Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:05

Адолати судӣ то куҷо эҳсос мешавад?

14 октябр 2011, 08:22

13-уми октябрро ҳамчун рӯзи кормандони адлия ва суд таҷлил менамоянд. Шохаи сеюми ҳокимияти давлатӣ унвон шудани ин соҳа аз муҳимияти он дар тамоми ҷаҳон дарак медиҳад. Вале дар кишварҳое назири Тоҷикистон мавзӯи адлу адолат, додгустарӣ ва адолати судӣ аз ҳама зиёд мавриди   баҳсҳо қарор мегирад. Шикоят аз ин шохаи ҳокимият ҳоло бештар аз ҳар ниҳоди дигар ба гӯш мерасад. Барои чӣ?

Ин суолро "Озодагон" дар баррасии коршиносон қарор медиҳад:

АДОЛАТИ СУДӣ ТО КУҶО ЭҲСОС МЕШАВАД?

Саъдулло Шеров, директори ташкилоти ҷамъиятии "Арбитраж":

- Барномаи ислоҳоти судӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта истодааст. Пеш аз ҳама дар самти интихоби корманди суд ислоҳот амалӣ мешавад. Барои судя таъйин шудан корманди суд бояд дар мӯҳлати муайян таҷрибаомӯзӣ кунад ва пас аз як сол баъди супоридани имтиҳон метавонад ба вазифаи судягӣ номзадиашро пешниҳод кунад. Ин ҳам як пешравӣ дар системаи судӣ аст ва барои барқарории адолати судӣ мусоидат мекунад. Зеро дар ин сурат ҳар шахси тасодуфӣ наметавонад ба вазифаи судягӣ интихоб шавад. Агар ислоҳоти судӣ ба ин шакл идома ёбад, умедворем, ки системаи судӣ чун як мақоми мустақил дар ҷомеа мавқеи худро пайдо мекунад ва дар масъалаи барқарории адолати судӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад.

Зулфиқор Замонов, роҳбари Маркази ҷамъиятии "Бюрои ҳуқуқи инсон":

- Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки аз ҳама проблемаи асосие, ки ба системаи додгоҳӣ марбут аст, ин то ҳол ба таври воқеӣ мустақил набудани шохаҳои ҳокимият, аз ҷумла, иҷроия, қонунгузор ва судӣ мебошад. Мутаассифона, ҳоло системаи додгоҳӣ бо мушкили фишори ҳокимияти иҷроия тавассути мақомоте чун Шӯрои адлия мувоҷеҳ аст. Боиси таассуф аст, ки Шӯрои адлия ҳанӯз ба сатҳи он мақоме нарасидааст, ки ба масоили баланд бардоштани ихтисос, таъин ва барканор кардани додгоҳҳо ҷавобгӯ бошад ва дар ин самт ҳоло ворид намудани ислоҳот зарур аст. Дар ин маврид мо тавсияҳое ҳам доштем, то ин масъала роҳи ҳалли худро ёбад. Яке аз масъалаи асосӣ мубориза бо коррупсия дар системаи судӣ маҳсуб меёбад, ки дар самти амалӣ шудани адолати судӣ монеа эҷод мекунад. Аз ин рӯ, на танҳо дар самти идораи додгоҳӣ ислоҳот зарур аст, балки ба мавзӯи мавқеи иҷтимоии кормандони суд низ аҳамияти ҷиддӣ бояд дод. Аз ҷумла, боло бурдани маоши судяҳо, додани имтиёзи махсус ба онҳо, ҳавасмандкунӣ ва талаб кардани эҳсоси масъулият аз онҳо лозим аст. Масъалаи таъини судҳоро низ таҷдиди назар бояд кард ва бо гузаронидани имтиҳонҳои такрорӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ судяҳоро интихоб кард. Зеро интихоби яккачини намуна будани судяҳо на ҳама вақт шаффоф сурат мегирад. Умед дорем, ки ин масъалаҳо дар оянда ҳалли худро меёбанд ва мушкилоти мавҷуда аз байн мераванд.

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос:

- Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд хеле қонунҳоеро баҳри таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон қабул намудааст. Вале мутаассифона, имрӯз мо додгоҳи мустақил надорем ва судяҳо дар фаъолияти худ вобастаи мақомоти иҷроия ҳастанд. Бинобар ин аз ҷониби судяҳои Тоҷикистон адолати судӣ таъмин карда намешавад ва инчунин ҳуқуқ ва озодиҳои мардум поймол мегарданд. Фикр мекунам, як омиле, ки имрӯз барои таъмини адолати судӣ монеа эҷод мекунад, ин вобаста будан ё зери фишори мақомоти иҷроия қарор доштани мақомоти судӣ мебошад. Имрӯз судҳо танҳо фармонбардору фармониҷрокунанда ҳастанд. Ҳама сола 13-уми октябр Рӯзи кормандони адлия ва суд эълон шудааст, лекин боре надидаам, ки онро чун ҷашни муҳим таҷлил карда бошанд. Вале ҳама сола рӯзи 14-уми декабрро чун иди касбии кормандони прокуратура дар як сатҳи баланд ва бо иштироки худи раиси ҷумҳур таҷлил мекунанд. Ин чунин маъно дорад, ки имрӯз судҳои мо дар ҷомеа то чӣ андоза қадру қимат доранд. Фикр мекунам, ки онҳоро на танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки ҳукумат ҳам чандон эътироф намекунад. Дар даҳ соли охир ягон адад ҳукми пурраи сафедкунанда дар таҷрибаи ҳуқуқии кишвар нест. Ин бозгӯи воқеиятест, ки судҳои мо имрӯз бо ишора аз боло кор мекунанд ва гӯё як фармон ё супориши ғайрирасмие содир шудааст, ки судҳоро аз баровардани ҳукми сафедкунанда манъ мекунад. Ман фикр мекунам, ки баҳри таъмини адолати судӣ ва тибқи талаботи моддаи 14-и Сарқонун, ки судҳо дар ҳақиқат тавонанд ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми хешро таъмин намоянд, бевосита дахолати раисиҷумҳур зарур аст. Зеро имрӯз одат кардаем, ки то он замоне аз ҷониби президент ишора нашавад, ягон кор ба сомон намерасад. Ба фикри ман дар 20 соли истиқлолият ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир нашудааст. Боре фаъолияти судҳо таҳти санҷиш қарор нагирифтаву муҳокимае нашудааст, ки чаро дар давлати ҳуқуқбунёд ҳукмҳои сафедкунанда вуҷуд надорад?!

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон:

- Адолати судӣ дар Тоҷикистон ниёз ба такмил дорад. Зеро то имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон волоияти қонун пурра таъмин нест ва аз адами таъмини адолати судӣ мо изҳори нигаронӣ мекунем. Пеш аз ҳама изҳори нигаронии мо марбут ба қазияҳое мебошад, ки нисбати рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма дар мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Адолати судӣ дар ҳамон вақт таъмин мегардад, ки мақомоти суд мустақил бошад. Имрӯз дар доираи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ расман мустақил аст, вале амалан ба ин мақомот аз ҷониби мақомоти иҷроия фишор ба назар мерасад.

Зафар Қурбонов, адвокат:

- Дар масъалаи адолати судӣ ҳамчун вакили дифоъ чунин назар дорам, ки дар солҳои охир вазъ андаке беҳтар шудааст. Вале на ҳама судяҳо ё мақомоти тафтишотӣ метавонанд адолати судиро амалӣ кунанд. Ҳоло ҳам ваъи ҳуқуқии вакилони дифоъ мушаххас баён нашудааст. Он ваколатҳое, ки вакилони дифои кишварҳои пешрафтаи демократӣ доранд, адвокатҳои мо надоранд. Адолати судӣ он вақт ба амал бароварда мешавад, ки аз тарафи қонунгузор ҷазои сангине барои мақомоти судиву тафтишотӣ муқаррар карда шавад ва он мавриди амал қарор гирад. Агарчанде чунин ҷазо пешбинӣ шудааст, вале онро як моддаи "мурда" ҳам гӯем меарзад. Зеро он танҳо рӯи коғаз аст, аммо амал намекунад. Дар таҷрибаи корӣ чандин бор шоҳиди он будам, ки санадҳои судии мақомоти суди зинаи аввалро дар суди зинаи кассатсионӣ ё назоратӣ ҳамчун беасос ва ғайриқонунӣ бекор карда мешавад. Агар чунин бошад, пас бояд мувофиқи муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ он судя ё муфаттише, ки ҳалнома ё дигар санади ғайриқонунӣ мебарорад бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Вале мутаассифона, кор ба ин марҳила намерасад. Агарчанде дар марказҳо дар масъалаи адолати судӣ то андозае эътибор дода мешавад, аммо дар ноҳияҳои дурдаст амалишавии адолати судӣ хеле заиф аст

Раҳмонқул Шарифов, ректори Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони Вазорати адлия:

- Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз бо ташаббуси роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани обрӯи мақомоти судӣ иҷозатномаи ҳабс аз мақомоти прокуратура ба суд дода шуд. Пеш шахси гунаҳгорро ба ҳабс гирифтан ин ба ваколати прокуратура буд, имрӯз дар ихтиёри судяҳост. Фикр мекунам, ки имрӯз адолати судӣ дар ҷумҳурӣ барқарор аст. Он нафароне, аз ҷониби судяҳо ба қонуншиканӣ даст мезананд, албатта дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ноҳияи Ғончӣ ва вилояти Хатлон судяҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Судҳо мустақиланд, зеро онҳо шохаи сеюми ҳокимиятанд. Судҳо бояд ягон нафарро ҳимоя накунанд, балки қонунро ҳимоя намоянд. Ман фикр мекунам, ки барои боз ҳам баланд рафтани обрӯи судяҳо ва барқарор кардани адолати судӣ дар навоҳиву ҷамоатҳо судяҳои сайёр ташкил кардан даркор аст. Ҳоло саволе пайдо мешавад, ки барои чӣ нақшаи даъвати аскарон ба сафи артиши миллӣ иҷро намешавад? Сабаб ба ҷазо накашидани ҷавононест, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд. Хуб мешуд, ки судяҳои сайёр дар ҷойи воқеа қарор дошта бошанд ва чунин нафаронро ба ҷазо кашанд ва аз рӯи адолат ҳукм бароранд. Ин ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон барои бештар эҳсосшаванда будани адолати судӣ корҳои тарғибу ташвиқ бояд зиёд бошанд ва судяҳо дар ҳуҷраи корӣ камтар нишинанд, дар байни мардум гарданд ва арзу доди онҳоро шунаванд ва дар бораи қонунгузорӣ маълумот диҳанд.

Акрами САНГ, журналист:

- Адолати судӣ дар замони шӯравӣ - дар давлат ва ҳукумате, ки мутаассифона имрӯз аз он ёд кардан намехоҳанд, комилан риоя мешуд.  Судяҳои даврони шӯравӣ дар ҳақиқат ғуломи қонун буда, дар баровардани ҳукм ба касе итоат намекарданду аз касе ҳарос надоштанд. Ҳарчанд, изтеҳзомонанд ақидае вуҷуд дошт, ки "судҳои шӯравӣ одамдӯстдортарин судҳо"  дар ҷаҳон аст, аммо он миссияи худро сарбаландона иҷро мекард. Рисолати судяҳо бошад як аст: ислоҳ кардани шахсе, ки ба роҳи хато меравад, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсе, ки дидаву дониста ҷиноят содир мекунад, расидан ба доди шахси додхоҳ… Ҳакамони судӣ бояд муҷассамаи адолат бошанд, ба замми доштани саводи кофии ҳуқуқӣ бояд дорои фитрати баланд, ахлоқи накӯ, виждони  поку беолоиш бошанд. Аммо, судяҳои даврони мо аз ин меъёрҳо фарсахҳо дуранд, шахсан худам дар чандин мурофиаҳои судӣ иштирок кардам ва аз ҳукмҳои баровардани судяҳо ва мавқеъгирии онон дарк кардам, ки то адолати судӣ роҳ дур аст.  Кормандони соҳаи адлия ва судяҳои мамлакатро бо иди касбӣ табрик гуфта изҳори умед мекунам, ки ба тадриҷ Тоҷикистони азиз ба ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар мерасад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!