Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:55

20 чеҳраи таъсиргузори Тоҷикистон

6 январ 2012, 05:08

Ҳафтаномаи " Азия плюс" феҳристи 20 афроди бонуфузи Тоҷикистонро мунташир намуд.

Ба иддаои масъулини ҳафтанома нахуст қарор буд онҳо феҳрасти 20 афроди сарватманди кишварро муаяйн кунанд. Аммо чун даромад ва сатҳи зиндагии мансабдорони кишвар ба ҳақиқат наздик нест, тасмим дигар шуд.
30 нафар коршиноси интихобии "Азия плюс" аз руйи чаҳор меъёр, таъсир ба: масоили сиёсӣ ва кадрӣ;
иқтисодиёт ва захоири молӣ;
мақомоти қудратӣ;
афкори ҷамъиятӣ;
феҳрасти 20 чеҳраи бонуфузи кишварро муаяйн карданд.
Дар натиҷаи ҳисоби пурсишномаҳо руйхат дар шакли зерин таҳия гардид:
1. Эмомалӣ Раҳмон, 502 (масоили сиёсиву кадрӣ-135, иқтисодиёт ва захоири молӣ -119, мақомоти қудратӣ-129, афкори ҷамъиятӣ-119)
2. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе -409 (101, 110, 98, 100)
3. Ҳасани Асадуллоҳзода, тоҷир, раиси "Ориёнбонк" -364 (104, 110, 79, 71)
4. Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир -270 (73, 84, 53, 60)
5. Матлубхон Давлатов, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур -261 (79, 72, 66, 44)
6. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа -259 (83, 50, 53, 73)
7. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон -240 (54, 46, 78, 62)
8. Саймумин Ятимов, раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ -224 (53, 39, 80, 52)
9. Рустами Эмомалӣ, раҳбари шӯъбаи мубориза бо қочоқ ва нақзи ҳуқуқи гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон -203 (58, 58, 45, 42)
10. Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон -201 (54, 70, 43, 34)
11. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилӣ -185 (37, 29, 68, 51)
12. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, вакили парлумон -182 (36, 30, 31, 85)
13. Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон -175 (47, 41, 35, 52)
14. Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа -154 (39, 21, 64, 30)
15. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ -143 (28, 26, 24, 65)
16. Таҳмина Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳур -130 (35, 47, 25, 23)
17. Амонулло Ҳукуматулло, раҳбари КВД "Роҳи оҳан" -129 (35, 42, 31, 21)
18. Фаттоҳ Саидов, раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди давлатӣ -114 (23, 34, 33, 24)
19. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини авали вазири молия -110 (28, 44, 20, 18)
20. Озода Раҳмонова, муовини вазири умури хориҷа -109 (34, 34, 25, 16)
Коршиносон иқдоми муаяйн кардани афроди бонуфузро ҷонибдорӣ намуданд. Ба бовари онҳо дар сурати пайваста натиҷагирӣ намудани фаъолияти мансабдорон ва ё намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти онҳо низ назди мардум бештар хоҳад гашт.
Аммо суоли матраҳ ин мешавад, ки чӣ гуна дар чунин феҳраст аз як хонавода 9 нафар шомил шудаанд? Ин нишони чист? Монополия дар давлатдорӣ ва ё чизи дигар? Бояд тазаккур дод, ки дар феҳрасти муайян кардаи "Азия плюс" аз 20 нафар афроди бонуфузи Тоҷикистон 6 нафарро аъзои хонаводаи раиси ҷумҳур ва 3 нафарро хешони ӯ ташкил медиҳанд:
1. Эмомалӣ Раҳмон
2. Ҳасани Асадуллоҳзода
3. Рустами Эмомалӣ
4. Шералӣ Гул
5. Таҳмина Раҳмонова
6. Амонулло Ҳукуматулло
7. Ҷамолиддин Нуралиев
8. Озода Раҳмонова
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) ва яке аз коршиносони даъватии "Азия плюс" дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, ки дар баъзе маворид раҳбарони давлатҳо на ба мутахасисон, балки ба афроди дар садоқат маълум такя мекунанд. Одатан ин хусусияти он раиси ҷумҳурест, ки кишвараш ҷанги дохилиро паси сар кардааст.
"Маҳз ба ҳамин хотир Эмомалӣ Раҳмон такя бар афроди санҷидашуда мекунад. Аммо ҳоло, ки аз ҷанг 15 сол гузашт, дигар вақти интихоби афроди ҳирфаӣ ва мутахассис омадааст.
Мо аз мероси "такя бар наздикон" бояд даст кашида, ба намояндагони ҷомеа такя кунем. Ҳамеша ёд овардан аз солҳои ҷанг намегузорад, ки мардум аз он фаромӯш кунанд. Мардум наметавонад ба афроде эътимод бандад, ки онҳо танҳо ба як шахсият садоқат доранд", мегӯяд раҳбари АМСТ.
Зеро на ҳар чунин фард метавонад кишварро дар солҳои вазнин идора намояд. Аммо Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ бар ин назар аст, дар як феҳрати 20-гонаи афроди бонуфуз шомил шудани 6 нафар аъзои хонавода ва 3 нафар хешони раисҷумҳур ин гувоҳи он аст, ки барои ҷомеаи шаҳрвандӣ иттилоъ ва масъулин дастнорас мебошанд. Ба бовари номбурда ба ин феҳраст бештар мансабдорони давлатие ворид шудаанд, ки якбора ҳам ба раиси ҷумҳур ва ҳам ба иқтисодиёти кишвар дастрасӣ доранд. Ворид шудани 6 нафар аъзои як хонавода ва 3 нафар хеши раиси ҷумҳур ба феҳрасти 20 афроди бонуфузи кишвар низ аз таъсир ва нақши ин оила дар ҷомеа далолат медиҳад.
"Албатта, ҷомеа аз таъсири ин хонавода бидуни кадом як феҳрист огоҳӣ дорад. Аммо ин навбат ҳама "тахминҳо"-и мардумро ин овоздиҳии коршиносон тасдиқ намуд", мегӯяд Раҳматилло Зойиров.
Раҳбари ҲСДТ дар умум аз баргузории чунин як назарсанҷӣ миёни коршиносон истиқбол намуд. Ба гуфтаи вай ба таври доимӣ анҷом додани чунин пурсиш ба ташаккули ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Вале мегӯяд номбурда, мушкил ё нофаҳмӣ дар интихоби коршиносон аст. Дар пурсише, ки аз руйи 4 меъёри гуногун сурат гирифтааст теъдоди коршиносони соҳавӣ мутобиқат намекунад. Барои мисол аз 20 коршинос 17 нафарро хабарнигор ва боқимондаро таҳлилгарони масоили гуногун ташкил медиҳанд. Ва ин ҷо тавозун миёни коршиносон риоя нашудааст, афзуд Раҳматилло Зойиров.
"Ин эрод ҳаргиз маънои шакку шубҳа ба дониш ва малкаи хабарнигорон нест ва набояд дигар гуна қабул шавад. Албатта, хабарнигорон қобили эътимод ҳастанд. Дар баҳогузории мазкур бештар 4-ум меъёр, яъне муаяйн кардани таъсир ба афкори ҷамъиятӣ ба ҳақиқати кишвар наздик аст, ки ин ҳам шояд таъсири бевоситаи интихоби коршиносон аз ҳисоби хабарнигорон бошад. Чун онҳо ҳамеша бо афкори ҷамъиятӣ ва воқеоти кишвар сару кор доранд. Аммо барои баргузории як пурсиши воқеъӣ мизони баробар миёни коршиносони тамоми бахши ҷомеа бояд риоя карда шавад. Танҳо дар ин сурат натиҷаи пурсиш метавонад ба воқеъияти кишвар мутобиқат намояд", мегӯяд раҳбари ҲСДТ.
Раҳматилло Зойиров гуфт, ки коршиносон барои муайн кардани таъсир ба масоили сиёсӣ ва кадрӣ як каме ба саросемагӣ роҳ додаанд. Чунки дар ин феҳраст Шӯрои адлия, ки таъин ва барканории кормандони мақомоти додгоҳӣ тавассути ин ниҳод сурат мегирад, ворид нашудааст. Илова бар ин ворид гардидани исми Фаттоҳ Саидов ҳамчун нафаре, ки ба иқтисодиёти давлат таъсир мерасонад, ба ҳақиқати кишвар наздик нест. Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, ки дар умум аз рӯи 5 дараҷа (шкала) баҳогузорӣ намудан нодуруст буда, беҳтар мебуд коршиносон мутобиқи 10 дараҷа баҳогузорӣ мекарданд.
Зимнан Раҳматилоло Зойиров аз ворид нагардидани исми худ дар як феҳрасти 20 афроди бонуфузи кишвар хушҳолӣ намуд. Бонуфуз будан дар шароите, ки мардуми оддӣ қарор дорад ин мисли гуноҳ аст, илова намуд раҳбари ҲСДТ.
Гуфта мешавад коршиносони тоҷик дар ҳоле феҳристи 20 афроди бонуфузи кишварро тартиб медиҳанд, ки кишвар дар вазъияти ногувор қарор дорад. Бино бар гузориши Гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон дар соли 2012 Тоҷикистонро низоъ ва хатар ба амнияти давлатӣ таҳдид мекунад.

 

Ҳумайрои БАХТИЁР



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!