Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Қиссаи як қаҳрамони «ТВ»-и даврони мо

6 январ 2012, 08:53

То ин замон Ҳоҷӣ Содиқу Усто ва Мастои раҳматӣ, Убайдуллоҳи Раҷаб, Бахтиёр Раҳимову дигарон ин рисолатро анҷом медоданд.

"Очата бгу…"-и бобои Файзи кангуртӣ ба ҳадде дар зеҳнҳо ҷо шуда, ки дигар хитҳои сол бо шумули таронаҳои марғуби Ҷӯрабек Муроду шодравон Зафари Нозим ва Далер Назару Садриддин ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд. Хурду калон, бекору кордор, вазиру кабиру сағир ҳам дигар вақти ба якдигар сим задану сӯҳбат кардан, ё аз ибораи "Занакои лави ов меган…" шурӯъ мекунанд ва ё бо "Очата бгу…" тамом мекунанд. Атфоли аз дунё бехабари пойтахт дар бозиҳои наву кӯҳнаи худ низ акнун "эссе"-и Файз-боборо ҷо карда, яке аз ҳарфҳои онро ба тарзи шикаста такрор мекунанду ҳамдигарро садо мезананд.
Тамошои чанд лаҳзаи барномаҳои соли навии шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва "Сафина" кофӣ буд, ки қаҳрамони нави базмҳои имсоларо дарк кунем. Бале, манзур бобои Файз аст, ки ҳам латифа мегуфту таронахонӣ мекард ва бадоҳатан шеър ҳам эҷод мекард. Солманде, ки аснои шубоб дар ТВ-у радиоҳои давлатӣ ҷойи по намеёфт, инак ҷилвагоҳашро пайдо карда. Агар аз оқои Раҳмондӯсти Қурбониён, ки ба як рафтори ҳазломез насабашро ба ҷаноби Кобзони тоҷикӣ тағйир дод, ёд накунем, дигар саҳанҳои ду ТВ дар ихтиёри бобои Файз буданд.
Мо, ки ҳаргиз мухолифи мутойиба ва ҳаҷву латифаи намакин набудаем, баръакс аз ин равия ва муаллифони ин жанри адабиётамон васеъ истифода кардаем ва ҳам ҷонибдори рушди онем. Зеро, ҳаҷв ойинаи рӯнамои ҷомеъа буда ва ҳаст. Камбуду нуқсон ва мушкилоти замонро ҳанӯз хеле барвақт қаҳрамонҳои эҷодиёти шифоҳии халқамон Талҳаку Афандӣ ва устоди ҳаҷвнависон Убайди Зоконӣ дар пероҳани танз бо як маҳорати хоса ва зебоии тавъам бо маънӣ, саршор аз ширу шакари сухан ба мардум мерасониданд.
Мурод аз ҳазлу шӯхиву танз фақат хандидану қаҳ-қаҳа задан нест. Барои бархе аз хушдилон ин роҳе дар шиносоии ҳунари худ аст, барои бархи дигар дарёфти музди хуб ва барои савумиҳо хуш кардани дили дӯсту ошноён, аммо ҷавҳари мутойиба ҳамон буда, ки ҳаст: Фош кардани иллат ва ноқисиҳои давру замон ба воситаи хушбаёнӣ. Ин рисолатро то ин замон Ҳоҷӣ Содиқу Усто ва Мастои раҳматӣ, Убайдуллоҳи Раҷаб, Бахтиёр Раҳимову дигарон анҷом медоданд.
Рӯшан аст, ки телевизион бузургтарин дастгоҳи таблиғотӣ аст, зеро садо, симо ва навор якҷоя дар тафаккури инсон таҳаввулот ворид месозанд. Ҳамакнун, дар Тоҷикистон чор шабакаи телевизони давлатӣ фаъоланд. Бино ба назарсанҷии ахири Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, беш аз 90 дарсади аҳолии кишвар шабакаҳои телевизиони давлатиро тамошо мекунанд ва маҳз ҳамин шабакаҳоро манбаъи аслии дарёфти иттилоот барои худ меҳисобанд. Ногуфта намонад, ки 70 дарсади тамошочиёни телевизион дар деҳот ба сар мебаранд. Тавре гуфтем, телевизион дастгоҳи қавии идеологист, ки қабл аз ҳама барои ҳукумат хизмат мекунад.
То пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ барномаҳои муҳими телевизион, аз ҷумла барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ниҳодҳои вижаи ҳукуматӣ тарҳрезӣ ва назорат мешуданд. Гузашта аз ин, пахши оддитарин барномаи ҳаҷвӣ- танқидӣ сару садоро ба вуҷуд меоварданд ва табиист, ки бе посух намемонданд. Масъулин оҷилан аз пайи ислоҳи вазъ мешуданд.
Мо, истиқлол ва ТВ
Аммо ҳоло, ки ба истиқлол расидем, фикр накунам, ки ба авҷи дастовардҳои ҷадид дар бахши телевизион расида бошем, ҳарчанд пахши рақамии барномаҳо ҳам оғоз гардида бошанд. Фақат аз лиҳози фаннӣ пахши онҳо тадриҷан беҳтар шудааст.
Суоли матраҳ ин аст, ки оё намоишҳои шабакаҳои давлатӣ дархӯри хостаҳои мардуми кишваранд? Оё ҷомеъа аз тамошои барномаҳои ин ТВ-ҳо ниёзҳои худро бароварда мекунад?
Ба назари як тамошочии оддӣ, ки аз номи ӯ банда ҳаққи ҳарф заданро дорад, мегӯям, ки не ва боз ҳам не. Чаро ки барномаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон бештар ба саргарм кардани мардум машғуланд. Ин як роҳест, ки таваҷҷӯҳи одамонро ҷониби дигар мебарад ва онҳоро аз сиёсату мушкилоти ҷомеъа дуртар нигоҳ медорад. Аммо бехабар аз он ки халову дурӣ, ноогоҳӣ ва бехабарӣ оқибати нохуберо ба бор меорад.
Нашавад, ки боз ҳам ба қавли бобои Файз "Занакои лави ов меган…" гуфта, аз инъикоси ҳақиқати замон ва печидагии рӯзгор дам назанем.

Хилватшоҳи Маҳмуд



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!