Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:51

Таронаи муҳоҷири тоҷик

25 ноябр 2011, 08:38

Муҳоҷират ба ҷон расид, ки тоқате ба ман намонд,Ва роҳате маро дигар, зи кори қадшикан намонд.Намерасад зи бӯи хоки кишварам машомро,Дигар мадору қуввате, маро ба ҷону тан намонд.


Чу ҳар касеву нокасе ба иззатам расид дигар,
Сурури хештан куҷо? Ғурури хештан намонд...
Ба мулки Рус, ки тоҷикон заминканеву кӯчарӯб,
Ба қавли пир, ба деҳае ҷавоне, гӯркан намонд.

Ба гуфтани ҳакиқат ар забонӣ кӯтаҳ ҳам нашуд,
Чӣ гӯямаш, бародарам, замони дилбазан намонд.
Зи ҳанги хармиҷозҳо, навои булбулон хамӯш,
Зи пои хукмиҷозҳо ба ҳар куҷо, чаман намонд.

Чу бинамаш, ки тоҷикон маҳалгароӣ мекунанд,
Маро маҷоли гап задан, дигар ба ин даҳан намонд.
Чу мехи хонаро агар, зи чӯб канда мебаранд,
Ба хона як кафан намонду қолини куҳан намонд.

Натарсамаш,агар касе маро намешиносад,
Битарсамаш аз он ки чун саломи ҳамватан намонд.
Дуои хуб намекунам, ба давлату ба савлаташ,
Ба ҳар касе,ки ҳурматаш ба пиру пиразан намонд.

Суханварони хушсухан, куҷо шуданду рафтаанд,
Дилам фишурда мешавад, ки ошиқи сухан намонд.
Зи дуриҳо, ҷудоиҳо зи бенавоӣ, бепулӣ.
Чи шавқу завқи мардҳо ба хонаву ба зан намонд.

Дареғи он ки дур шудам зи чашму меҳри модарам,
Дареғи он ки дар бару канори ман Ватан намонд...

Басир Абдуллоев



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!