Бахшҳо
05 дек 2011 10:52Гузориш

Вақте ки ободиҳо ба вайрона мубаддал мешаванд

Абдуҷаббор Раҳмонов ва Қурбонбой Каримов боз ҳам интизори онро доранд, ки кай президент аз ин ноҳия дидан мекунаду супориш медиҳад…

 

Дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор, рӯ ба рӯ бо идораи бинои ҷамоат як бинои 3-ошёна бо 3 қисмат, ки беш аз 1-гектар заминро «забт» кардааст, бекор ва ба ҳоли худ партофта шудааст. Ба гуфтаи сокинони рустои Арча, мавзеи қарордоди иншооти бекормондаро ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохтмончиёни шӯравӣ барои бунёд намудани мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз карда будаанд.Тайи як муддати кӯтоҳ, дар ҳамон давра тdақрибан 70-фисади сохтмон ба анҷом расонида шуда буд. Мутаассифона, аснои ҷушу хӯруши кор дар ин сохтмон, СССР пош хӯрду корҳои сохтмонӣ ҳам ин ҷо ба таъхир афтод. Вале баъдан маълум гашт, ки таъхир не ки ба пуррагӣ қатъ гардид. Акнун, дигар иншооти мазкур хусусӣ шудааст ва ё ҳанӯз ҳам дар қайди ҳукумати ноҳия мебошад, дигар касе бо шумули ноҳиядорон, ба дурустӣ маълум карда наметавонанд. Аммо саволи кушода ин аст, ки агар хусусӣ бошад, кӣ ва кадом масъул онро ғайриқонунӣ ба савдо задаасту агар давлатӣ бошад, чаро масъулини ҳукумати ноҳия ва ҷамоати деҳот дар мавриди ба анҷом расонидани сохтмони он, ки ҳамагӣ, шояд 30-фисади сохтмонаш ҳам намонда бошад, коҳиливу бемасъулияти мекунанд?

Райисон меоянду мераванд, аммо сохтмон ҳанӯз дар як ҷо «по» мекӯбад

Ба таҳқиқи коршиносон, корҳои асосии сохтмонӣ дар ин иншоот ба пуррагӣ анҷом ёфтаанд. Ҳар се қисмати биноҳо то ошёнаи сеюм бо истифода аз деворҳои оҳану бетонӣ ва корҳои монтажкунонӣ бо ҷудо гаштани ҳар як синфхона дар алоҳидагӣ, фаршҳои бетонӣ, нардбони оҳану бетонӣ барои баромадан ба ҳар ошёна ва дигар қисматҳои сохтмонӣ аллакай бунёд ёфтаву бо кучактарин корҳои сохтмонӣ ва камтарин маблағ, метавон онро мавриди истифода қарор дод. Вале бо гузашти 20-соли истиқлолият, иншооти тақрибан тайёрро ноҳиядорони рафтаву омада (таври маълум, раисони ноҳия ҳамагӣ ба мӯҳлати муайяни аз 3 то 5-сол меоянду мераванд), наметавонанд, аниқтараш намехоҳанд ба кор дароваранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои ба мактаб табдил додани ин иншоот танҳо боми биноҳоро пӯшондану васл намудани дару тирезаҳо мондаасту бас. Барои анҷоми ин корҳо  паҳлӯи бинои иншоот борбардор ё худ крани бузурги релсӣ мавҷуд аст, ки низ бо иллати солҳои зиёд фаъол набудан, шояд корношоям ҳам гашта бошад. Масъулини ҷамоат бошанд, аз мавҷудияти як иншооти бузурги таҳсилотӣ, ки махсус барои фарзандони онҳо пешбинӣ шуда буду ҳамагӣ чанд қадам аз ҷои корашон бунёд ёфтан дошт, на танҳо фаромӯш кардаанд, ки дар ин бора ҳатто фикр кардан намехоҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҷамоатчиён сокинони ҳамин рустоҳои наздик ба «мактаби фикрӣ» мебошанд. Вале мутаасифона, 2-маротибае, ки ба идораи ҷамоат омадем омадем, раисро дарёфт карда натавонистем.

Қурбонбой Каримову Абдуҷаббор Раҳмонов хабар доранд?

Гуфта мешавад, дар ҳоле ки дар ҳамаи кишвар, ба хусус дар ноҳияи Фархор, гузашта аз ин дар ҳамин ҷамоат нарасидани макотиб мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад, вале як бинои тайёри замонавиро наметавонанд бо сарфи андак маблағ мавриди истифодаи хонандагон қарор диҳанд.

Ин ҷо саволи матраҳ ба вазири маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов ин аст, ки аз ин иншоот хабар дорад ё не? Оё медонад, ки бо гузашти боз чанд муддате ин биноҳо, ҳарчанд ки оҳану бетонӣ ҳам бошанд, харобу вайрон мегарданд? Биноҳое, ки агар  маблағи дар сохтмон сарфшудаашонро бо маблағи имрӯза ҳисоб кунем, шояд аз 100-милён сомонӣ зиёд бошад.  Ё шояд, Қурбонбой Каримов, раиси вақти ноҳияи Фархору Абдуҷаббор Раҳмонов боз ҳам интизори онро доранд, ки кай президент аз ин ноҳия дидан кардаву ҳамин иншоотро мебинаду барои ба анҷом расонидани сохтмонаш амр медиҳад?

Ё боз ҳам интизор менишинем, ки кадом ташкилоти хориҷие бо хоҳишу илтимоси ҳукумати марказӣ бароямон мактаб месозад?

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
фархори
Э, канд занед Озодагону ба хусус акои Аслиддин. Ба рости, кариб 2-сол шуда буд, ки хайрон будам, ки ва барои чи ин мактабро сохта, ба истифода дод. Акнун фахмидам, ки ин чо хизмати бузурги Озодагон будааст. Шуморо мехонам, холо хам кобилед нотарсед. Аммо Достиев кучо шуд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)