Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

Дору дигар қочоқ намешавад

6 май 2011, 08:05

Доруфурӯшони Тоҷикистон дигар ба таври қочоқ тиҷорат карда наметавонанд.

Тавре ба хабаргузориии «Озодагон» аз Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ иттилоъ доданд, барои ба  танзим даровардани бозори доруворӣ, ин ниҳод галограмма ( тамғаи махсуси ҳимоятгар) ҷорӣ намудааст, ки аз ин баъд нафароне, ки ба фурӯши дору машғуланду  дар пушти қуттиҳои доруворӣ ин тамғаро насб наменамоянд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Бибихонум Дарвешзода, сардори бахши иттилоотии хадамоти мазкур гуфт, ки  мақсад аз роҳандозӣ намудани галограмма дар тамоми нуқтаҳои фурӯши доруворӣ ҷилавгирӣ аз қочоқи фурӯши дору дар бозорҳои кишвар мебошад. Ба қавли ӯ нафароне ҳастанд, ки ба доруҳои мӯҳлаташон гузашта ва аз дигар кишварҳо ба таври қочоқ воридгардида тамғаи қалбакӣ насб менамоянду ба фурӯш мегузоранд, ки чунин амал боиси ба бемориҳои гуноногун гирифтор шудани шаҳрвандон  мегардад.

Тибқи иттилои расмӣ хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ тӯли 3 моҳи авали соли равон 2 ҳазору 493кг доруҳои мӯҳлати истифодабарияшон гузашта ва пастсифатро  ба таври сӯзондан нобуд кардааст. Баҳодур Холназаров, сардори ин хадамот, гуфт, ки дар соли гузашта зиёда аз 12 ҳазору 800 кг маводи дорувории пастсифат забту мусодира ва баъдан нобуд гардонида шуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки галограмма аввалин бор соли 1947  аз ҷониби профессори инглис  Денис Габор  сохта шудааст ва минбаъд бо кӯшиши олимони дигар он такмил ёфтааст. Акнун масъулини хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба чунин назаранд, ки бо роҳандозӣ намудани галограмма пеши роҳи ҳар гуна қонуншиканиҳо дар хусуси самти фурӯши доруворӣ коҳиш меёбад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!