Бахшҳо
02 дек 2011 05:50Иҷтимоӣ

Таъмири зоишгоҳ бо пули амрикоӣ

Дар деҳаи Саричашмаи вилояти Хатлон ду ҷамоат ба сар мебарад.

Бино бар маълумоти масъулини деҳаи Саричашма муддатест, аҳолӣ мушкили дастрасӣ ба хидматрасонии пизишкӣ доштанд. Зеро дармонгоҳи №1-и ҷамоат таъмирталаб буда, муроҷиат ба пизишкони ноҳиявӣ вақт ва маблағи бештарро талаб мекард.

Рӯзи 28-уми ноябри соли ҷорӣ маросими ифтитоҳи бунгоҳи пизишкӣ- таваллудхона баргузор гардид. Сафорати Амрико шаш утоқи махсусро барои таваллуди занони деҳаи мазкур таъмир ва бо таҷҳизоти махсус таъмин намуда, ба истифода дод. Мадисмон Саидов, сардухтури дармонгоҳи №1 деҳаи Саричашма дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, ки корҳои таъмиру барқарорсозии бунгоҳи тиббӣ 4 моҳ қабл шурӯъ шуда буд. Ба гуфтаи номбурда масъулини деҳа ва ба хусус пизишкон бештар аз шаш сол мешавад, ки бо сафорати Амрико ҳамкории худро ба роҳ мондаанд.

"Қабл аз ҳама мо аҳолии деҳа ба мардум ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои таъмир ва ба истифода додани бунгоҳи пизишкӣ изҳори сипос менамоем. Қарор аст дар рӯзҳои наздик дар асоси ҳамин ҳамкории дуҷониба масъулини сафорати Амрико қисми дигари беморхонаи моро таъмир намуда, ба зудӣ бунгоҳҳои махсус барои кӯдакон ва бемориҳои сироятӣ ба истифода бидиҳанд"- мегӯяд сардухтури деҳаи Саричашма. Ба маълумоти номбурда шӯъбаи таваллудхона дар доираи ҳеч барномаи мушахасе таъмир нашудааст. Ин гуфтаҳоро Девид Кайзер, масъули гурӯҳи ба нақшагирӣ, фармондеҳи марказии сафорати Амрико дар Тоҷикистон тақвият бахшида мегӯяд, ки ин ҳамкорӣ бештар хусусияти мардуммеҳварӣ дорад.

"Бубинед, деҳаи Саричашма аз ноҳия хело дур буда, на ҳама имконияти аз хадамоти пизишкӣ истифода бурданро доранд. Таваллуди кӯдак дар шароити хуб ва солимии модар барои ҷомеа муҳим аст. Маҳз ба ҳамин хотир мо фаъолиятро дар деҳаи дурдаст оғоз карда, нахуст бунгоҳи махсусро барои занон таъмир намудем. Ҳамакнун нақша дорем ин ҷо як генератор биёварем. Раиси ноҳия ҳам ба мо ваъда кардааст, ки дармонгоҳи мазкур дар фасли сармо 24 соат бо барқ таъмин хоҳад буд. Барои гарм нигоҳ доштани утоқҳо бухориҳои махсус хоҳем овард"- илова намуд масъули сафорати Амрико.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми ифтитоҳи шӯъбаи таваллуд масъулини дармонгоҳи №1 аз намояндагони сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳамчунин як таҷҳизот барои ултрасадо ва бо оби гарм таъмин шуданро дархост карданд. Дар ҳамин маврид масъулини сафорати Амрико ваъда карданд, ки ин пешниҳоди пизишкони Саричашма ҳатман мавриди баррасии онҳо  қарор хоҳад гирифт.

Пизишкони деҳаи Саричашма мегӯянд, ки дармонгоҳи №1 бо таҷҳизоти ултрасадо таъмин набуда, он феълан мисли "боду ҳаво" барои аҳолӣ лозим аст. Мадисмон Саидов мегӯяд, ки деҳаи Саричашма аз ду ҷамоат, яъне 1500 хонавода иборат буда, дар умум 20 ҳазор аҳолӣ ба сар мебаранд, ки як таҷҳизоти ултрасадо зарур аст. Номбурда мегӯяд, ки ҳар моҳ барои таваллуди 10-12 тифл ёрӣ мерасонад. Дар оянда лоиҳаи мазкур аз ҷониби сафорати Амрико дастгирии молӣ ёфта, гузаронидани хати оби нӯшокӣ дар нақша аст. Сардухтури Саричашма изҳори хушҳолӣ аз он намуд, ки аз ин ба баъд занони Саричашма ва деҳаҳои наздик дар шароити хуб кӯдаконро таваллуд хоҳанд кард.

"Албатта барои таъмиру барқарорсозии дармонгоҳи мо вазорати тандурустӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ёрӣ мерасонданд, вале барои сад дарсад бартараф кардани мушкилот маблағи тавсиякардаи масъулини ҳукумат нокофӣ буд", илова намуд Мадисмон Саидов.

Зимнан Шамсиддин Қурбонов раҳбари маркази солимии репродуктивӣ аз таъмири шӯъбаи таваллудхона дар деҳаи Саричашма истиқбол намуд. Ба бовари номбурда деҳаи мазкур иртиботи  хубе бо ноҳияи Шӯробод надошта, ҳукумати кишвар ва ноҳия барои пурра таъмир кардани ин дармонгоҳ имкони молӣ надоштанд. Деҳаи Саричашма давоми 80 соли шӯравӣ низ ба қавли мардум "аз ин ҷо рондаву аз онҷо монда буд". Ин деҳа қаблан дар ихтиёри ноҳияи Ҳамадонӣ буда, баъдан дар  солҳои 90-ум он ба тобеъияти ноҳияи Шӯробод ворид карда шуд. Ҳарчанд ҳукумати кишвар ва вазорати тандурустӣ барои бунёди як беморхонаи бузурги замонавӣ дар маркази ноҳия талош карданд, вале мушкилоти деҳоти гирду атрофи он бартараф намешавад. Зеро масоҳати он васеъ буда, на ҳама имкони расидан то марказро доранд.

"Ба хусус ҳамин деҳаи Саричашма. Деҳаи мазкур ҳатто роҳи обод надорад. Аз ин хотир таъмири шӯъбаи таваллуд дар дармонгоҳи Саричашма кори хуб ва савоб аст. Метавон гуфт, ки мушкилоти мардум то андозае бартараф мешавад. Бояд гуфт, ки ман дар солҳои 1989-1993 мудири шӯъбаи таваллуди ноҳияи Ҳамадонӣ будам, замоне ки деҳаи Саричашма дар тобеъияти ин ноҳия буд. Хидматрасонӣ ба занон хеле мушкил буд. Ҳолатҳои фавт, хунравӣ ва дигар бемориҳо зиёд буд. На ҳамеша имкони расонидани бемор то ба ноҳия аст", мегӯяд Шамсиддин Қурбонов. Ба маълумоти номбурда чанд сол қабл ҳукумати Тоҷикистон беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрободро бо тамоми шароит таъмин намуда ба истифода дод, ки маблағи умумии он 200 миллион сомониро ташкил намуд.

Гуфта мешавад, новобаста аз талоши ҳукумат аксари барномаҳои тандурустии Тоҷикистон бо дастгирии молии созмонҳои байналмилалӣ ва ё давлатҳои хориҷ амалӣ мешавад. Вале коршиносон аз амалӣ гардидани барномаҳои тандурустии кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон чандон хушбин нестанд. Ба бовари коршиносон агарчӣ барномаҳои тандурустӣ сирф барномаҳои ҷамъиятӣ ҳастанд, аммо наметавон гуфт, ки он дигар аҳдоф надорад. Онҳо мегӯянд, ки ҳеч кишваре омода нест дар сурати мавҷуд набудани манфиатҳои давлатӣ барномаҳои тандурустӣ ва ё маорифро роҳандозӣ ва ё амалӣ намояд.

Сафват Бурҳонов раҳбари созмони ҷамъиятии "Салом" дар ин маврид мегӯяд, ки масъулини Тоҷикистон набояд садди роҳи амалӣ гардидани барномаҳои маорифу тандурустӣ аз ҷониби давлат ва созмонҳои хориҷӣ бошанд. "Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ҳамаи барномаҳоро дар ихтиёри онҳо гузорем. Омӯхтан лозим, ки  кадом давлат чӣ барномаро амалӣ кардан мехоҳад. Мо бояд танҳо дар ҳолати таҳдиди хатар, қатли ом ва ё барномаҳои маорифи бегонапарастӣ монеи хориҷиҳо бошем. Фикр намекунам, ки барои фароҳам овардани шароити хуб барои таваллуди занони деҳаи дурдаст хориҷиён манфиатҳои пасипардагӣ дошта бошанд", зикр намуд Сафват Бурҳонов. Номбурда бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз  аз тоҷикон дигар ҳар давлату миллат имкони дифоъ аз манфиатҳои худро дорад.

Маврид ба зикр аст, сафорати Амрико барои таъмири дармонгоҳи №1-и Саричашма ба маблағи 35 ҳазор доллар ёрӣ расонд. Дар доираи ин лоиҳаи башардӯстӣ масъулини Амрико маҳсулоти сохтмонӣ барои таъмир, таҷҳизоти идоравӣ, тиббӣ ва асбобҳои ҷарроҳиву доруворӣ харидорӣ намуданд. Тибқи иттилоъи сафорати ИМА ин кишвар аз соли 1992 маблағи 984 миллион долларро барои барномаи тақвияти институтҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифу пешрафти иқтисоди Тоҷикистон сарф намудааст.

Бояд гуфт дар ин авохир масъулини Тоҷикистон дар ҳоле аз давлати иҷтимоӣ будан даъво дорад, ки оддитарин ва ҳамзамон муҳимтарин пружаҳои иҷтимоӣ бо маблағгузории давлатҳои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд. Барои мисол таъмир ва ба истифода додани шӯъбаи таваллуд дар деҳаи Саричашма. Амрико барои таъмири он 35 ҳазор доллар сарф кардааст. Агар ин маблағ ҳангуфт аст, шояд танҳо барои буҷаи вазорати тандурустӣ, на барои як давлат. Агар маблағи  бештари худро ҳукумати Тоҷикистон барои зоҳирнамоӣ масраф намояд, пас намояндагони сафоратҳои хориҷӣ даст ба иқдомоти во?еъиву амалӣ мезананд ва аз мардум талаби шукргузорӣ намекунанд. Миннат низ намегузоранд.

ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)