Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:59

Маро наранҷонед, УСТОД!

24 ноябр 2011, 09:31

Ба шумо чӣ шуда, устод? Боз ҳам намефаҳам ва сахт месӯзам, ки тафаккури барҷастаатонро лағзиже фаро бигрифта.

Шояд дар ин ҷамъият кам афроде ёфт гардад, ки шабеҳи банда думболаи шеъри устод Бозор Собир рафтаву тайи солҳои истиқлолият ботинану дарунакӣ бо дардҳову азобҳои алими пушти сар кардаи ин абармарди адабиёти муосири форсӣ насӯхта бошад. Ман дилсӯхтаву ҷигаррехтае будам, ки тақдиру сарнавишти нохушоянди устодро дар ниҳоду замири хеш таҳаммул карда будам. Ба хотири озодӣ, истиқлол ва раҳоиву растагорӣ аз бунбасти ғуломиву бардагӣ, аз тобеияти имперотурии рус бас ҷонбозиҳо бинмудаву бо шеъри созанда, вале дар айни ҳол додхоҳонаи хеш мардуми азиятдидави тоҷикро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват ва раҳнамун сохта буд, устод. Ва аммо ин миллат куҷо қадру манзалати шуморо бишносаду дарку фаҳм кунад, устод?!

Муддати 20-сол мешавад, ки ошкору ниҳон дар ҳимояти шеъру ғазалу чаҳорпораҳо ва шахсияти шумо будаму ҳастам. Ман шуморо чун шоири исёнгару мубориз, саркашу мухолифи сохтори даврони Шӯравӣ ва аҳди коммунистӣ мешинохтаму мешиносам. Ин шумо будед ба гунаи як шоири фарзонаву фарҳехта, ки дар тамомии ашъори замони ба ном "сотсиалистӣ"-и хеш як порча шеър ё қитъае дар васфи он Ҳукумату мадҳи доҳиёнаш - Ленину Сталин насуруда будед ва ин ба табиати модароварди шоириатон бегонаву ноошно маҳсуб меёфт. Эҳсоси меҳанпарварӣ ва ғурури миллии шумо дар ашъори ба мавзӯоти таърихӣ алоқамандатон равшану амиқ тазоҳур карда буд.

Ман шуморо чун шоир ва фарди истиқлолхоҳ мешинохтам. Ленину Сталин ва Ҳизби коммунистӣ аслан ба шумо ба қадри як пули сиёҳ ва пашизе хидмат ва ёрӣ накардаанд. Қадри шуморо на дар замони Шӯравӣ, на солҳои пасошӯравӣ ва на дар кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон ба таври чашмгир надонистанду то ҳол намедонанд. Имрӯз дигар шоиру муташоири "фазлфурӯше" намондааст, ки соҳибунвон набошад. Ахиран, сарварони иттиҳоди адибон худ ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Нависандаи халқӣ соҳиб шуданд. Майдони адабиёт шабоҳат ба дору гири "човандозони" ноӯҳдабаро дорад. Ҳаволаашон ба Худо!

Аммо ман чун дар солҳои сангину даргириҳои айёми мозӣ, солҳое, ки шуморо паси панҷара бурданд, месӯзаму месӯзам. Месӯзам, ки шуморо ба гирифтани унвони "Шоири халқӣ" лоиқ надонистанд. Месӯзам, ки ҳамин қадар бо ҳазорон умеду ормонҳо аз кишвари Амрико, аз мулки мусофирӣ омадеду рафтед ва аммо боре, лаҳзаяке нахостанд аз рӯзгори ноҳамвору ашъори ҷадидатон барномае дар яке аз шабакаҳои телевизион ба маърази тамошогарон пешкаш бисозанд. Месӯзам, ки ахиран шуморо дар булаҷаббозиҳои сиёсии хеш "идеологҳои" ҳукумати феълӣ бас моҳирона "дастак" карда, истифода бурданд. Месӯзам, ки дар ватани хеш ҳамин вопасин дафъаи бозгаштатон Шаби эҷодии шуморо баргузор накарданд. Эҳ, месӯзаму месӯзам, ки...

Ин мансабдорон бо ҳамин ҳолу вазъашон шоирони гузаштаро ёд овардаву зодрӯзи эшонро таҷлил мекунанд. Замонасозони ноқобил, дурӯғин ва маснӯӣ!!!

Шоире дар паҳлӯяшон, дар пеши дидгоҳашон заҳри ғарибӣ мечашад. Ҳайф! Ҳайф! Вале замоне мерасад, ки аз қавли шумо:

Аё санги бузургӣ -

Сангҳайкалҳои арбобон,

Ки дар дунё ба ҷои мурдаҳо

рӯидаед аз хок,

Замоне аз шумо ҳам дар қазоватҳо,

Нишони бенишонҳоро ҳамехоҳанд,

Гуноҳи бегуноҳонро ҳамепурсанд...

Ва аммо маро нек бифаҳмед, устод! Ҳукумати коммунистӣ ба ҳеҷ сурат сазовори ситоиш набуду нест. Ин ки шумо мегӯед: "Эй Худои бенавоён, Сталинро зинда кун!!!", бовар кунед, ҳамоқате беш нест. Ё ки ҷойи дигар бо шӯру шааф овоз баланд мекунед:

Ҳазорон тоҷи Сомонӣ,

Ҳазорон саллаву дастори рӯҳонӣ,

Ба он як "шапка"-и Ленин намеарзанд...

соддагие беш нест. Ва ё боз:

Мо ҳайкали доҳиро шикастем,

Дар гардани доҳӣ сим бастем.

Девору дари ватан гусастем,

Ин гардани мо шикаста бодо!

Ба Худо, маро наранҷонед, устод! Охир замоне шумо ҷасуронаву қотеона мегуфтед, ки: "Баъзеҳо киноя мезананд, ки агар бегуноҳам, чаро ин чанд бӯҳтонгарро ба маҳкамаву суд намекашам? Бале... Ба кадом суд?! Ба кадом маҳкама? Маҳкамаву суд тавъам ҳамон КМ ҳизби коммунист ва КМ Ҳизби коммунист тавъам ҳамон маҳкаму суди шумост. Ва кумитаи амният ҳамчун ҳамроҳак бо ҳамин ҳизби бадахлоқ аз як заҳдон афтодааст. Дар қаламрави Шӯравӣ додгоҳ нест, ба ҳар дару дарвозае, ки сар мезанӣ, дару дарвозаи бастаи коммунистист. Дарвозаи сиёҳ, дарвозаи маҳкаму ҷоду, дарвозаи махуф...".

Ба шумо чӣ шуда, устод? Боз ҳам намефаҳам ва сахт месӯзам, ки тафаккури барҷастаатонро лағзиже фаро бигрифта. Ман эҳсоси мушкилгузари ғарибзадагии шуморо ба шеваи жарфтар дарк мекунам. Аммо қабулу истиқболи ин андешаву афкор ба мағзам, зеҳни озорхӯрдаам вазнинӣ мекунад, ба хаёлу хотирам латма ворид мекунад. Ин абёти шумо касро ба ҳолати ҷунунзадагӣ мебарад.

...Устухони мо ба нони Сталин

шах шуд,

Хуни мо аз ҳеҷ хуне нест.

Хуни Сталинист,

Хуни сурхи Сталинӣ дар рагу

пайванди мо ҷорист...

Кадом Сталин? Кадом хун? Охир замоне шумо мегуфтед, ки:

...Комуннисте, ки канд мадрасаро,

Хонақоҳу мазору мақбараро,

Коммунисте, ки баст муллоро,

Пора кард аз ғазаб алифборо.

Меравад хонақоҳи Мавлоно,

То шавад коммунистмавлоно.

Коммунисте, ки шайхҳоро кушт,

Аблаҳе буд, ки авлиёро кушт.

Коммунисте, ки сӯхт "Қуръон"-ро,

Мактабу дафтари мусулмонро,

Мешитобад ба минбари масҷид,

Коммунистона мекунад табъид...

Ва боз: динситезӣ шуморо мӯҳкам дар панҷаҳои гирои хеш афшурдааст. Агар ёғие чанд динфурӯшӣ карданд, боке не, гузашт ва баъдҳо низ хоҳад гузашт. Дину шариат чӣ гуноҳе доштааст? Ислому араб чӣ муттаҳам буда? Боз ҳам намефаҳмам, ки:

Ширинтарин дурӯғи одам дин аст,

Дар косаи шир дуғи одам дин аст.

Одам ба дурӯғ алоқа дорад бисёр,

Афсонаи бардурӯғи одам дин аст.

Инак, аз баҳри ин сурудаҳои шумо шаборӯз дар баҳсу муҷодалаи хонандаи авоми русто гирифторам. Мегӯянду мегӯянд, санги сақат сари шумо ҳавола месозанд. Дар ҳимояти шарафи шумо сари худро сипар кардаам. Маро некӯ бифаҳмед! Месӯзам...

Аз он ки Ҳукумат шуморо шинохтан нахост. Аз он ки миллат дар ғаму фикри шиками зормонда дигар номатонро низ гоҳу ногаҳе чун як ашёи тасодуфӣ ба забон меораду... намеорад. Аз он ки "тақводороне" забон бар таъну мазаммати шумои нодиру нотакрор кушодаанд... Месӯзам...

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!