Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:27

«Пробка»-и роҳ ва ҷаримаи ронандагон

20 май 2011, 12:42

Аксари мошинҳои тамғаи хориҷӣ нисбат ба дигар кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон арзонтар аст. Ҳатто тахминҳое ҳам зада мешавад, ки арзонии мошин аз ҳисоби тиҷоратҳои «пасипардагӣ» аст, ки тоҷирони ин арса мошинро «бартер» мекунанд ва аз ин сабаб хариду фурӯши он арзон меафтад.

Аз таваққуфи нодуруст ё ба истилоҳ «пробка» дар роҳҳои кишвар танҳо дар семоҳаи соли равон нисбати  456  нафар  ронандагони мошинҳои сабукрав санадҳои ҷаримавӣ тартиб дода шудааст. Кормандони Вазорати нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар якҷоягӣ як амалиёти муштарак доир карда, далелҳои болоро дар даст доранд.

Масъулин мегӯянд, нисбат ба ронандагони мошинҳои сабукраве, ки дар роҳ  таваққуфи нодуруст мекунанд, протоколҳо тартиб дода шудааст ва аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ маблағи муайян ворид мешавад.

Ҷарима кардани ронандагон барои эҷоди «пробка»  дар ҳолест, ки дар роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе чунин таваққуфи нодуруст зиёд ба чашм мерасанд. Боре, дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо нақлиёти мусофирбар мегузаштем, ки нозири роҳ мошинҳоро манъ карда, ҳуҷҷатҳояшонро аз назар мегузаронид. Ронандаи нақлиёти мусофирбарӣ изҳори нигаронӣ кард, ки дар чунин ҷое, ки ҳаракати мошин зиёд аст, нозирон мошинҳоро манъ мекунанд,   эҳтимоли рух додани садамаҳо вуҷуд дорад. Худашон дар ҷои номувофиқ мошинҳоро нигоҳ медоранд ва боз айбро бар сари ронандаҳо мезананд,ки сабаби «пробка» дар роҳ шудаанд.

Мақсуд, ронандаи мошини сабукрав чунин мешуморад, ки пробка дар роҳ аксари вақт на айби ронанда, балки тангии роҳ дар нисбати аҳолии шаҳрҳоест, ки дар он ҷо сукунат ихтиёр кардаанд. Масалан, дар Душанбе расман 700 ҳазор нафар сукунат доранд, вале ғайри расмӣ теъдоди сокинон аз 1 миллион бештар арзёбӣ мешавад. Барои бартараф кардани мушкилии пробка, бояд роҳҳо васеъ карда шаванд, ё дар ворид кардани мошинҳо маҳдудияте бошад, ки аз талаботи имрўзаи роҳҳо зиёд ворид нашавад.

Майдони мӯъҷиза: Камбизоат вале сермошин

Гуфта мешавад, ки дар баъзе кишварҳо ба хотири пешгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳ ҳар гуна маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст. Масалан, дар Русия қонун қабул кардаанд, ки мувофиқи он танҳо ворид кардани мошинҳои истеҳсоли аз соли 2000 ба ин сў иҷозат аст. Аз ҷониби рўзноманигорон суол дода шуд, ки дар Тоҷикистон дар ин хусус ягон лоиҳае вуҷуд дорад ё не?

Тибқи маълумоти БДА то 1 марти соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон 348 ҳазору 175 адад воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 293 ҳазору 676 адад мошини сабукрав, 37 ҳазору 395 адад боркаш, 14 ҳазору 653 адад мусофирбар мебошад.

Масъулини Вазорати нақлиёт гуфтанд, ки дар масъалаи тамбашавии роҳ барномаи махсус аз ҷониби БДА-и шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Ин самт асосан ваколати БДА аст, вале дар якҷоягӣ кор рафта истодааст.

Бино ба қавли коршиносон, мошинҳои сабукрави хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар баъзе кишварҳои минтақа шояд набошанд. Бесабаб нест, ки боре дар барномаи телевизионии «Поле-чудес»-и шабакаи аввали Русия «ОРТ» баранда чунин савол гузошта буд, ки дар Осиёи Миёна як кишваре ҳаст, ки мардумаш камбизоат, вале мошинҳои хориҷиаш аз тамоми кишварҳои минтақа бар сари аҳолӣ зиёдтар ва  гаронтар аст. Ҷавоби ин савол чунин буд, ки  номи ин давлат Тоҷикистон аст.

Дар Ўзбакистон барои он ки мардум аз мошинҳои истеҳсоли ватанӣ харидорӣ кунанд, боҷи воридотии мошин як баробари нархеро, ки мошин харида шудааст, ташкил медиҳад. Ба хотири он ки Ўзбакистон мошин истеҳсол мекунад ва мардумашро бо ин роҳ маҷбур мекунад то аз истеҳсолоти худӣ пуштибонӣ кунанд ва пул бегона нашавад.

Мошинбизнес дар Тоҷикистон тиҷорати пасипардагӣ аст?

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон нархи мошин арзон аст. Вале сабаби арзонии мошин маълум нест, ки дар чист. Агар воқеан таҳлил кунем, мошинҳое, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, аз хориҷа ворид карда мешаванд ва бо хароҷоти муайян, боз боҷи воридотӣ ситонида мешавад, ҳуҷҷатҳо омода кардан лозим меояд, ки ин ҳама хароҷот ба болои нархи мошин зам мешавад. Лекин аксари мошинҳои тамғаи хориҷӣ нисбат ба дигар кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон арзонтар аст. Ҳатто тахминҳое ҳам зада мешавад, ки арзонии мошин аз ҳисоби тиҷоратҳои «пасипардагӣ» аст, ки тоҷирони ин арса мошинро «бартер» мекунанд ва аз ин сабаб арзон меафтад. Вале вазири нақлиёт дар ин бора назари дигар дорад.  Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Низом Ҳакимов дар як сўҳбат гуфт:

-Дар ҳоли ҳозир барои воридоти мошин ба Тоҷикистон ягон маҳдудият нест. Чӣ қадаре мехоҳанд, ворид кунанд. Аксари мардуми мо камбизоат аст. Ҳоло нархи мошин дар Тоҷикистон арзон аст, дар дигар давлатҳо хеле қимат аст. Баъзеҳо мегўянд, ки арзон будани мошин дар мо аз ҳисоби дигар чиз аст. Не, аз ҳисоби дигар чиз нест, аз ҳисоби боло набурдани боҷи воридотӣ нархи мошин арзон аст. Имрўз ягон маҳдудият нест, лекин ин ҳам як муддати муайян давом мекунад. Вақте мардум имконияти молии бештар пайдо кард ва талаботаш нисбат ба мошинҳои соли кўҳна камтар шуд, баъд масъалаи утилизатсия ва қабули дигар қонунҳо ба миён меояд.

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки одамон ворид карда истодаанд ва маҳдудият нест, лекин худи роҳҳои кишвар ба ин қадар мошини зиёд ҷавобгў ҳаст ё не?

Вазири нақлиёт чунин меҳисобад, ки вазъи роҳҳо хуб мешавад, дар шаҳри Душанбе ҳам роҳҳоро васеъ карда истодаанд. Вале оянда хоҳем, нахоҳем маҳдудият ҷорӣ мешавад. Дар баъзе давлатҳо чунин аст, ки то соати 7 тавассути хатсайри аниқ метавонад ба корхона оянд, баъди соати 7 иҷозат нест, мегўяд ў.

«ТТ» ҳам кӯмак накард

Дар ҳамин ҳол сабаби пробка дар роҳҳоро сардори маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, Азимурод Аслонов аз зиёд будани шумораи нақлиёт дар шаҳрҳо, ба хусус пойтахт арзёбӣ кард, ки роҳҳои солҳои 1970  бунёдшуда ба талаботи имрўза ҳаракати нақлиёт ҷавобгў нест. Вай гуфт:

-Танҳо дар пойтахт беш аз 40 ҳазор нақлиёти шахсӣ ба қайд гирифта шудааст, ба ғайр аз мошинҳои давлатӣ. Инчунин ҳар рўз ҳудуди 20 ҳазор нақлиёт аз дигар ноҳияҳо ба Душанбе меояду меравад. Сабаби дигар бенизомӣ дар роҳҳо ҳаракати нақлиёти мусофирбар аст. Зеро онҳо дар ҳар куҷое рост ояд,мошинро манъ карда мусофир мегиранд. На танхо дар хати аввали роҳ, балки дуввуму саввум низ манъ карда, мусофир мегиранд, ки боиси бенизомии ҳаракат дар роҳ ва тамбашавӣ мегардад. Барои ба низом даровардани ҳаракати роҳ қарор бароварда шуд, ки ба мошинҳои мусофиркаш рақамҳои зарди «ТТ» дода шавад. Лекин ин қарорро ҳам шояд аз сабаби шароити вазнини иқтисодӣ бошад ё омилҳои дигар риоя намекунанд.  Инчунин мошинҳои мусофиркаше, ки аз дигар ноҳияҳо меоянд, бояд дар истгоҳи махсус мусофиронро фароварда, дохили шаҳр ҳаракат накунанд. Вале аксари мусофиркашони дигар шаҳру навоҳӣ дохили шаҳр медароянду мебароянд. Ҳамин тавр, тамбашавӣ ё худ «пробка» як рукни фарҳанги шаҳри Душанбе  гашта, шояд солҳои баъд низ идома ёбад. Албатта, агар пеши роҳашро нагирем. Ё не?{jathumbnail off}

Исфандиёр Халилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!