Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:20

Русҳо ҳатто бобояшонро ҳам гӯш намекунанд

6 июн 2011, 05:12

Соҳибкорони рус пеш аз ҳама Олег Дерипаскаро барои дар чунин вазъ қарор гирифтани муносиботи Тоҷикистону Русия ва танг гардидани мавқеашон дар бозори тиҷорати Тоҷикистон гунаҳкори аслӣ медонанд.  

Ба назар чунин мерасад, ки соҳибкорони Русия аз танг шудани мавқеашон дар бозори тиҷорати Тоҷикистон ангушти надомат мегазанд. Онҳо бо ин ҳама амалҳое, ки нисбати пружаҳои бузурги ба онҳо боваркардаву вогузоршуда ба мисли НБО-и Сангтӯдаву Роғун раво дидаашон, боз даъво мекунанд, ки онҳоро беасосу бо мақсадҳои пасипардагӣ аз саҳнаи тиҷорати Тоҷикистон «рондаанд». Бонг ҳам мезананд, ки онҳоро нафақат рондаанд, балки баъди истифода бурдану макидану ҷабидан бо осонӣ пушти дар гузоштаанд. Акнун сари онҳоро масоиле чанд, ба мисли «чаро тиҷорати бузурги рус аз ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон бадар карда шуд», «чаро мавқеи стратегии Русия дар ин кишвари муҳими Осиёи Марказӣ ба як бор зери таҳдид қарор гирифта, коста шуд» ва чанде дигар «чаро»-ву «чун»-ҳо  ба дард овардааст. Коршиносон баъде ки кор аз кор гузашту мавқеи Русияро дар Тоҷикистон Ирону Чин ба осонӣ танг кард, акнун қойил шуданд, ки ҳукумати Русия ва аҳли соҳибкорони ин кишвар як сиёсати густурдаву ҳамҷояе барои Тоҷикистон роҳандозӣ накарда будаанд ва ҳар яке аз ин сохторҳо  мехост аз кишвари мо манофеи худро дар алоҳидагӣ бардошта кунад.

 

«ТалКо» бегона нашуд, хайрият

Имрӯз бо гузашти қариб 10 соли интизории сохтмони НБО-и Роғун аз сӯи ширкати Русал ва дарниҳоят ошкор шудани нағмабозиву найрангҳои Олег Дерипаскаи душмани миллати тоҷик бо нашри мақолаҳои фармоишии зиёд дар ВАО-и Русияву хориҷӣ аз  амалҳои кардаашон шарм надошта, моро боз муттаҳам низ мекунанд, ки ба ҷои русҳои «худӣ» эрониҳову чиноиҳои «бегона»-ро пазируфтаему амалисозии пружаҳои ҳаётан муҳими худро ба онҳо бовар кардаем.

Соҳибкорони рус пеш аз ҳама Олег Дерипаскаро барои дар чунин вазъ қарор гирифтани муносиботи Тоҷикистону Русия ва танг гардидани мавқеашон дар бозори тиҷорати Тоҷикистон гунаҳкори аслӣ медонанд. Бино ба навиштаи ВАО-и Русия ҳукумати Русия замони ба Точикистон сар халондани Олег Дерипаска пешниҳоди таҳияи як барномаи муштараки «ғасб»-и ин кишварро карда будааст. Аммо Олег Дерипаска - домоди марҳум Борис Елтсин худро ҳомии мутлақи тиҷорати бузурги ба Тоҷикистон воридшудаи рус дониста, ба гапи касе гӯш накарда будааст. Ҳатто ҳушдори батакрори мақомоти амниятии Русия дар мавзӯи кӯшишҳояш барои зери контроли худ қарор додани ТалКо - корхонаи истеҳсоли алюминий –ягона корхонаи зинда ва эътимоди миллати тоҷик дар рӯзи зӯромадаш, бенатиҷа анҷом хоҳад ёфт ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ ин корхонаро зери контроли мардуми ғайр нахоҳад гузошт,  ӯро аз ин роҳ нагардонида будааст.

Ҳамчунин ВАО аз ноӯҳдабароии масъулину роҳбарони ин кишвар ҳарф мезананд, ки онҳо натавонистаанд дар Тоҷикистон аз сиёсате кор бигиранд, ки манофеи ширкати Русалро ҳимоят намуда тавонад. Шояд бигӯед, чаро бояд масъулин аз сиёсати ҳимоякунандаи як ширкати тиҷорӣ кор мегирифтаанд. Бояд гуфт, ки яке аз сиёсатмадорони бузурги садаи 20 Ленин дар ҷое гуфта буд, «Сиёсат -  ин намунаи иқтисодиёти муттамарказ»  мебошад. Агарчанде русҳо аз ин пешниҳоди бобояшон он қадар истифода намебаранд, аммо Амрико ин суханони ӯро бар гӯши ҳар сафираш ҳалқа мекунад ва дар кадом давлате набошад, сафири Амрико ҳимояи манофеи хурдтарин ширкати кишварашро вазифаи ҷонии худ медонад ва ҳоло мебинем, ки Амрико чӣ қудрате дар дунё касб кардаасту баробари гирифтани номаш дар дили раҳбарони давлатҳо ҳавлаи ҳарос «лаппас» мекунад.

Аз Дерипаска то рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон

Яъне, ҳамоҳангсозии нерӯҳо ҳам барои давлат ва ҳам барои тиҷорат манфиатовар мебошад.  Дастгирии сиёсии Амрико ба мавқеи тиҷории ширкатҳояш дар кадом давлате набошад, нуфузу ҷило мебахшад. Ва ҷавобан дастовардҳои тиҷории ин ширкатҳо нуфузи сиёсии ин давлатро таъмин карда, ба он меафзоянд. Яъне, ин як занҷираи пайваставу маҳкам аст, ки дар ҳама ҳолат ҳарду тараф манфиатбардор хоҳад монд.

Аммо дар масъалаи сар халондани мустақилонаи Дерипаска ба Тоҷикистон коршиносон бар онанд, ки мебоист ӯ қадамҳои худро зери чатри қарордодҳои байниҳукуматӣ пинҳон мекард  ва агар  қисмати аъзами саҳмияҳояшро аз «тиҷорати тоҷикӣ»-аш» дар ихтиёри давлати Русия вомегузошт, бо ӯ чунин муносибатро раво дида наметавонистанд ва агар ин андешаи коршиносонро хулоса кунем, яъне боз 10-15 соли дигар мо тоҷиконро гӯл задан мумкин буд.

Дар ҳоле ки Русия барои мавқеи аздастдодааш дар Тоҷикистону дар Осиёи Марказӣ «оҳу воҳ»-ро идома дода меояд, нуфузаш дар минтақа боз ҳам коста шуда, муносиботаш бо кишвари калидии минтақа Тоҷикистон рӯз аз рӯз сард шудан дорад. Баргузории билоомода ва сарсарии «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия» бозгӯи ин муносиботи сард аст ва баъди мушоҳидаи баргузории ин ҷашнвора бо боварии том метавон хулоса кард, ки он ҳич маънои барқарор кардани ин муносиботро надошт.

Аммо гап сари он аст, ки ҳудуди тиҷорӣ мисли кони тилло асту ҳамагонро ҷалб месозад ва то замоне ки дудилагӣ дар миёни аҳли туҷор ва масъулини ҳукумати Русия  корагар аст, дигарон аллакай дар сари кон нишастаанду аз он манфиатҳо мебардоранд.

Яъне, бе Русия  ва дар сурати гузоштани шартҳои якҷонибаи кишварҳои дигар ҳам, метавон беташвиш буд, чун пайдо хоҳанд шуд нафаре ё кишваре, ки ҷойи онҳоро пур хоҳанд кард. Ҷойи муқаддас ҳич гоҳ холӣ намемонад!{jathumbnail off}

Муҳаммад Рашод, шаҳри Маскав

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!