Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

«ТОП 50»-и Душанбе

22 декабр 2011, 06:41

Дар Душанбе 50 нафари хушсалиқа муаррифӣ гардид. Миёни ин афрод аз овозхону ҳунарманд, аккосу пизишк ва продюсеру тарроҳи либосро дидан мумкин буд.

Расми тақдими дипломҳо ба ғолибони лоиҳаи «50 нафари хушуслуб» дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» баргузор шуд. Ин тарҳ аз сӯи ширкати ТВ ва радиои «Ватан» роҳандозӣ гардида, аз нахустин чунин як озмуне дар Тоҷикистон унвон мешавад.

Вера Кулакова, раҳбари кулли ширкати ТВ ва радиои «Ватан» мегӯяд, дар оянда чунин лоиҳаро дар дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ҳам роҳандозӣ хоҳанд кард.

Субҳон Ҷалилов, раҳбари барномаҳои «Ватан» дар мавриди амалишавии лоиҳа гуфт, давоми 3 моҳ шунавандаҳо ба радио тамос гирифта, номзадҳои арзандаи хешро ба озмун пешниҳод карданд. «Ин раванд 6 ҳафта идома кард. Дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳифаи вижае барои озмун боз гардид ва корбарон беҳтаринҳоро ба рӯйхати 50 нафари хушсалиқа шомил карданд».
Зимнан, 6 ғолиби озмунро маҳз истифодабарандагони Facebook баргузидаанд. 44 тани дигар аз сӯи 10 довар интихоб шудааст.

Доварон дар се ҷаласа аз миёни наздики 200 нафар хушсалиқатарин сокини Душанберо интихоб кардаанд. Наргис Қосимова, яке аз доварон гуфт, зимни интихоб онҳо ба сару либос ва чеҳраи зоҳирӣ эътибори андак додаанд, балки бештар кӯшидаанд, то афроде пирӯз гарданд, ки зиндагӣ ва рафтору кирдораш метавонад намунае барои дигарон бошад. Шералӣ Ҷӯрабоев, яке аз дигар доварон мегӯяд, озмун мунсифона ва аз рӯи адолат ҷамъбаст шуд. Ба қавли вай ҳолатҳое буданд, ки нуктаи назари доварон бо ҳам мувофиқ намеомад.

50 нафари интихобшуда сину сол ва касбу кори ягона надоштанд. Дипломи сокини хушсалиқаи шаҳри Душанбе насиби ин афрод шуд:
Далер Назаров,овозхон ва оҳангсоз;
Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони театр;
Лутфулло Давлатов, раҳбари телевизиони «Сафина»;
Орзу Исоев, журналист;
Зебо Тоҷибоева, сарвари иҷроияи оҷонсии иттилоотии «Азия Плюс»;
Гулнора Амиршоева, муассиси нашрияи «Вечерка»;
Зевар Давлатова, директори телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон»;Амалхонум Гаҷиева, сарвари маркази фарҳангии «Бохтар»;
Беҳрӯз Зеваров, продюсер ва дигарон…

Бештари онҳое, ки баррандаи озмун шуданд мегӯянд, то соати эълони номашон намедонистанд, ки ғолиб шудаанд. Дар ин ҳол, Субҳон Ҷалилов ҳам гуфт ғолибонро дар қатори дигарон ҳамчун меҳмон даъват намуданд. «Гумон мекунам сюрпризи хубе ҳам барои онҳо шуд».

Соҳибони идея мегӯянд, талош хоҳанд кард, озмуни 50 нафари хушсалиқа ё ТОП 50 ҳамасола дар Душанбе баргузор шавад ва эҳтимол дорад, дар оянда теъдоди онҳо афзоиш ёбад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!