Бахшҳо
14 ноя 2011 12:11Сӯҳбати рӯз

Шокирҷон Ҳакимов: Русия бо воситаи фишор қудратнамоӣ дорад

Тайи як ҳафтаи ахир сару садо атрофи қазияи ду халабони як ширкати русӣ, ки аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа барои 8,5 сол равонаи зиндон гаштанд, шиддат мегирад. Ин иқдом шарикони стратегии мо, ҳукумати Федератсияи Русия ва раҳбарони аҳзобу сарварони ҷамъиятҳои ин кишварро хашмгин сохта, фишорро болои муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия ба сар мебаранд, зиёд кардааст. Дар робита ба ин масъала хабаргузории «Озодагон»бо Шокирҷон Ҳакимов, муовини райиси ҲСДТ, коршинос дар умури сиёсӣ сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ анҷом дод, ки инак фишурдаи он мусоҳиба пешниҳоди шумо мешавад: Озадагон: Салом, ҷаноби Шокиров. Ба назари шумо қазияи халабонҳо, ки акнун дорад ба сӯи сиёсат майл мекунад, то чӣ андоза ҳақиқат ва воқеият дорад? Ва ин ҷо кӣ ҳақу ки гунаҳкор аст? Шокирҷон Ҳакимов: Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ин ду халабон аз Русия ва Эстония, ки тайёраро аз Кобули Афғонистон гирифта, дар  шаҳри Қӯрғонтеппа беиҷозат  фуруд оварданд, гунаҳгор ҳастанд. Аз кирдору рафтору сӯҳбатҳои  ин шарҳвандон ба назар мерасад, ки аломатҳои ҷиноят дар ҳаракатҳои онҳо ҷой дорад, вагарна онҳоро аз озодӣ маҳрум намекарданд, ҳамчун як шахси ҷинояткор. Лекин Русия бо истифода аз аз абзорҳои фишоре, ки дар даст дорад,  кӯшиш карда истодааст, ки аз ин раванд ба нафъи кишвари худ истифода кунад ва дахлнопазирии ҳокимияти судиро зери суол барад. Аз ҷониби дигар  райисҷумҳури Тоҷикистон саъй дорад, ки дар ҳалли мусбати қазия мусоидат кунад. Агар ин гуна амалҳо дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ё дигар қонунгузорӣ сурат гирад ин ба манфиати ҷомеъа аст, агар не, пас бори дигар исбот мешавад, ки дар низоми ҳокимият мушкилот мавҷуд аст. Озодагон: Пас аз ин қазия муносибати Русия ва Тоҷикистон чӣ пайомадеро ба думбол хоҳад дошт? Назари шумо чист? Шокирҷон Ҳакимов: Руссия медонанд, ки сиёсати бахши иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир муассир ва самарабахш нест. Феълан, аксари шаҳрвандони қувваи қобили кори Тоҷикистон дар бозору корхонаҳои саноатӣ ва дигар марокизи истеҳсолии Русия қути лоямути худ ва хонаводаашонро пайдо мекунанд. Русҳо инро ҳамчун механизми сиёсӣ истифода карда истодаанд, ки боиси нигаронист.Бояд роҳи одилона ва шаффофи ҳалли масъаларо ҷонибҳо пайдо намоянд. Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз қаламрави Русия поёни ҳалли мушкилот набуд ва нест. Озадагон: Хуб, акнун бигӯед, ки охири ин қазия ба чӣ меанҷомад? Тарафҳо имкони созиш карданро дар чорчӯби қавонини роиҷ доранд? Шокирҷон Ҳакимов: Маълум аст, ки бо назардошти ҳодисаҳои муҳими аҳамияти стратегӣ доштаашон , онхо яъне ҷониби Русия, тамоми воситаҳои  фишорро пеш гирифтаааст  ва истифода бурда истодаааст, то ки манфиатҳояшон қонеъ шавад. Вақте ки ҳукумати Медведеву Путин дар Британия  Кабир ва Америка зимни баррасии дигар қазияҳо ба ҳадаф нарасиданд, эътибору нуфузи ҳокимият миёни мардум камтар шуд, аз ин хотир бо истифода аз ин фурсати муносиб кӯшиш мекунанд, ки  камбудиҳорояшонро  ислоҳ кунанд ва кишвари «гуё пуриқтидор» будани Русияро нишон диҳанд. Озадагон: Ба назари шумо роҳи ҳалли ин қазия кадом аст? Шокирҷон Ҳакимов: Аслан агар ҳамин гуна ҷиноят содир шуда  бошад,   мақомоти  судӣ метавонанд дар зинаҳои дуюму сеюм шаффофият ва ошкорбаёниро таъмин намояд. То намояндагони ҷомеъаи  шаҳрвандӣ,  адвокатҳои  давлатҳо ва  вакилон аз наздик ба масъала шинос шаванд  ва исбот кунанд, дар заминаҳои далелҳо,  ки ин гуна ҷиноят ҷой дошт ё не. Пас роҳи ҳалли масъала пайдо мешавад. Дар сурати ҳақ будани ҷониби Русия ҳамаи шахсони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бояд ба истееъфо раванд, ё баръакс: Онҳо бояд исбот кунанд, ки воқеан ҳаракатҳои ҷиноӣ дар таркиби амали халабонҳо вуҷуд дошт ва аз ин хотир онҳо сазовори ҷазоянд. Озадагон: Ба назари шумо ин парванда ба имиҷи Тоҷикистон лакнат ворид мекунад ё хайр? Шокирҷон Ҳакимов: Албатта, агар мо ба манбаъҳои мухталифи расонаҳои хабарӣ мутаваҷҷеҳ  шавем,  маълум мегардад, ки наздикону пайвандон ва фарзандони маъсулини ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон дар боздоштҳои муваққатӣ,  ё худ дар асорати дигар кишварҳо ҷой доранд ва ташкилкунандагони ҷиноятҳои вазнин мебошанд. Ба ҳамин баҳона, базе дигар ақидаҳо дар хусуси мушкилоти Тоҷикистон дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ки ин боиси заифтар гардидидани заминаҳои сиёсати байналмилалии кишвар гардид. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ин вазъ бар зарари Тоҷикистон ва имиҷи кишвари мо боис шуд. Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)