Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

Сигору нос ва ҷомеаи мо

6 июн 2011, 12:23

Кашидани сигор шахсро ба бемориҳои раг, шуш, дил, асаб ва ғайра гирифтор месозад. Дар таркиби сигор никатин буда, ин ба ёзиши рагҳои хунгард таъсир расонда, ба шахшавии рагҳо оварда мерасонад.

Ҳамасола дар ҷаҳон дар натиҷаи истеъмоли тамоку 5 миллион одам вафот мекунад , ки аз ин 1,5 миллионашро занон ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни як нишаст дар вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом гардид. Вазорати тандурустии Тоҷикистон  ва Созмони Ҷаҳонии Тандурстӣ (СҶТ) аҳолии кишварро даъват месозанд, ки дар мубориза бар зидди тамоку фаъол бошанд. Павел Урсу, сардори намояндагии Созмони  Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон изҳор медорад, ки Конвенсияи ин ташкилот  оиди мубориза бар зидди тамоку, дар ҷаҳон василаи муҳим ва самарабахш аст. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳукумати Тоҷикистон иҷрои конвенсияи зикршударо  риоя кунад, шумораи маргу мир ва касалиҳои сактаи дилу саратон , ки вақтҳои охир паҳн шуда истодаанд, бамаротиб коҳиш хоҳанд ёфт. СҶТ аз ҷомеа ва ҳукуматҳо даъват мекунад, ки ҷиҳати таъмини қонунунгзорӣ оиди ҳимоя аз тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ назорат баранду чораандешиҳоро дар ин самт афзоиш диҳанд. Тибқт таҳқиқоти СҶТ танҳо қисми ками аҳолӣ аз оқибатҳои даҳшатовари истеъмоли тамоку огоҳ мебошанду халос. Имсол намояндагони ин ташкилот ният доранд, истеъмоли тамокуро аз ҳисоби фаҳмонидадиҳӣ миёни аҳолӣ коҳиш диҳанд.

Ҳайдаралӣ Сафаров, директори маркази саломатии шаҳрии №7 дар робита ба ин мавзӯъ ба хабаргузории «Озодагон»  гуфт, истеъмоли тамоку, хусусан сигор, шахсро оқибат ба марг оварда мерасонад: « Кашидани сигор шахсро ба бемориҳои раг, шуш, дил, асаб ва ғайра гирифтор месозад. Дар таркиби сигор никатин буда, ин ба ёзиши рагҳои хунгард таъсир расонда, ба шахшавии рагҳо оварда мерасонад. Вақте рагҳои хунгард танг шуд, одамро хотирааш суст мешавад ва дар натиҷа фаъолияти корияш ҳам суст мегардад.  Ҳамчунин ба мушакҳои дил, ки тавассути хун ба онҳо ҳаво мерасад таъсири манфӣ расонда, ба бемории дил гирифтор шудани сигоркаш мумкин, ки ахиран ӯро ба марг оварда мерасонад» Номбурда мегӯяд, агар зани ҳомиладор  ба кашидани сигор машғул шавад, гузашта аз ин гуна хатарҳо боз ба афзоиш ва саломатии тифли дар бадани ӯ буда таъсири манфӣ расида, кӯдак ба бемориҳои модарзод мубтало мегардад. Ба қавли Ҳайдаралӣ Сафаров дар Тоҷикистон корҳои таблиғотӣ алайҳи истеъмоли тамоку нокифоя буда, огоҳии мардум низ аз  оқибатҳои хатарноки истеъмоли сигор на он қадар хуб ба мушоҳида мерасад.

Теъдоди сигоркашони Тоҷикистон номаълум аст

Гурез Азимов, як масъули Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, гуфт, дар Тоҷикистон то ҳол омори шумораи нафарони истеъмолкунандаи тамоку вуҷуд надорад ва омори нафарони аз ҳисоби кашидани сигор беморшуда бошад, дар вазорати тандурустии кишвар мебошад. Аммо аз маркази матбуотии вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, ки чунин оморро  Гурез Азимов масъули маркази мазкур дар даст дорад ва метавонад ба шумо диҳад. Хуллас, мо натавонистем, теъдоди истеъмолгарони тамокуро аниқу дақиқ аз мақомоти марбута дарёфт кунем.Мавриди зикр аст, ки дар бархе аз кишварҳои хориҷ омор дар хусуси истеъмолкунандагони сигор ва  шумораи беморони сигоркаш вуҷуд дорад, ки масъулин вобаста ба афзоиши истеъмоли он фаъолияти ширкатҳои сигористеҳсолкунанда ва воридотӣ онро ба кишварашон коҳиш медиҳанд.

Сигоркаш: Ҳар рӯз 6-сомонӣ масраф мекунам

Чанде қабл дар  Тоҷикистон қонуни вижае дар хусуси манъи истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қабул гардида буд, вале бархе аз сокинон аз амали нагардидани ин қонун изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд ҳанӯз ҳам истеъмоли тамоку дар ҷойҳои чамъиятӣ хусусан дар нақлётҳои мусофиркашонӣ ба назар мерасад, ки масъулинро мебояд сари ин масъала ҷораҷӯӣ намуда, диқати ҷиддӣ диҳанд. Баҳром Назаров, муаллими мактаби №79-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, мегӯяд, дар  кишварҳои хориҷа ҷойҳои махсуси гузоштани сигор баъд аз истеъмолаш вуҷуд дорад, аммо дар Тоҷикистон ин чиз дуруст роҳандозӣ нашудааст. Гузашта аз ин номбурда афзуд, ки дар атрофи мактаб ҷавононеро мебинад, ки ба кашидани сигор машғуланд. Ба иттилои Баҳром Назаров, дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ нисбати сигор бархе сокинон бештар «нос» мекашанд, ва худи онҳо бӯи бади инро фикр мекунад, эҳсос намекунанд. Сироҷиддин, як нафаре, ки ба кашидани сигор хеле одат кардааст, мегӯяд «агар рӯзе, ки сигор накашам худро бемор эҳсос мекунам ва аз ӯҳдаи коре баромада наметавонам. Фикр намекунам, ки аз кашидани сигор худдорӣ карда тавонам. Дар як рӯз ба камаш тақрибан 5-6 сомонӣ барои сигор сарф мекунам» Саймурод Солеҳов, ҷомеашинос, гуфт мутаасифона раванди истеъмоли тамоку, хусусан сигор имрӯз дар Тоҷикистон афзоиш ёфта истодааст ва гузашта аз ин истеҳсоли он низ баръакс рӯз то рӯз  зиёд ба мушоҳида мерасад. Агар масъулини тоҷик пеши роҳи инро нагиранд, мисли бархе кишварҳои дигар паёмадҳои нохуб ба миён меорад. Тавре мегӯянд, «илоҷи воқеаро қабл аз вуқӯъ бояд гирифт» афзуд, Саймурод Солеҳов.{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!