Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:43

Маро Эмомалӣ Раҳмон озод кард

1 июл 2011, 08:25

Қазияи  Ширинбек Искандаров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷумҳурии исломии Афғонистон зиндонӣ буд, барои хонандагони "Озодагон" маълум аст.


Тавре дар матолиби қаблӣ роҷеъ ба қазияи Ширинбек Искандаров таъкид намудем, номбурда бо ҳамроҳии ду нафар шаҳрванди дигари Тоҷикистон бидуни ҳеч далелу сабаб давоми 2 солу 11 моҳ дар маҳбаси "Пули чархӣ"-и Кобул нигоҳ дошта мешуданд. Тибқи маълумоти ба даст расида аз қазияи ин шаҳрвандон сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Додситони кулл ва дигар мақомоти марбута ба хуб огоҳӣ доранд. Бино бар маълумоти расмие, ки қаблан мо рӯйи даст доштем, дар робита ба раҳо кардани се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз маҳбаси Афғонистон мақомоти дахлдори кишвар аз ҷумла сафорати Душанбе дар Кобул ва вазорати умури хориҷа тамоми чораҳоро меандешанд. Бо ин ҳама наздикони Ширинбек Искандаров аз бемасъулиятии сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон шикоят мекарданд…

Ҳафтаи сипаришуда бо як тамоси телефонӣ Давлат Назрӣ, сардори департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз раҳоии Ширинбек Искандаров хабар дод. Пас аз ин роҳ ҷониби манзили Ширинбек Искандаров гирифтем. Аз хонаи Ширинбек Искандаров садои ханда меомад ва бо боз шудани дар чеҳраҳои хандон низ падид омаданд. Ин ҷо бо Ширинбек Искандаров барои ошноии комил аз қазияаш сӯҳбате анҷом додем, ва дар оғози сӯҳбат аз ӯ пурсидем, ки кай ва дар асоси кадом ҳуҷҷат аз зиндони "Пули чархӣ"-и Кобул раҳо ёфтед?

-Таърихи 13-уми июни соли 2011 маро аз зиндон раҳо карданд. Бояд бигӯям, ки ба ман дар мавриди асоси раҳоӣ ёфтан ҳеч ҳуҷҷате пешниҳод накарданд. Рӯзи 13-уми июн як намояндаи амнияти Афғонистон назди ман омад ва гуфт, ки метавонам биравам. Маро ба сафорати Тоҷикистон набурданд. Аз камераи маҳбасхона маро рост ба як идора бурданд. Онҷо маро Саидмаъруф Шарифов, ки худро котиби сафири Тоҷикистон дар Кобул муаррифӣ кард, пешвоз гирифт. Саидмаъруф Шарифов ба ман ҳуҷҷатеро дароз кард ва гуфт, ки бояд фавран роҳ ҷониби фурӯдгоҳ гирам. Ман аз онҳо дархост намудам, ки 2 ҳазору 800 доллар ва ҳуҷҷатҳоям:  шиносномаи тоҷикӣ- хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳукуматиро бидиҳанд. Вале, масъулини Тоҷикистон ба ман гуфтанд, ки ту бояд ҳозир савори тайёра шуда ба Душанбе равӣ ва тамоми асноду дигар ҷиҳозамро аз пас равон мекунанд. Илова бар ин ман аз онҳо талаб намудам, то мактубе бароям бидиҳанд, ки давоми 2 солу 11 моҳ дар асоси кадом санад маро дар зиндон нигоҳ доштанд. Агар муҷрим ҳастам, бинависанд, ки гунаҳкор будам ва ҳамин қадар ҷазо гирифтам, аммо агар ба ҳеч ҷинояте даст надорам бароям санаде бидиҳанд ва гӯянд, ки бегуноҳ боздошт кардаанд. Ростӣ, ман аз ин шеваи раҳоёбӣ дар тааҷуб афтодам, чизе аз ин беш гуфта наметавонам.

-Яъне, ин маънои онро дорад, ки дар сурати талоши воқеӣ сафорат метавонад ҳамроҳонатонро раҳо намояд?


-Ба бовари ман агар сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ба маънои том кор кунад, давоми 1 соат тамоми маҳбусони тоҷикро раҳо мекунад. Саидмаъруф Шарифов дар сӯҳбат ба ман гуфт, ки қаблан нафари дигар дар ин маснад ифои вазифа мекард. Акнун, ки таъин шудааст, талош дорад то ҳарчӣ зудтар шаҳрвандонро бозпас фиристад. Номбурда аз ман суол намуд, ки чанд нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили зиндони Афғонистон ҳаст. Ман ҳам ҷавоб додам, ки дар маҳбасхонаи "Пули чархӣ" Ҳасан Отариев, Цой Николаевич ва Усмон ном ҷавоне ҳастанд. Ҷаноби Шарифов ваъда дод, ки бо он шаҳрвандон ҳамкорӣ намуда, онҳоро низ раҳо хоҳад кард.

-Лутфан бигӯед, ки шумо бо чӣ барномае соли 2008 ба Кобул сафар кардед ва дар натиҷа зиндонӣ шудед?


-То ҷое ман медонам, Ҳасан бо Яков Цой аз қабл ошноӣ доштанд. Охирҳои моҳи июли соли 2008 Ҳасан бо ман тамоси телефонӣ гирифт ва гуфт, ки бо як дӯсташ бояд бо афғонҳо як қарордод ба имзо расонад, аммо чун русзабон ҳастанд ба тарҷумон ниёз доранд. Ман розӣ шудам, чун мӯҳлати зиёди сафар аз 3 рӯз то 1 ҳафта ваъда шуда буд. Ман бо онҳо тавассути тайёра парвоз накардам. Зеро, дар Афғонистон як дӯсти дерина доштам ва хонаи онҳо ба меҳмонӣ рафтам. Ман бо дӯсти афғонам, ки тахаллусаш "Шер" буд, Ҳасан ва Николаевичро дар майдони ҳавоии Кобул пешвоз гирифта аз он ҷо ба меҳмонхона рафтем. Субҳи фардо дӯсти афғонам гуфт, ки даъваташро барои меҳмонӣ бипазирам ва агар ҳамроҳонам хоҳиш доранд онҳо низ биёянд. Ҳасан ва Николаевич розӣ шуданд. Мо аз меҳмонхона поён шуда, савори таксӣ шудем. Сабукрав тақрибан 2 истгоҳ ҳаракат намуд, ки мошинро манъ карда моро ба идораи амниятии Афғонистон оварданд. Ҳарчанд мо далел мехостем, аммо онҳо бароямон чизе гуфта наметавонистанд. Моро барои ҷосусӣ муттаҳам намуда, мегуфтанд, ки гӯиё барои истихборот вориди Кобул шудаем. Дар идораи амнияти №18 афғонҳо ва амрикоиҳо моро 22 рӯз азобу шиканҷа дода, баъди исботи бегуноҳӣ моро ба идораи дигар таслим намуданд. Онҷо як амрикоӣ гуфт, ки Яков Николаевич Цой мутахасиси симоби сурх аст. То ҷойе ман аз қазия ошноӣ пайдо кардам. Масъулини Афғонистон гуфтанд, ки мо бегуноҳ ҳастем ва ба сафорати Тоҷикистон мактуби расмӣ фиристодаанд, то онҳо моро аз онҷо бубаранд. Вале аз сафорат касе наомад.
Дар идораи дигар моро тақрибан 5 моҳ "нигоҳ" доштанд. Зимнан, дар ҳамин идора намояндаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, намояндагии додситони кули Афғонистон бо мо сӯҳбат карданд. Дар сӯҳбат бо мо масъули афғоне, ки аз Душанбе бештар аз 200 нафар зиндониёнашонро бурда буданд, аз сиёсат ва давлати Тоҷикистон интиқоди зиёд карданд. Он лаҳза мо низ ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон дифоъ аз номи кишвар намудем. Онҳо ба мо гуфтанд, ки давлати шумо бесоҳиб аст. Шумо ҳукумате надоред. Афғонҳо ба ғазаб омада, гуфтанд, ки агар давлати шумо соҳиб медошт омада бо як имзои расмӣ шаҳрвандонашонро аз маҳкама раҳо мекард…

-Дар Кобул мақомоти қудратии Афғонистон нисбати шумо чӣ ҷурмҳое эълон дошта буд?


-Масъулини Афғонистон мегуфтанд, ки Яков Цой Николаевич ва Ҳасан Отариев, ки ҳамроҳи ман буданд, ҷосусони шӯравӣ, яъне Русия ҳастанд. Боз баъдтар эълон карданд, ки мо барои сохтани силоҳи ҳастаӣ ба Кобул омадаем. Ростӣ, дар ҳамон вақт ман аз муфаттиши афғон пурсидам, ки силоҳи ҳастаӣ чист, онҳо аз ман бояд дар мавриди физиотерапевт суол кунанд. Муфаттиш гуфт, ки силоҳи ҳастаӣ яъне маводи инфиҷор кунанда мебошад. Ман ҳайрон шудам. Дар зиндон аз Яков Цой Николаевич пурсидам, ки ин чи маъно дорад ва шояд ӯ ба чизе даст дорад. Номбурда рад  кард. Гуфт, ки аслан афғонҳо худашон намедонанд дар бораи чӣ мепурсанд. Зеро, маводи мунфаҷираро дар даст гирифта гардонда намешавад. Агар бо он маводи мунфаҷира ба тайёра савор шавӣ ҳам, тайёра парвоз нахоҳад кард, яъне он маводро аз марз ба марзе гузаронидан барои шаҳрвандони одӣ корест басо мушкил. Дар ҳамон маврид Цой аз афғонҳо бисёр нигаронӣ намуд. Дар идораи дигари амнияти Афғонистон раҳбари таҳқиқи амнияти миллии Афғонистон генерал Тоҳир ном қумондон, ки худ аз тоҷикони он кишвар буд, гуфт онҳо салоҳияти дар хиёбон баровардани моро надоранд, зеро то он замон аллакай мӯҳлати раводид низ рафта буд. Генерад Тоҳир аз мо 1 ҳафта барои таҳқиқи ҳодиса дархост намуд. Пас аз 1 ҳафта омад ва гуфт, ки шумо се нафар бегуноҳ ҳастед ва масъулини амнияти миллии Афғонистон ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори таслими мо шудаанд. Аммо, аз сафорат назди мо касе наомад. Бо гузашти як ҳафтаи дигар масъулини амнияти Афғонистон боз мактуб равон карданд, ки он ҳам аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Кобул беҷавоб монд. Ҳамин тавр се мактуби расмии мақомоти амнияти миллии Афғонистон дар мавриди истирдоди мо беҷавоб монд. Аз ин масъулини афғон ба ғазаб омада, моро ба маҳкама бурданд, зеро намояндагони Тоҷикистон барои бурдани мо наомаданд.

-Дар зиндони Афғонистон шумо чиро бештар мушоҳида мекардед. Оё буд ҳолатҳое, ки намояндагони давлати дигар шаҳрвандонашонро аз маҳкама раҳо намоянд?


-Албатта. Ин хел ҳолат зиёд ба мушоҳида мерасид. Бубинед, равобит ва муносибати сиёсии Афғонистону Покистон дар кадом сатҳ қарор дорад. Аммо, новобаста аз он намояндагони сафорати Исломобод ҳамарӯза дар зиндонҳои Афғонистон буданд. Ҳатто, як маротиба шоҳид гардидем, ки чӣ гуна Исломобод шаҳрванди худро, ки бо қасди анҷоми амалиёти терорристӣ ба Кобул омада буд, раҳо карда гуфт, ки шаҳрвандаш дар Покистон ҷазояшро хоҳад гирифт. Ҳамин тавр намояндагони сафорати Эрон, Туркия ва дигар кишварҳо ҳамарӯза дар зиндонҳо мегаштанд. Масъулини Туркия як шаҳрванди худро, ки барои 20 сол аз ҷониби мақомоти афғон равонии зиндон гардида буд, раҳо карданд. Дар ҳамин ҳолатҳо мо умедамонро аз масъулини Тоҷикистон - аз сафорат дар Кобул ба тамом баркандем.

-Замоне, ки сафорат ба суроғи шумо намеомад, талоше барои тамоси бевосита гирифтан бо масъулини Тоҷикистон дар Кобул доштед?

-Бале. Бисёр кӯшиш менамудем то бо масъулини сафорат сӯҳбат анҷом диҳем, дар ҳоле ки дифоъ аз ҳуқуқ ва амнияти мо вазифаи ҷонии онҳост. Тавассути наздикони маҳбусони афғонӣ мо ба сафорат ариза ва мактуб равон намудем. Тасаввур кунед, дар зиндон пайдо кардани қаламу коғаз чи хел мушкил аст. Пас аз дарёфти қаламу коғаз мо ба унвони сафорат мактуб навишта ба дасти падари як маҳбуси афғон бо зориву тавалло фиристодем. Зеро, андешае ҳам дар сар чарх мезад, ки эҳтимол масъулини Тоҷикистон аз қазияи мо огоҳӣ надоранд. Пас аз 17 рӯз он пирамард дубора ба зиндонхона омад. Гуфт, ки мактубро ба сафорат бурда, хоҳиш кардааст, то масъуле наздаш барояд. Пирамард гуфт, ки мактубро ба як нафар масъули сафорат, марди қоматбаланд, ки худро консул муаррифӣ кард, расонидааст. Вале, дар ҷавоб "консул"-он масъули қоматбаланди сафорат мактубро пора-пора карда партофта бо қаҳр ба пирамард дида дӯхтааст. Пас аз шунидани ин аз сафорати Тоҷикистон ва масъулиятшиносии онҳо диламон сард гашт. Он пирамард ба ман нигариста гуфт, ки маро бубахшед доктор, (дар маҳбасхона маро ҳама чунин садо мезаданд), вале ман нафаҳмидам, ки сафорати шумо чӣ гуна намояндагии як давлат аст, вақте барои шаҳрвандонаш коре намекунад.

-Пас аз ин чӣ тасмим гирифтед?


-Баъди ин ҳодиса мо тоҷикон талош намудем, то тариқи расонаҳои хабарӣ баромад намоем. Тақрибан ҳар ду моҳ дар шабакаҳои телевизионии "Нурин", "Тулӯъ" ва шабакаи аввали Афғонистон барномаву мусоҳибаҳои ман пахш мешуданд. Хабарнигорон зуд-зуд ба маҳбасхона мерафтанд ва мо ҳам яке аз қаҳрамони аслии барномаашон будем. Бояд гуфт, ки 16 ҳазор маҳбуси афғон маро ба симати як доктор мешинохтанд. Тавассути барномаҳои телевизионӣ сафорати Тоҷикистон дар Эрон аз қазияи мо хабардор шуд. Хабарнигорони маҳалии Лондон, Канада ва Вашингтон барои сӯҳбат омада аксҳоямонро мегирифтанд. Намояндагони ҳуқуқи башар низ аз нақзи ҳуқуқи мо огоҳӣ ёфтанд. Мо муроҷиат карда, аз онҳо даъват намудем то барои раҳоӣ ёфтанамон мусоидат намоянд. Аммо, намояндагони ҳуқуқи башар мегуфтанд, ки мутаасифона коре аз дасташон намеояд. Зеро, дар Кобул сафорати Тоҷикистон фаъолият дорад ва онҳо танҳо ба шаҳрвандоне кӯмак мерасонанд, ки дар Афғонистон намояндагии давлаташон набошад. Бо вуҷуди ин намояндагони ҳуқуқи башар кӯшиш доштанд, то асли қазияро ба сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон расонанд, вале натиҷае надод. Ин амалҳо бойис гардид, ки мо се нафар шаҳрванди Тоҷикистон мавриди таънаи масъулини афғон қарор бигирем. Онҳо ба мо таъна мекарданд, ки тоҷикон сад дарсад бесоҳибанд…

-Шояд шумо аз хабарнигорон даъват мекардед, то тамоми матлабу барномаҳоро ба самъи сафорати Тоҷикистон дар Кобул расонад?


-Сафорати Тоҷикистон аз қазия огоҳӣ дошт. Ҳоҷат ба миёнравии дигарон намонда буд. Дар зиндонхона мо пас аз талоши зиёд шумораи телефони мобилӣ ва кории масъулини сафорати Тоҷикистон дар Афғонистонро пайдо намудем. Бо як нафар тамос гирифтем, ки худро ба мо Рустам, намояндагии консулӣ муаррифӣ намуд. Вале, чун алакай мо ҳам дар зиндон робитаҳои зиёд пайдо намуда будем, пас аз пурсуҷӯ бохабар шудем, ки он шахс дар асл Шаҳобиддин (насабаш фаромӯш шудааст) ном доштааст. Ҳар замоне мо бо азобу машақати зиёд бо вай тамоси телефонӣ мегирифтем, ба мо мегуфт, ки пас аз соати 9 занг бизанем. Баъди соати 9 номбурда бештар дар ҳолати парешонӣ қарор дошт. Зеро, вақте мо сӯҳбат мекардем ба мо ваъдаи зиёди кӯмакрасониро карда, мегуфт, ки фардо боз тамос бигирем. Бо фарорасии субҳи дигар мо ҳатман тамос мегирифтем. Мегуфтем, ки оё бо намояндагони вазорати умури хориҷа ва амнияти миллии Афғонистон сӯҳбат кардааст ё на. Дар ҷавоб номбурда (Шаҳобиддин) мегуфт, ки ҳеч гуна ваъдае ба мо надода ва коре ҳам аз дасташ намеояд. Мо ба "масъул" будани чунин афрод ба амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон дар аҷаб мемондем.

-Бо ин ҳама кашмакашиҳо масъулини Афғонистон бо шумо чӣ гуна муносибат доштанд?


-Масъулини зиндонхона ва амниятии Афғонистон аз парвандаи мо хаста шуда буданд. Ба мо танҳо он кӯмак мерасонд, ки дар вазифаҳои баланди мақомоти афғон тоҷикон буданд. Мо бо кӯмаки барномаҳо аз ҳуқуқи башар вакил гирифтем. Онҳоро ба сафорат равон мекардем, то намояндагони сафорат дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳозир шаванд. Онҳо намеомаданд. Вақте дуввум маротиба мурофиаи додгоҳӣ шуд, ман шахсан ба Шаҳобиддин, ки мутаасифона насабаш аз ёдам рафтааст, занг задам. Он замон номбурда гуфт, ки дар майдони ҳавоӣ аст ва ба Душанбе парвоз дорад, билохира дар мурофиа ширкат вазида наметавонад. Дар мурофиаи додгоҳӣ ба мо ошкоро мегуфтанд, ки супориши амрикоиҳоро иҷро мекунанд. Дар натичаи мурофиаи додгоҳӣ ба мо гуфтанд, ки дар сурати исбот шудани ҷиноят моро зиндонӣ мекунанд, дар акси ҳол ҳукумати Афғонистон бояд барои се сол ҷарима пардохт намояд. Моро дубора ба зиндон оварданд. Дар рӯзи дигар бо Шаҳобиддин тамос гирифтам. Аммо ин замон гуфт, ки дар Шерхон бандар аст ва ба Тоҷикистон меравад.

-Давоми 2 солу 11 моҳ боздид накардани масъулини сафорати Тоҷикистон аз маҳбасхонаи Афғонистон барои раҳоии шумо бойиси тааҷуб аст, боре ҳам наомаданд?


-Ду маротиба масъулини сафорат омаданд. Вале на барои раҳоии мо, балки барои ҳамкорӣ.

-Ҳамкорӣ бо маҳбус, чӣ хел?


-Ман ҳам аз он даъвои эшон дар тааҷҷуб афтодам. Онҳо мегуфтанд, ки бояд ҳамкорӣ намоям. Ман намефаҳмидам ва мегуфтам, ки дар дохили зиндон чӣ гуна ҳамкорӣ мешавад. Онҳо бояд ҳамкории хешро бо маҳбасхона барои раҳоӣ ёфтани мо ба роҳ мемонданд. Ҳадди ақал барои саломатии мо. Бояд бигӯям, ки давоми 2 солу 11 моҳ рӯзҳои сахте аз сарамон гузашт. Пойҳоямон варам ва гурдаҳоямон дард мекард. Сафорати Тоҷикистон барои мо ҳатто 1 дору намефиристод.  

-Шароити зиндони Афғонистон чӣ гуна буд?


-Намедонам чӣ гӯям. Шароити нигоҳдорӣ ва хӯрокашон на бад буд ва на хуб. Зиндон, зиндон аст. Вале шароити ман аз дигар маҳбусон ба кулли фарқ дошт. Дар зиндонхона ман маҳбусонро муолиҷа мекардам, ҳатто қумондону зиндонбонҳоро. Аз ин хотир онҳо ба ман як камераи хуб дода буданд. Хӯрок ҳам аз деги дигар маҳбусон намехӯрдам. Бо гузашти вақт кор то ҷойе расид, ки имкони кӯмаки молӣ расонидан ба Ҳасан Отариев ва Яков Николаевич Цой низ пайдо шуд.

-Шумо гуфтед, ки аз дохили зиндон бо масъулини сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон тамосҳои телефонӣ доштед. Истифода телефон дар маҳбасхонаи Кобул озод буд?


-Қонунгузории Афғонистон истифодаи телефонро манъ кардааст. Вале чӣ кор ҳам мекунем. Дар озодӣ ин қадар нақзи қонун аст, дар дохили зиндон ҳам мешавад. Вақте нафаре бегуноҳ ба маҳкама кашида мешавад, тамоми чораҳоро барои раҳоӣ ёфтан меандешад. Мо бо мушкилӣ аз телефон истифода бурда, бо сафорат тамос мегирифтем. Маъмурияти зиндонхонаи Кобул, ки тоҷик буданд, ба мо кӯмаки маънавӣ мерасониданд. Ёрие, ки ба мо масъулини давлатиамон намерасониданд. Барои рӯҳбардорӣ ба онҳо аз замин то осмон миннатдорем. Онҳо ба мо мегуфтанд, ки тоҷикед, барои дастгирӣ расонидан ин кофӣ аст.

-Яъне, дар Афғонистон ҳатто маъмурони зиндонхона нисбати тоҷикон эҳтиром доранд ва ҳисси миллиашон зиёдтар буд?


-Агар бо масъулини сафорати Тоҷикистон дар Кобул қиёс кардани бошед, сад фисад афғонҳо тоҷиктар буданд. Сафорат ба мо ваъдаи дурӯғ дода суроғе намекард. Вале, бубинед, ки тоҷикони Афғонистон ин қадар кӯшиш мекарданд, то мо рӯҳафтода нашавем.

-Ширинбек, пас чӣ шуд, ки шуморо танҳо раҳо карданд, ҳамроҳонатонро не?


-Худам намедонам. То рӯзи раҳоӣ маро дар идораи дигар, дур аз ҳамроҳонам нигоҳ доштанд. Вақте савори тайёра шудам ба ман чизе нагуфтанд. Маро бидуни ҳуҷҷат танҳо дар асоси чанд коғази мӯҳрдошта ба Душанбе оварданд. Дар амнияти миллии давлатӣ маро ду рӯз нигоҳ доштанд. Бояд бигӯям, ки муносибати масъулини амният хело хуб буд. Онҳо вазифаашонро иҷро мекарданд. Тамоми ҷузъиёти сафар ва зиндонӣ шуданамро мепурсиданд. Баъд фаҳмидам, ки дар як чорабинии фарҳангӣ духтари бузургам, ки 14 сол дорад назди раисҷумҳур меравад. Дар назди расиҷумҳур аз тангии рӯзгор гириста мегӯяд, ки падараш-яъне ман дар Афғонистон бе гуноҳ се сол мешавад, ки зиндонӣ шудаам. Дар ҷавоб раисҷумҳур ба духтарам муроҷиат карда мегӯянд, ки ҳатман ба ин қазия расидагӣ мекунанд ва дар сурати исботи бегуноҳиям маро ба Душанбе меоранд. Дар ин маврид ба мушовиронаш супориши қатъӣ ҳам додааст. Аз ин бармеояд, ки барои раҳоии ман раисҷумҳур саҳм доранд ва ман аз эшон миннатдорам.
-Пас метавон гуфт, ки вазорати умури хориҷа ва сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ба таври ихтиёрӣ коре анҷом дода натавонистанд?
-Ба фикри ман пас аз супориш гирифтан мушовирони раисҷумҳур ба сафорат фишор овардаанд. Зеро, онҳо маро давоми 1 соат раҳо карданд. Инро бо он асоснок мекунам, ки вақте маро ба танҳоӣ ба идораи №40 барои таҷдиди қазия фиристоданд, гуфтанд, ки пас аз 3 рӯз тақдири ман ҳал мешавад. Ё маҳбус мешавам ва ё ба ватанам бармегардам. Аммо, ин се рӯз ба ду моҳ тӯл кашид. Хабаре дар мавриди натиҷаи таҷдиди назари парванда набуд. Вале пас аз ду рӯзи шикояти духтарам ба раисҷумҳур сафорат дар такопо афтод. Ҳатто пас аз раҳоӣ ёфтани ман мудири идораи №40  гуфт, ки ба озодиам бовар надорад. Бояд инҷо аз Саидмаъруф Шарифов изҳори сипос намоям. Ҳамон Шаҳобиддин, ки ба ман қаблан ваъдаҳои бардурӯғ медод, дар фурӯдгоҳ ба чашмонам нигариста наметавонист.

-Ба андешаи шумо гуноҳи аслӣ барои зиндони шудани шумо кист?


-Ба назари ман гунаҳкори аслии барбод рафтани се соли ҳаёти ман, ранҷи сесолаи оилаи ман сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон аст. Ман талош меварзам, то ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон барои ин беадолати ҷавоб диҳанд.

-Акнун, ки шумо раҳо ёфтед ва дар Душанбе ҳастед чӣ нақша доред?


-Ман талош мекунам, то ҳуқуқҳои ман баргардонида шаванд. Ҳамроҳони ман Ҳасан ва Николаевич раҳо ёбанд. Давоми 3 сол бегуноҳ дар зиндонхона нишастан ба гуфтан осон менамояд. Дар як зиндоне маро бурданд, ки онҷо пур аз терорристони "Толибон" ва "Ал-қоида" буд. Бисёр фазои хатарнок дошт. Се соли ҳаётам бо хатар бигзашт. Ҳар лаҳза ваҳме, ки ба қатл мерасонанд, маро фаро мегирифт. Зеро, барои онҳо ҷони инсон арзише надошт. Вақте ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дорои маълумоти олиам, ин хеле аламовар буд. Барои омода кардани як мутахасис ин қадар сол ва маблағ сарф мешавад. Вале, давлати Тоҷикистон аз ман пуштибонӣ накард. Имрӯз агар барои исботи ҳодиса ба ман чизе мегӯянд, он аҳамият надорад. Ман фақат мегӯям, ки се соли маро баргардонанд, подоши се сола ранҷро бидиҳанд…

Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!