Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:58

Шоу бизнес дар Русия ва Тоҷикистон

9 январ 2012, 04:40

Дар Тоҷикистон, ки шоу бизнес шакл нагирифтааст ва сарояндаҳо онро ба маънии туйгардак мефаҳманд, гаронарзиштарин сарояндаро мутобиқи ҳамин меъёр ё ба истилоҳ «критерия»  мешавад муайян кард.

Филипп Киркоров ва Николай Басков дигарбора дар садри ҷадвали гаронбаҳотарин ситораҳои шоу бизнеси Русия қарор гирифтанд.
Ба иттилои argumenti.ru барномаҳои консертии онҳо аз 100 то 120 ҳазор евро нарх доранд. Соли 2010 низ Киркоров ва Басков мақоми якум ва дуюми рейтингро ба худ ихтисос дода буданд. Киркоров, ҳунарманди саршиноси рус, ҳамчунин дар филмномаҳо нақшофарӣ мекунад. Ӯ оҳангсоз ва продюссер низ ҳаст.
Николай Басков, ситораи поп ва операи Русия буда, шоумен ва ровии телевизион мебошад.
Ба иттилои манбаъ, бо 30 ҳазор евро овозхонҳое ба монанди Ани Лорак, Настя Каменский, Тина Карол, гурӯҳи «ВИА Гра» розӣ мешаванд, ки ба шумо хизмат расонанд. Дар рӯйхати онҳое, ки бо 20 ҳазор евро барномаи консертӣ баргузор мекунанд, исми Светлана Лобод, Ирина Билик ва Александр Пономаревро дидан мумкин аст.
Барои онҳое, ки зӯрашон ба сарояндаҳои дар боло номбаршуда намерасад, суроғи овозхонҳои дигари шӯҳратёр мераванд, ки камтар аз 10 ҳазор евро ҳақмузд мегиранд.

 

Дар мо чӣ?

Акнун баргардем ба Тоҷикистон. Дар мо, ки шоу бизнес шакл нагирифтааст ва сарояндаҳо онро ба маънии туйбизнес мефаҳманд, гаронарзиштарин сарояндаро мутобиқи ҳамин критерия мешавад, муайян намуд.
Барномаҳои консертии хонандаҳои тоҷикро бештари вақт худи онҳо созмон медиҳанд ва аз ин рӯ харҷу сарфи маблағҳоро низ худашон хисобу китоб мекунанд.    Хонандаҳои тоҷик бо сабабҳои маълуму номаълум аз ифшои ҳақмузди худ дар тӯйҳо ба таври ошкоро сарфи назар мекунанд. Аммо дилхоҳ нафар ба суоли «гаронарзиштарин сарояндаи тоҷик» кӣ аст? Бе ягон дудилагӣ аз Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибек Муродов, Шабнаму Фарзона, Баҳроми Ғафурӣ ва Сӯҳроби Маҳмуд ном мебарад. Ин овозхонҳо дар баробари маҳбубият миёни шунавандаҳои поп, ҳамчунин муваффақ шудаанд, ки берун аз марзи Тоҷикистон ҳам муаррифӣ шаванд. Онҳоро ҳатто барои ҳунарнамоӣ ба тӯйҳо ба давлатҳои ҳамсоя, назири Ӯзбакистону Қирғизистон даъват мекардаанд.
Гузашта аз ин, Садриддину Ҷонибеку Баҳром ва Шабнам аз аввалинҳое дар мусиқии муосири тоҷиканд, ки дар бузургтарин толорҳои Амрикову Аврупо овозхонӣ кардаанд. Ҳамчунин, Ҷонибеку Шабнам ду сол паи ҳам ҷойизадори озмуни «Big Apple Music Awards» дар Амрико шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!