Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:56

СҲШ: МАЙДОНИ БОЗИИ 2 АБАРҚУДРАТ

27 май 2011, 06:56

Ба хотири ҳассос накардани Русия Чин ба ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ба сурати дуҷониба дунболи анҷоми тарҳҳои мухталифе мебошад, ки мо намунаҳои боризи онро дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сохти зербиноҳо ё инфросохтори ҳамлу нақл, назири роҳ, роҳи оҳан, хати интиқоли нерӯи барқ ва амсоли инҳоро мушоҳида мекунем.

Созмони номуваффақ

Ҳанӯз даҳ сол қабл «Панҷгонаи Шанхай», ки соли 1996 бар пояи як тавофуқнома миёни Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар робита ба эътимодсозии иқдомот дар ҳавзаи низомӣ ва бар коҳиши мутақобилаи нерӯҳои мусаллаҳ дар манотиқи марзӣ ташкил шуда буд, бинобар ба ин созмон шомил шудани Ӯзбакистон, кишвари дигаре аз ҷамоҳири узви собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табдили ном ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кард. Муттаҳид намудани ҷамоҳири узв дар ростои мубориза алайҳи терроризм, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳоказоро ин ташкилот аз зумраи аҳдофи аввалиндараҷаи худ арза дошт. Ин созмон таҳти унвони ҷадид дар ҳоле шурӯъ ба кор кард, ки Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай муҳимтарин нақши худро қабл аз таъсиси ин созмон анҷом дода буданд. «Манзури ман ҳаллу фасли масоили марзӣ миёни Чин ва ҷамоҳири узви собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад», илова намуд Қ. Бекмуҳаммад.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муовини райиси маркази тадқиқоти старатегии назди президент мегӯяд, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, дар ҳақиқат, яке аз созмонҳои ҳозиразамон ва пешқадами минтақа аст ва чунин ба назар мерасад, ки ин созмон  ояндаи муайян дорад. «Вале агар дар бораи он корҳои дар доираи ин созмон анҷоммешуда сухан равад, он гоҳ наметавон гуфт, ки фаъолияти ин созмон қаноъатмандкунанда аст. Зеро дар доираи фаъолияти ин созмон бисёре аз масъалаҳо ҳалли худро наёфтаанд ва пеш аз ҳама васеъшавии худи созмон ба амал наомадааст», афзуд  Сафаров.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик низ мегӯяд,  аз нигоҳи иҷрои он вазоифе, ки пеши ин созмон гузошта шуда буданд, албатта, онро наметавон созмони муваффақ шумурд, зеро ин созмон ҳоло ҳам дар ҳамон марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад ва  ба гуфтаи ӯ, то ҳол муайян нагаштааст, ки кадом самти фаъолияти созмон самти асосии фаъолият мебошад. Ҳамзамон кишварҳои узв афкори гуногунро пайгирӣ доранд. Ба эътиқоди Парвиз Муллоҷонов, гуфтан мумкин аст, ки СҲШ ҳоло ҳам дар ҳамон мариҳали ташкилёбию муайянкунии вазифаҳо ва самтҳои фаъолият қарор дорад. Зимнан, Парвиз Муллоҷонов ба ин назар аст, ки муттаҳид намудани кишварҳои узв яке аз мақосиди ҳадафмадонаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай буд ва мебоист ин созмон ҳамчун як омили муттаҳидкунандаи давлатҳои узв фаъолият кунад, лекин мутаассифона, кор чунин ранг нагирифт. Гарчанде ин созмон кӯшишҳои зиёд кард, ки кишварҳои узвро муттаҳид кунад, аммо мутаассифона, низоъҳое, ки миёни баъзе аз кишварҳо вуҷуд доштанд, рӯ ба афзоиш ниҳоданд.

Чун сухан аз ташаннуҷу таниш ва ё низоъ меравад, албатта, масъалаи мусбату акси он, яъне амният низ ҷилвагар дар зеҳн мешавад. Дар иртибот ба ин масъала Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, мавзеъгирии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷиҳати масоили амниятӣ, бахусус масъалаи амнияти Афғонистон дақиқан муайян нашудааст. Сайфуллоҳ Сафаров дар ҳоле нисбат ба масоили амниятӣ камранг будани фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро тазаккур медиҳад, ки Фаррух Умаров, масъули дигаре аз маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, дар оинномаи СҲШ мубориза бо се ҷараёни номатлуб – ҷудоиандозӣ, ифротгароӣ ва терроризм сабт шудааст ва чун Чину фарогири соири кишварҳои узви СҲШ бо ҷумҳурии Афғонистон ҳаммарзанд, кишвари Чин манфиатдор аст, то дар мубориза алайҳи ин се падидаи номатлуб камар бубандад. Вақте ки ҷиҳати мубориза бо се мушкили зикргардида дар оинномаи СҲШ сабт гардидааст, барои Чин аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст, бинобар ин ин созмон ҳамчун созмони сиёсӣ эътироф шудааст. Баъдан, ба гуфтаи Умаров, заминаи рушди иқтисодӣ таъмин кардани амният аст. Ва имрӯз ҷумҳурии мардумии Чин, ки яке аз бозингарони аслии СҲШ ба шумор меравад, барои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худ бояд дар ҳалли мушкилоти фавқуззикр саҳми худро гузораду масъалаи амнияти Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, ки ҳамсарҳади ҷумҳурии мардумии Чин мебошанд, бояд дар сиёсати хориҷии Чин авлавият дошта бошад, то тавсеъаи падидаҳои номатлуби зикршуда ба рушди иқтисодии Чин таъсири манфӣ нарасонад, дар ҳоле ки ин давлат муддаъии он аст, ки то солҳои 2025 – ум яке аз лидерҳои ҷаҳон мешавад. Ҳатто Чин иддао дорад, ки аз Амрико пеш мегузарад. Вале ба назари ин коршинос, то ин се масъала – терроризм, сепаратизм ва экстремизм ҳалли худро наёбад, Чин ба ҳадафи стротежии худ расида наметавонад.

Интизориҳо ва аммо камрангиҳои фаъолияти созмон

Дар ҳоле иддае аз коршиносону таҳлилгарон аз ғайриқанобахш будани фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сӯҳбат мекунанд, ки Фаррух Умаров мегӯяд, СҲШ аз нуқтаи назари манфиатҳои миллии Тоҷикистон, яке аз созмонҳои муваффақ аст. Зеро ду абарқудрати минтақа Русияву Чин шомили ин созмонанду мо бо онҳо ҳамкорӣ дорем ва манфиатҳои миллии худро дар доираи фаъолияти ин созмон амалӣ карда истодаем. Ба андешаи ӯ, он натиҷаҳои амалие, ки имрӯз дар робита ба манофеъи милливу давлатии Тоҷикистон ба назар мерасанд, далолат бар он мекунанд, ки ҳамкориҳо бо ин созмон ба нафъи Тоҷикистонанд. «Аввалан, ҳиҷрати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсия Русия ва баъдан, ин ки ягон давлати дигар мисли Чин барои берун шудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ кӯмак накарда истодааст. Имрӯз мо роҳҳои зиёде кушода истодаем, ки яке аз ҳадафҳои стротежии кишварро ҳамин ҷиҳат ташкил мекунад ва дар амалӣ гаштани ин стротежӣ Чин саҳме дорад бориз», меафзояд Фаррух Умаров. Вале ба қавли Қосими Бекмуҳаммад, агар ба фаъолияти даҳсолаи ин созмон таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, хоҳем дид, ки натоиҷи фаъолияти ин созмон бо он чӣ, ки дар ибтидо интизор мерафт, фосила доранд. Дар аввал гумон мерафт, ки Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар заминаҳои муҳимтарин ҳарферо дар қиболи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ хоҳад зад. Вале то имрӯз, мутаассифона, ҳам дар абъоди амниятӣ, ҳам иқтисодӣ натоиҷи муҳимеро аз амалкарди ин созмон мушоҳида намекунем. Агар натиҷаи мусбате ба назар мерасад, умдатан дар асоси ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳои узв мебошад, бахусус ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Бо вуҷуди он ки Қ. Бекмуҳаммад нақши ин созмонро дар абъоди амниятиву иқтисодӣ камранг унвон менамояд, аммо коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Имоилиён мегӯяд, СҲШ дар ҳамгироии иқтисодии кишварҳои минтақа нақши муҳим дорад, вале вақте ки Чин шомили ин созмон аст, яъне кишвари дорои иқтисоди дуввуми ҷаҳонӣ ва аз сӯйи дигар Русия, абарқудратҳои зикршуда ба соири ҷамоҳири узв таъсири зиёд доранд. Агар аз назари аҳамияти иқтисодии ин созмон ба Тоҷикистон ҳарф бизанем, ба эътиқоди Зулфиқори Исмоилиён, мебинем, ки СҲШ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақш дорад. Чин шарики иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон сармоягузор буда, яке аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аммо Қосими Бекмуҳаммад бештар камрангии фаъолияти иқтисодии СҲШ – ро таъкид менамояд ва ин ҷиҳатро ба он муртабит медонад, ки Русия ва Чин дар мавзеъи рақобат бо якдигар қарор гирифтаанд. «Русия эҳсос мекунад, ки аз назари масоили амниятӣ, дар фазои ҳамкориҳои СҲШ, ки дар амал фарогири Осиёи Марказӣ мебошад, метавонад ҳарфи муҳимтареро бизанад, ҳарчанд ки солҳои ахир дар заминаҳои амниятӣ нақши худро батадриҷ боло мебарад ва аз тарафи дигар Чин бо сармояи ҳангуфте ки дар ихтиёр дорад, мехоҳад аз фазои СҲШ барои иҷрои барнома ва стротежии худ дар Осиёи Марказӣ барҳрабардорӣ ба амал биёварад. Вале мо мебинем, ки дар ин замина Русия алоқаманди тавсеаъи ҳамкории кишварҳои узв бо Чин нест. Ин ҳам бошад, дар ҳолест, ки Русия наметавонад аз назари молӣ ва иқтисодӣ бо Чин ҳампо пеш биравад. Ин аст, ки ба хотири ҳассос накардани Русия Чин ба ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ ба сурати дуҷониба дунболи анҷоми тарҳҳои мухталифе мебошад, ки мо намунаҳои боризи онро дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сохти зербиноҳо ё инфросохтори ҳамлу нақл, назири роҳ, роҳи оҳан, хати интиқоли нерӯи барқ ва амсоли инҳоро мушоҳида мекунем, вале дар маҷмӯъ, алорағми эҷоди сандуқи ин созмон ва эълони ихтисоси пулҳои ҳангуфт барои иҷрои тарҳҳои муштарак мо то ҳанӯз натавонистем шоҳиди анҷоми тарҳҳои муҳими иқтисодӣ ё амниятӣ дар самти фаъолияти СҲШ бошем», мегӯяд Қ. Бекмуҳаммад.

Сиёсати инҳисорӣ ё ба истилоҳ монополӣ

Дар зимн Зулфиқори Исмоилиён ишколи аслиро на дар самти фаъолияти иқтисодии созмон мибанад, балки ҳамсон будани сиёсати СҲШ-ро бо сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ тазаккур дода, меафзояд, ки «Русияву Чин ҳамеша талош меварзанд, то дар дигар кишварҳои узв бозор пайдо кунанд. Яъне тавре ба назар мерасад, сиёсати созмон ба гунае тарҳрезӣ шуда, ки Чину Русия соири кишварҳоро ҳамчун манбаъи ашёи хом нигоҳ медоранд, вале дар бахши тавлидотӣ, ки метавонад пешрафти иқтисодиро поя гузорад, талош намеварзанд. Ҳоло бубинед, ки Чину Русия барои Тоҷикистон ягон корхонаи тавлидие бунёд накардаанд. Ин кишварҳо танҳо сармоягузорӣ мекунанд дар сохтмони зербиноҳо, сохтани роҳу нерӯгоҳҳо, зеро ҳангоми амалӣ шудани чунин объектҳо онҳо фоидаи зиёде ба даст меоранд. Вале бо вуҷуди ин Чин ҳамеша талош меварзад, ки Тоҷикистон барои он ҳамчун як бозори молӣ боқӣ монад. Бубинед, ки 90%-и колои мардуми Тоҷикистон аз Чин ворид мешавад ва худи Чин ба ин алоқаманд аст. Ё Русияро мисол биёрем. Бубинед, ки мо тамоми маводи сӯзишвориро аз Русия ворид менамоем».

Бояд гуфт, аз мавзеъгирии Қосими Бекмуҳаммад дар иртибот ба мақоми Чин ва Русия дар СҲШ бармеояд, ки ду абарқудрат дар ҳолати рақобат бо ҳамдигар фаъолият карда истодаанд ва ин рақобат адами пешрафти ҳамкориҳои иқтисодии фаротар дар доираи созмон шудааст. Вале Зулфиқори Исмоилиён ба рақобати ин ду абарқудрат аз зовияи мусбат ишора намуда, иброз медорад: рақобат миёни Чину Русия вуҷуд дорад. Яъне миёни ин ду абарқудрат дар ҳоле рақобат вуҷуд дорад, ки бидуни рақобат ҳеҷ созмоне пеш рафта наметавонад. Ба таъкиди З. Исмоилиён, гузашта аз ин миёни ҳамаи кишварҳои узв рақобати солим бояд вуҷуд дошта бошад, яъне матраҳ кардани манфиатҳои миллии ҳар як кишвар. Ин гуна рақобат барои кишварҳо аз аҳамият холӣ нест.

Дар иртибот ба рақобати Русияву Чин, ки аз ҷониби Қ. Бекмуҳаммад гуфта мешавад, фаъолияти созмонро камранг кардааст, З. Исмоилиён мувофиқ нест ва ӯ ишора менамояд, ки наметавон гуфт, ҳадафи рақобат бар ҳамин асос аст. Ба қавли ӯ, дар сурате ки Русияву Чин дар иҷрои барномаҳои иқтисодӣ рақобат менамоянд, нафъи он ба кишварҳои дигари узв бештар мешавад. Ба гунаи мисол,   Исмоилиён меафзояд, вақте ки Русия хост нерӯгоҳи «Нуробод-1» ва «Нуробод-2»-ро сармоягузорӣ кунад, Чин низ ошкор кард, ки мехоҳад сармоягузор дар ин НБО-ҳо бошад. Дар ин миён Эрон низ ба сохтмони ин нерӯгоҳҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда, бунёди онҳоро ба дӯш гирифт. Маҳз ҳамин рақобат боис шуд, ки яке аз муштариёни бозори энержии Тоҷикистон Эрон низ дар бунёди НБО – ҳои фавқуззикр саҳм бигирад. Аз ин нигоҳ наметавон гуфт, ки рақобати ду абарқудрат нақши иқтисодии созмонро камранг кардааст, балки баръакси ҳол мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар он аст, ки агар сиёсати СҲШ дар бахши иқтисодӣ тағйир меёфт ва барои сохтмони корхонаҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон ё дигар кишварҳои узв сармоягузорӣ мекарданд, дар он сурат мо гуфта метавонистем, ки воқеан, фаъолияти ин созмон барои кишварҳои узв аз аҳамият холӣ нест. Ин дар ҳолест, ки Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, «имрӯз амалан Чин шарики шумораи яки кишварҳои узв талаққӣ мешавад, ки дар гузашта ин ҷойгоҳро Русия дошт. Бо ин ҳол, фикр мекунам,  дар чанд соли оянда фаъолияти СҲШ густурда нахоҳад шуд ва бо истифода аз ин фазо Чин худро ба сурати тамомайёр тақвият хоҳад дод ва Русия ҳам бо таваҷҷӯҳ ба беҳбуди шароити иқтисодии худ, бахусус бо истифода аз даромадҳое, ки аз соҳаи нафт ба даст меорад, талош хоҳад кард, то дар ин созмон ба боло бурдани нақши нафти худ муваффақ бишавад».

Дар интиҳо бояд гуфт, аз афкори таҳлилгарону коршиносон бармеояд, ки талошҳои абарқудратҳо дар доираи фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои расидан ба аҳдофи худ дар ҳоли авҷгирист. Шояд ба ҳамин хотир бошад, ки гарчанде аз шурӯъ ба кор кардани Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 10 сол ҳам сипарӣ мешавад, аммо фаъолияти ин созмон дар кулли фазоҳо таҳлигарону коршиносонро то ҳол қонеъ накардааст. Бинобар ин фаъолияти он дар оянда чӣ гуна сурат хоҳад гирифту чӣ гуна баҳогузорӣ хоҳад шуд, албатта, инро танҳо вақт нишон хоҳад дод.{jathumbnail off}

Талабшоҳи Салом


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!