам тибқи қавонини исломӣ сарпарасти кўдакони камбизоат маҳсуб меёбад. Оқилзода пешниҳод мекунад, ки:

- ВАО-и мо (манзураш расонаҳои давлатӣ аст) ҳар чӣ зудтар аз пахши як чунин барномаҳои нолоиқу нозарур даст кашанд, масалан барномаҳои «Зебосанам» ва «овози тиллоӣ», ки аз ояндасозияшон дида ояндасўзияшон бештар аст.

- Танҳо бо гуфтани «ҷавонон ояндаи миллатанд» масъала ҳал намешавад. Балки ин шиор бояд дар амал татбиқ шавад.

Коршиносон мегўянд, барои омода намудани кадрҳои ҳирфаӣ ва лаёқатманду ояндасоз кўшиши зиёд зарур аст. Суоли риторикӣ ин аст, ки киро метавон ояндаи миллат гуфт? Ҳамин наврасоне, ки аз таълиму тарбия маҳрум ва пойбанди бозоранд? Ё онҳое, ки пулмасту ҷипсавор аз одобу ахлоқ маҳрум ва мағзашон аз илму фарҳанг тиҳӣ? Ё ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо азобу машаққат умр ба сар мебаранд?  Табиист, ки посухи соҳибаназарон низ як гунна нест, аммо кули эшон таълиму тарбияро дар ҷои аввал мегузоранд.Имом Муҳаммади  Ғаззолӣ, мутафаккир ва файласуфи бузург дар мавриди тарбияи фарзанд ба ин андеша аст: «Бояд донист, ки таълиму тарбияи фарзанд, яке аз муҳимтарин ва асоситарин умури зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Фарзандон назди волидайнашон амонатанд.  Қалби поки онҳо гавҳарҳои гаронбаҳо ва поку мусаффо, ки аз ҳар гуна нақш ва тасвир холӣ буда, ҳама чизро қабул мекунанд ва ба ҳар тарафе, ки хоста шавад, майл мекунанд. Агар онҳоро ба кори нек одат диҳанд, некўкор ба воя мерасанд. Ва саодати дунё ва охиратро касб намуда, падару модар ва муаллиму мураббӣ низ аз он некиҳо баҳравар  хоҳанд шуд. Аммо агар онҳоро  ба кирдори зишт одат бидиҳанд ва нисбати онҳо бетаваҷҷўҳ бошанд, бадбахт ва бадсаранҷом шуда нобуд мегарданд ва волидайну муаллим ва мураббию адабомўз, ки дар мавриди таълим ва тарбияи онҳо кўтоҳӣ карда бошанд, дар муҷозоти  онҳо шарик хоҳанд буд».

Таърих ҳам инро исбот кардааст: «Падаре нисбати писараш бетаваҷҷўҳ ва беаҳамият буд. Фарзанд аз таълиму тарбия фарсахҳо дур монда, харе дошт, ки  аз субҳ то шом бо ў машғули меҳнат буд. Рўзе бо падари худ мухолифат варзид ва риши падарашро дошта, ўро лату кўб кард.

Чун писар парварда шуд дар думи хар,

Думи хар кай донад, аз риши падар.

Пандест омўхтанӣ ва барои таҷрибаи рўзгор муфид, албатта агар ба тарбияи фарзанд бетафовут набошем, то ў риши падарро аз думи хар фарқ карда тавонад…

Қадриддин Исоев, донишҷўи бахши ғойибонаи факултаи журналистикаи ДМТ{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!