Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:20

Тоҷикистон дар чанголи иқтисоди сиёҳ

8 декабр 2011, 08:59

Ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистон ба таври гуногун шарҳ дода мешавад.

Аз рӯи иттилои расмӣ 25-30 дар садро ташкил медиҳад, вале бархе аз коршиносон ба ин арқом шубҳа доранд. Лекин яке аз сабабҳои аслии рушди иқтисоди пинҳонӣ ин тиҷорати ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисоботи расмӣ мебошад.

Ба бовари коршиносон мавҷуд будани иқтисодиёти ниҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки системаи ба ҳисобгирии миллӣ факту рақамҳои нодурустро пешниҳод менамояд. Мисол, коркунон даромади ночиз доранд, теъдоди бекорон зиёд аст ва дар баробари ин мизони шадиди қашшоқӣ камтар аст. Аз ҷумла, дар мавриди воридоти молу маҳсулот низ омори дақиқ вуҷуд надорад. Ба таври мисол, Тоҷикистон солона тақрибан ба 1 миллиону 400 ҳазор тон орд ниёз дорад ва дар дохили кишвар ҳудуди 700-800 ҳазор тон истеҳсол мешавад. Аммо рӯзе нест, ки мошинҳои боркаш аз сарҳади вилояти Суғд ба самти Душанбе орд накашанд ва маълум нест, ки ин қадар ордро ба куҷо мебаранд.

Аз рӯи иттилои ғайрирасмӣ камазҳо ордро аз Душанбе ҳам дуртар, ба самти Афғонистон мебаранд, вале омори дақиқе вуҷуд надорад, ки чӣ миқдор ворид шудани орду гандум ба ҳисоб гирифта шавад. Дар мавриди сӯзишворӣ ҳам чунин овозаҳое ҳаст, ки аз Қирғизистон ғайриқонунӣ ба вилояти Суғд ва аз он ҷо тавассути мошинҳо то худи Афғонистон кашонида мешавад. Тол ҳол ҳисоботи аниқе вуҷуд надорад, ки тариқи расмиву ғайрирасмӣ чӣ қадар сӯзишворӣ ворид мегардад ва оё он талаботи Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад? Ҳамчунин бар асоси рақамҳои носанҷида яке аз сабаби асосии боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ин аз меъёри шартнома зиёд ворид шудани он мебошад, ки дар сурати вайрон шудани муқаррароти шартнома нархи он низ гарон шудааст. Яъне ширкатҳо ба хотири даромади бештар шартномаи лафзӣ мебанданд. Вале Хадамоти гумруки кишвар дар мавриди қочоқи сӯзишворӣ дар нимсолаи аввал расман иттилоъ дода буд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 19 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 15 ҳолат ба қочоқи маводи нашъаовар ва перекурсорҳо, 4 ҳолат ба қочоқи маҳсулоти ниёзи мардум рост меояд. Ҳамчунин 73 ҳолати воридоти ғайриқонунии маводи спиртӣ ва 69 ҳолати воридоти ғайриқонуннии сӯзишворӣ ба миқдори 2 487 900 литр ошкор карда шуд. Лекин дар хусуси интиқоли сӯзишворӣ аз Тоҷикистон ба дгар кишварҳо маълумоте нест, бо далели он ки худи Тоҷикистон ба воридоти он ниёз дорад. Дар ҳамин ҳол бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ба воридоти семент аз Покистон ниёз дорад, дар бораи 5 ҳолати интиқоли ғайриқонунии семент ба миқдори 629 ҳазору 700 кило, 77 холати интиқоли ғайриқонунии ангишт ва 9 328 кг доруворӣ расман иттилоъ дода шудааст.

Иқтисоди махфӣ

Гуфта мешавад, ки дар иқтисодиёти "сиёҳ" ду самти фаъолият асосан ба назар мерасад. Якум, фаъолияти махфӣ, ки мувофиқи қонун манъ карда шудааст. Аз ҷумла, тиҷорати маводи нашъадор. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки иқтисоди пинҳонӣ ҳамон навъи иқтисод аст, ки ба маводи мухаддир сару кор дорад. Ин шакли ҳам пинҳонӣ ва ҳам ҷиноӣ аст. Дуввум, фаъолияти қонунӣ, ки тоҷирон як қисми даромади худро пинҳон медоранд. Масалан, соли 2008 ошкор карда шуд, ки корхонаи оби маъдани "Виста-Шоҳанбарӣ" ҳамарӯза ҳудуди 60 ҳазор литр оби маъданӣ тавлид карда, дар гузоришҳояш ба ниҳодҳои зирабт ҳаҷми обҳои маъдании тавлидшударо ҳашт ҳазор литр нишон додааст. Ба ин тартиб, корхонаи "Виста-Шоҳанбарӣ" танҳо барои ҳашт ҳазор литр оби маъданӣ молиёт пардохт карда, обҳои боқимондаро ба таври пинҳонӣ ба фурӯш баровардааст. Коршиносон мегӯянд, ки ҳамаи ин ба сиёсати иқтисодии давлат таъсири манфӣ мерасонад ва боиси рушди коррупсия дар ҷомеа мегардад. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин мешуморад, ки гарчанде аз рӯи омори расмӣ ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ дар иқтисодиёт гӯё ба 25 фоиз баробар аст ва ҳамин ҳисоб дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ истифода бурда мешавад, аммо сатҳи иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистон ба 50 дар сад баробар аст. Яъне сатҳи иқтисоди пинҳонӣ бо иқтисоди расмӣ баробар аст.

Корхонаҳои "коғазӣ"

Яке аз нишонаҳои асосии иқтисоди пинҳонӣ надодани андоз ба буҷаи давлат дониста мешавад. Профессор Умаров мегӯяд, ки дар Тоҷикистон корхонаҳое ҳастанд, ки ғайриқонунӣ патент гирифтаанд, вале коргарони кирояро кор мефармоянд ва андоз намесупоранд. Ҳамчунин ширкатҳои хеле калон, ки монополистанд, аз додани андоз ба буҷаи давлатӣ саркашӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки бисёр раҳбарон кӯшиш мекунанд, ки мавқеъи ноустувори хешро бо роҳи таъйин кардани аъзои хонаводаи худ ба мансабҳои калидии сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомиву амниятӣ мустаҳкам намоянд. Профессор Умаров мегӯяд, ширкатҳое ҳастанд, ки дар онҳо иштироки бюрократҳои давлатӣ низ зиёд аст ва тавассути бюрократҳо онҳо даромади худро кам нишон медиҳанд ва андози ночиз месупоранд. ӯ аз ҷумла иброз дошт: "Ман гумон мекунам, ки корхонаҳои калони Тоҷикистон бояд мавриди санҷишу баррасии аҳли ҷомеа қарор гиранд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бинад ва донад, ки онҳо чӣ фоида меоранд ва дар мавриди фаъолияти минбаъдаашон хулоса барорад. Имрӯз маълумот дар бораи андоздиҳандагони калон чандон шаффоф нест. Барои он ки иқтисоди Тоҷикистон ба суръати баланд рушд кунад ва проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ роҳи ҳал пайдо намоянд, давлат аз корхонаҳое, ки дар коғаз гуё фаъолияти ошкор доранд, вале дар асл фаъолияти пинҳонӣ хоси онҳост, бояд даст кашад".

Дар баробари таъсири манфӣ, иқтисоди пинҳонӣ таъсири мусбат ҳам доштааст. Ба андешаи коршиноси иқтисодӣ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров таъсири мусбати иқтисоди "сиёҳ" дар он аст, ки одамон бо кор таъмин мешаванд, ба онҳо музди кор пардохт мегардад ва ин ҳам кирояи қувваи коргарии пинҳонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулот истеҳсол мекунанд ва ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ мебароранд ва ин боигарии миллии Тоҷикистон аст. Аммо ин боигарии миллӣ бояд барои мақсадҳои ниҳоии иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ хизмат кунад. Вале бадбахтӣ дар он аст, ки онҳо кӯшиш мекунанд то аз ҳамин гуна хизмат даст кашанд.

Таназзули маорифу тандурустӣ

Дар ин ҳол Фирӯз Саидов, иқтисодшинос ва корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, ки иқтисоди пинҳонӣ агар таъсири мусбат дошта бошад, пеш аз ҳама бояд донист, ки чӣ истеҳсол мекунад ва чӣ гуна мол аст? Масалан, баъзе истеҳсолкунандагоне ҳастанд, ки бояд аз онҳо андоз ситонида нашавад. Аз ҷумла, истеҳсолгарони молҳои ниёзи аввал бояд соҳиби имтиёз бошанд.

Ба андешаи ин коршинос андозгурезӣ ё иқтисоди "сиёҳ" паёмади нохуб дорад. Вай гуфт, яке аз зарарҳои иқтисоди пинҳонӣ ин пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ба буҷети ҷумҳурӣ аз ин ҳисоб андоз пардохт намегардад. Ба буҷет дохил нашудани маблағ оқибат ба соҳаи маориф, ба соҳаи тандурустӣ, системаи давлатдорӣ ва он соҳаҳое, ки асосан аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунанд, таъсири манфӣ расонида метавонад. Таъсири манфии дигари иқтисоди пинҳонӣ он аст, ки аз рӯи қонунҳои ғайрибозорӣ амал мекунад ва дар аввал ба истеҳсолкунандагон рақобати худро нишон медиҳад, лекин ин рақобат рақобати ғайрииқтисодӣ мебошад ва фазоро барои истеҳсолкунандагони асосие, ки ҳам андоз месупоранд ва ҳам пардохтҳои иҷтимоиро мепардозанд, танг месозад. Билохира, вақте як корхона иқтисоди пинҳонӣ дорад, он маҳсулотеро истеҳсол мекунад, ки ба стандарт ҷавобгӯ нест, ба манфиати истеъмолкунанда намебошад ва ба саломатии истеъмолгарон зарари манфӣ мерасонад.

Андоз далели пайдоиши иқтисоди "сиёҳ"?

Ҳамчунин иқтисоди пинҳонӣ ба зиёдшавии коррупсия дар иқтисод мусоидат мекардааст. Вале Фирӯз Саидов яке аз омилҳои асосии пайдоиши иқтисоди "сиёҳ"-ро гаронӣ ва теъдоди зиёди андозҳо медонад. Вай пешниҳод мекунад, ки барои шаффоф кардани фаъолияти иқтисодӣ ва коҳиши иқтисоди "сиёҳ" кам намудани андоз зарур аст. Бояд истеҳсолкунандаҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд. Ба он ширкатҳое, ки истеҳсоли маҳсулоти онҳо заруртар аст, шояд се чор соли аввал умуман андоз ситонида нашавад. Проблемаи дигар теъдоди зиёди ниҳодҳои тафтишкунанда аст. Сӯхтор, экология ва дигар ниҳодҳои тафтишотӣ агар тафтишро камтар кунанд вазъ беҳтар мешавад, мегӯяд ӯ.

Ин коршинос мегӯяд, ки масъалаи асосии дигар ин автоматикунонии системаи андозситонӣ мебошад. Мисли "Оинаи воҳид" андозсупоранда ба ҳар ташкилот наравад ва бояд дар як ҷо ҳамаи намуди андозро супорад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро омода созад. Чӣ хеле, ки дар дастгоҳ пули телефони мобиливу маблағи барқ супорида мешавад, додани андоз низ бо чунин шакл роҳандозӣ гардад ба манфиати кор аст. Зеро чунин система якум боиси коҳиши коррупсия мегардад ва дуюм истеҳсолкунандагонро дигар нозирон ба ташвиш намегузоранд. Агар андоз насупорида бошад, нозир ҳатман маблағи аз будаш зиёдро талаб мекунад ё ба кисаи худ мезанад ва ё агар одами боинсоф бошад ба ҳисоби давлат мегузаронад.

Модели Қирғизистон барои Тоҷикистон мувофиқ аст!

Вале бархе аз иқтисодшиносон бар ин боваранд, ки бо системаи сиёсии феълӣ шаффоф кардани иқтисоди паси пардагӣ ғайриимкон аст. Профессор Умаров чунин андеша дорад, ки иқтисоди пинҳонӣ дар ҳамаи соҳаҳо, ҳатто дар соҳаи кишоварзӣ вуҷуд дорад ва то он замоне, ки системаи сиёсии Тоҷикистон тағйир наёбад, ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ кам намешавад. Ба фикри ӯ модели Қирғизистон барои Тоҷикистон хеле мувофиқ аст ва пеш аз ҳама аз системаи президентӣ бояд даст кашид ва дар Тоҷикистон системаи парламентиро ҷорӣ кард, то тамоми сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар назди халқ масъулият эҳсос кунанд ва ҳисоботдиҳанда бошанд. Ба қавли ин коршинос дар Тоҷикистон сатҳи консентратсия (мутамарказ)-и ҳокимият хеле баланд аст ва ҳатто боиси таҳдид ба амнияти миллӣ гардидааст. Раванди ҷамъ шудани ҳокимият дар дасти як гурӯҳи хеле хурд ва ё якчанд оилаҳо зиёд шуда рафтан гирад, иқтисоди "сиёҳ" рушд карда, хатари аз байн рафтани давлатдории тоҷикон бештар мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!