Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:13

М. Кабирӣ: Президент бояд тимашро иваз кунад

17 ноябр 2011, 06:05

Дар ҳоле, ки қазияи марбут ба халабонҳо ва дар пайи он ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия бо гузашти ҳар соат ранги дигар менгирад, ҲНИТ бо пахши изҳорот ва баъдан зимни як нишасти хабарие нигаронии худро роҷеъ ба мушкилоти ҷадиди ба сари муҳоҷирони тоҷик омада иброз дошт.


"Як идда аз мақомоти Тоҷикистон ваколатҳои аслии худро анҷом намедиҳанд"


"Фраксияи "Справедливая Россия" аз президент Медведев ва Думаи давлатӣ даъват кардааст, ки дар наздиктарин рӯз барои ҷорӣ кардани раводиди муваққатӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон иқдом кунанд. Ин воқеан нигаронкунанда аст. Аз ҳамин лиҳоз ҲНИТ аз тамоми ҳизбҳои кишвар ва парламент даъват мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон барои аз ин тасмим даст кашидани Думаи давлатӣ талош варзанд". Ин нукта яке аз даъватҳои ҲНИТ аст, ки онро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ташкилоти сиёсӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон зимни нишасти хабарие изҳор намуд. Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз амалкарди бисёр нокофии мақомоти расмии Тоҷикистон дар нисбати масъалаи мазкур нигарон аст. "Мо ҳатто ба ин назар ҳастем, ки як идда аз мақомоти Тоҷикистон масъулиятҳо ва ваколатҳои аслии худро анҷом надода истодаанд ва хунукназарӣ мекунанд. Чӣ дар ҳимоят аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин дар масъалаи расондани ин парванда то ҳаде, ки муносибатҳои ду кишвар як каме ба сардӣ гароиданд",-афзуд раиси ҲНИТ. Ба гуфтаи вай ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистон чӣ дар бахши дипломатия ва чӣ мақомоте, ки ба ин масоил сару кор доранд, зарур буд, ки аз қабл кор мекарданд ва иҷозат намедоданд, ки муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯст то ин ҳад ба сардӣ бигарояд.


Ба Маскав сафарнокардаҳоро мефиристанд?


Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ рӯзи душанбе Маҷлиси намояндагон низ ба ин масъала таваҷҷӯҳ намудааст, аммо на ба ҳайси мавзӯи доғ, балки дар қатори мавзӯъҳои ҳошиявӣ дар қисмати охири баррасиҳо. Райиси ҲНИТ мегӯяд, барои ман хеле ҷои тааҷҷуб буд, ки дар ҷаласаи Шӯрои парламент тамоми масоили ҷаласа дида шуд, баъд дар ҳошия дар масоили мухталиф ин масъала баррасӣ гашт. Ин худ алакай баёнгари он аст, ки дар мо ҳанӯз ҳам ҳаҷми ин мушкилро дарк накардаанд.


Тарзи масъалагузорӣ ҷиддӣ нест. Ҳанӯз ҳам дар мо ин қазияро як масоили ҳошиявӣ ҳисоб карда истодаанд. ӯ гуфт, шояд дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе (16 ноябр) вазъи муҳоҷирон ва умуман муносибати Тоҷикистону Русия ба баррасӣ гирифта шавад, аммо ҳоло ҳам маълум нест, ки он ҷиддӣ баррасӣ мешавад ё не.


-Пешниҳод кардем, ки як ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон ҳарчӣ зудтар ба Федератсияи Русия барои вохӯрдан бо ҳамтоҳои рус ва муҳоҷирини тоҷик сафар кунад.


Зимнан, Кабирӣ илова кард, ки вақте аз вакилон пешниҳод мекард, ки як ҳайати намояндагони МН МО бо ҳамтоҳои худ ба Русия бираванд ва дар он феҳраст худи ӯ низ бошад, як депутат гуфтааст, ки "ту нав аз сафар омадӣ, бигзор нафароне раванд, ки сафар накардаанд"...


"Заминаи воқеӣ барои сард шудани равобити ду кишвар вуҷуд надорад"


Дар нишасти хабарии ҲНИТзикр шуд, ки қабл аз ҳама онҳо аз сард шудани муносиботи Русияву Тоҷикистон нигарон ҳастанд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин ду кишвар робитаҳои дӯстонаи таърихӣ доранд ва маҳкум ба он ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам дӯст ва ҳамкор бошанд. Зеро ба ғайр аз робитаҳои низомиву сиёсӣ, иқтисодӣ бисёр аз риштаҳои дигаре ҳаст, ки ин ду миллатро ба ҳам пайванд медиҳад.


Пешвои ҲНИТ гуфт, ки дар муносибатҳои дипломатӣ баъзан ба сардӣ гаравидани равобит амри табиист, аммо "мо аз он нигарон ҳастем, муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар ҳолате сард мешавад, ки заминаи воқеӣ барои бад шудани он вуҷуд надорад". Вакили парлумони Тоҷикистон афзуд, ки ҳарчанд наметавонем нисбат ба тақдири ҳеч инсон бетавоффут бошем ва воқеан Русия ҳақ дорад, ки нисбат ба тақдири шаҳрвандаш бетараф набошад, вокуниш нишон диҳад. Ҳамчуноне, ки Тоҷикистон наметавонад нисбат ба ҳазорҳо муҳоҷири худ бетавоффут бошад.


"Вале нигоҳи мо ин аст, ки метавонист ва ҳоло ҳам метавонад дар чорчӯби робитаҳои дипломатӣ ва ҳусни тафоҳум ҳали худро пайдо кунад. Дар ин ҷо аз нигоҳи мо маълум мешавад, ки мушкилиҳо дар муносибати ду кишвар аз қабл вуҷуд доштанд, вале ҳоло бо чанд баҳонаи кӯчак рӯ заданд".


"Системаи давлатдории мо дар ҳоли рукуд аст"


-Мутаассифона дар мо одат кардаанд, ки дар ҳама ҳолат бояд бо дастуру супориш ҳаракат кунанд, як амреро анҷом диҳанд,-гуфт Муҳиддин Кабирӣ. Воқеан, ин ҳолат бисёр дарсҳо дод. Пеш аз ҳама вокуниши Русия барои масъулини Тоҷикистон, дипломатҳои мо, сиёсатмадорони тоҷик ибрате буд, ки чи гуна бояд аз як шаҳрванди худ дифоъ кард. Новобаста аз он, ки ӯ қонуншиканӣ кардааст ё на. Бояд сиёсатмадорони тоҷик бахусус касоне, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик масъул ҳастанд, аз ҳамкорони руси худ биёмӯзанд.


Масъалае, ки дар пайи ин қазия возеҳу равшан шуд, ин аст ки воқеан системаи давлатдории мо то ба он ҳад дар ҳолати рукуд аст, ки ҳатто дар бӯҳронитарин вақт бе дастур ва супориши мақомоти болоӣ омодаи ҳаракат нест. Инак як ҳафта аз ин вазъи ногувор мегузарад, вале то ба ҳол ягон мақоми расмии Тоҷикистон ба ғайр аз як изҳороти кӯтоҳи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеъгирии прокурори генералии Тоҷикистон дигар мо ягон мақоми дигареро надидем, ки мушахассан дар ин бора чизе гуфта бошад. Ва эҳтимол агар ташаббуси ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ намебуд, парламент ҳам то ба ин ҳад ҳаракат намекард. Ҳоло ҳам мушаххас нест, ки парламент дар рӯзи чоршанбе сари ин масъала пофишорӣ хоҳад кард ва онро ҷиддӣ баррасӣ мекунад ё не.


Умед танҳо ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мондааст?


ҲНИТ даъват мекунад, ки як ҳайати ҷамъиятӣ бо шумули намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарии кишвар ба Русия сафар кунад, то бо ҳамтоёнашон, бахусус дар палатаи ҷамъиятии Русия масъалаи ба маҷрои пешин овардани муносибатҳоро баррасӣ кунанд. "Таҷриба нишон дод, ки то ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаббусро ба даст нагирад, бисёре аз мансабдорон ҷасорати ҳаракат карданро надоранд. Танҳо дар ҳамон сурат ҳаракат мекунанд, ки агар битарсанд, ки ташаббусро каси дигар соҳиб мешавад. Барои пешдастӣ кардан, шояд як каме ҳаракат кунанд. Ба хотири он, ки диққати масъулин ба ин масъала ҷалб шавад, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд каме фаъол бошад".


Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, кор то ба дараҷае бӯҳронӣ шудааст, ки дигар танқид накардан, ё ҳарф назадан дар ин мавзӯъ як навъ ба варта тела кардани ҳукумат аст. Шояд, ки дар ҳукумат баъзеҳо ҳанӯз ҳам умқ ва паҳнои ин мушкилро нафаҳмида бошанд. Имрӯз дар парламент вақте дидам, ки ба ин масъала чигуна муносибат мешавад, дарк кардам, ки ҳанӯз ҳам муносибат чандон ҷиддӣ нест.



"Мансабдорони тоҷик бояд аз осмон ба замин фароянд"


-То ба имрӯз мо ба сиёсати кадрии президент кордор нашуда будем. Шахсан, худи банда ва ҳизби мо ҳамеша мегуфтем, ки президент командаашро худаш интихоб кунад ва бо командааш кор кунад. Вале ҳоло мебинем, ки дигар масъала ба шахси президент, ба камандаи президент рабт надорад. Масъала, масъалаи миллӣ аст, суботи кишвар аст, тақдири миллионҳо нафар аст. Вақти он расидааст, ки мо ҳарфҳоеро ҳам бигӯем, ки дигар бӯҳрон то ҳаде системавӣ шудааст, ки бидуни тағйироти решаӣ ва асосӣ наметавон онро ҳал кард. Дигар бо ин тағйиротҳои "косметикӣ" ҳалли масъала имкон надорад. Президент бояд як бор баъд аз ором шудани вазъият ба таври ҷиддӣ дар фикри тағйири камандааш бошад. Ин мавқеъи мо аст".


Раиси ҲНИТ афзуд, ки мо бояд ба президент, ба тамоми ҳукумат бигӯем, ки дар фикри тағйироти ҷиддӣ бошанд, чӣ дар каманда чӣ дар роҳу равиши идораи давлат, ё ҷомеа. Ва як бор бо ҳам нишаста фикр кунем, ки ба куҷо рафта истодаем. "Назарам ин аст, ки як каме аз воқеиятҳо дур рафтаем. Бояд сиёсатмадорони тоҷик, мансабдорони тоҷик аз осмон ба замин фуроянд. Аз ҳама байрақи баландтаринро сохтем, иншооллоҳ масҷиди калонтарини минтақаро хоҳем сохт ва калонтаринҳои дигар. Фаромӯш кардем, ки давлати мо, миллати мо дар камтарин бӯҳрон тоқат карда наметавонад ва метавонад бесуботӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд ояд. Бояд, ки ба замин баргашт ва ҷиддӣ ба сари мизи машварат нишаст ва роҳи ҳалро пайдо кард".


"Ба ҷои масҷиди 100 миллиона 100 корхона сохтан лозим"


Дар қисмати охири нишасти хабарӣ вақте аз раиси ҲНИТ суол шуд, ки имкон дорад, ки Тоҷикистон дигар нерӯи кори худро ба Русия нафиристад? Муҳиддин Кабирӣ гуфт, як идда аз сиёсатмадорони мо манфиатдор ҳастанд, ки мардуми тоҷик ҳар чи бештар ба Русия ҳиҷрат кунад. Чун бештар ҷавонҳо мераванд ва касоне мераванд, ки ангеза доранд, ҳар чи қадар ин қишр ба берун бираванд он қадар идора кардани ҷомеаи Тоҷикистон осон мешавад. Дар идома номбурда афзуд, "вақти он расидааст, ки дигар тамоми пружаҳо ва маблағҳое, ки қаблан барои чорабиниҳои омавӣ-фарҳангӣ ва сохтани дигар иншоотҳои маишативу ҳатто фарҳангӣ дар панҷ соли оянда пешнибинӣ шудааст, ҳамааш барои бунёди корхонаҳои хурду миёна ва эҷоди ҷои кор равона карда шавад. Ҳамон 100 миллион долларе, ки барои сохтмони бузургтарин масҷид ҷудо шудааст, мешавад 100 корхонаи 1 миллион долларӣ сохт. Баъдан мардум худашон дар оянда масҷиди 1 миллард доллара созанд".


Таҳияи Абдулазизи Восеъ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!